26.06.2026
26 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ҳамоиш баргузор шуд.
Дар ҳамоиш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи ҳамоиш қабули ин қатъномаро рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон таҳким бахшид.
Зикр гардид, ки қабули ин санади байналмилалӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳаммияти рамзии хос дошта, маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон заминаи рушди устувор, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳониро фароҳам овардааст.
Вазир бо истинод ба Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки “Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст”. Ба таъкиди вазир ин андешаҳо моҳияти воқеии ташаббуси Тоҷикистонро таҷассум намуда, барои низоми маориф низ вазифаҳои навро дар самти тарбияи насли сулҳпарвар, ватандӯст ва дорои фарҳанги баланди шаҳрвандӣ муайян месозанд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат тавонист сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ роҳандозӣ намояд ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар самтҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ дар татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии нав нақши калидӣ дошта, бояд тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин муқовимат ба ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Сипас, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати маориф ва илм А. Ҷӯразода дар мавзуи “Ташаббуси Пешвои миллат оид ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036” маъруза намуд. Мавсуф зимни баромади худ аҳаммияти сиёсӣ ва таърихии ташаббуси нави байналмилалии Пешвои миллатро таҳлил намуда, иброз дошт, ки он идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими сулҳи байналмилалӣ, рушди муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо мусоидат менамояд.
Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар тӯли зиёда аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо ибтикори Пешвои миллат як қатор қатъномаҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои об, рушди устувор ва тағйирёбии иқлим қабул шудаанд.
Дар маъруза ҳамчунин таъкид гардид, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути музокирот ва ризоияти миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” пешниҳоди кишварест, ки арзиши сулҳро бо таҷрибаи худ дарк намуда, мехоҳад ин таҷрибаро ба манфиати тамоми башарият истифода барад.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самараи сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои он ва тарбияи насли дорои маърифати баланд, фарҳанги сулҳ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ изҳор доштанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон