29.10.2024

 img

Маориф, ҳамчун пояи устувори давлат дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баҳри дастгирии хонандагон ва беҳтар кардани шароити таҳсил озмуну олимпиадаҳои фаннӣ баргузор карда мешаванд, ки барои тарғиби илмомӯзӣ ва табодули таҷриба хеле судманд мебошад.

 

Олимпиадаҳои фаннӣ низ барои муаррифии хонандагони боистеъдод ва мубодилаи дониш миёни онҳо заминагузорӣ карда, ҳамасола баргузор карда мешавад.

 

Мисли дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ, бо иштироки муовини раиси ноҳия ва кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Дарвоз даври дуюми олимпиадаи фаннӣ миёни 612 нафар хонандагони синфҳои 5-11 дар Гимназияи рақами 1 баргузор гардид. 

 

Олимпиада ба гунаи шаффоф баргузор шуда, 111 нафар хонанда ба даври сеюм роҳ ёфтанд.

Хабарҳои дигар