01.09.2026

 img

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027

 

Ҳамватанони азиз!

 

Устодон, шогирдон ва падару модарони гиромӣ!

 

Дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, инак, боз соли нави таҳсил оғоз гардида, паём аз марҳалаи тозаи омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат меоварад. Ин пайки басо фараҳбахшу нишотоварро ба аҳли таълиму тарбия ва тамоми алоқамандони соҳаи маорифи кишвари маҳбубамон самимона табрик мегӯям.

 

Дар ҷумҳурии мо солҳост, ки дар оғози ҳар соли нави таҳсил дар тамоми таълимгоҳҳо Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Маълум аст, ки ҳадаф аз таҳсил донишандӯзист ва бузургон донишро ҳамбаста ба нерую тавоноӣ, комёбию шарафмандӣ донистаанд. Ҳамосасарои бузург Абулқосими Фирдавсӣ дар ин боб фармудааст:

 

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Ба гуфтору кирдор беҳтар бувад.

 

Дониши комил омӯхтан, албатта, дар шароити созгор, дар муҳите, ки сулҳу амният пойдору устувор бошад, муяссар мешавад. Хушбахтона, дар диёри арҷманди мо ба шарофати сиёсати хирадбунёду ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи саодатбахш тантана дорад ва дар ин замина, аҳли кишвар ба бунёдкорию созандагӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи маориф машғуланд. Ин равандро ташаббуси нави Президенти муҳтарами мо оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки чанде пеш аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, боз ҳам тақвият бахшид.

 

Дарси сулҳе, ки ҳамасола Пешвои миллат дар оғози соли таҳсил баргузор мекунанд, саршор аз ғояҳои ватандӯстию ваҳдатпарастӣ, ҳувияти миллию хештаншиносист. Зимни чунин дарс дар оғози соли таҳсили гузашта Сарвари кишвар иброз дошта буданд: «Бояд ҳама якҷояву ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсозаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем».

 

Соли таҳсил имсол дар вазъи гуворою тантанавие оғоз меёбад, ки тамоми сокинони мамлакат ба таҷлили бошукӯҳтарин ҷашни миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Ин фархундаҷашн бори дигар ва ба таври хеле барҷаста собит месозад, ки тоҷикон, воқеан, дар давлатдорию бунёдкорӣ мумтозанд, истеъдоду тавоноии дерину табиӣ доранд ва комёбиҳои миллатро шарафмандона ҳифз мекунанд.

 

Дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, махсусан, соҳаи маориф хеле рушд ёфта, соҳаи афзалиятнок эълон шуд ва ба дастовардҳои фаровоне ноил гашт. Дар ин давра таълимгоҳҳои зиёде бунёд ёфтаву ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонида шуданд. Чандест, ки вобаста ба татбиқи комёбиҳои илму инноватсия ва зеҳни сунъӣ дар соҳа марҳалаи тозае оғоз ёфтааст ва дар ин замина, барномаҳои нави фаъолият тарҳрезӣ мешаванд.

 

Кулли таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсии насли нав, дастуру раҳнамоҳои илмию методӣ ва дигар воситаҳои ёвар комилан таъминанд. Ин ҳама ба болоравии сатҳи таҳсил ва дониши шогирдони мо мусоидат кардааст ва онҳо дар баробари омӯзиши ҳамарӯза дар таълимгоҳҳо дар озмунҳои бонуфузи кишвар – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок мекунанд. Аҳли маорифи мамлакат дар нахустсолҳои татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.

 

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат обрӯю эҳтироми омӯзгорон пайваста боло меравад, заҳмати онҳо ба таври шоиста арҷгузорӣ мешавад. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар ҳаёт ва фаъолияти аҳли таълиму тарбия давраи навинеро ифтитоҳ бахшид ва бори дигар собит кард, ки дар кишвари мо омӯзгор сарчашмаи ҳамаи комёбиҳо ва равшангари роҳи фардои миллат эътироф шудааст.

 

Аҳли маорифи ҷумҳурии азизамон 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро бо ифтихору сарбаландӣ ва бо дастовезҳои арзанда – комёбиҳои нав ба нав дар арсаи таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавон пешвоз мегиранд ва минбаъд низ ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки Ватани маҳбубамон боз ҳам пешрав бошад, шуҳраташ ҳамчун диёри бахту саодат, сулҳу ваҳдат ва қаламрави мардумони тамаддунпарвару бунёдкор дар арсаи байналмилалӣ пайваста биафзояд.

 

Бори дигар ҳамаи шумо – омӯзгорону шогирдони азиз, тамоми алоқамандони соҳаи маориф ва волидайни муҳтарамро бо оғози соли нави таҳсили 2026-2027 табрик мегӯям. Ҳамеша комёбу сарбаланд ва садоқатпеша ба Ватану миллат бошед.

 

Соли нави таҳсил муборак!

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №18 ПАС АЗ ТАЪМИРИ АСОСӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 баъд аз таъмири асосӣ бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд.   Бинои мазкур нахустин маротиба соли 1956 сохта ба истифода дода шуда, дар тӯли фаъолияти чандинсола ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими таълимии ноҳия дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани шогирдони соҳибмаърифату соҳибкасб нақши муҳим гузоштааст.   Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва мутобиқ намудани муҳити муассиса ба талаботи муосири соҳаи маориф, соли равон бинои муассиса бо ташаббуси собиқ хатмкунандагони он аз таъмири асосӣ бароварда шуд.   Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда бино ва синфхонаҳои муассиса ба таври муосир навсозӣ гардида, шароити зарурӣ барои гузаронидани дарсҳо ва фаъолияти самараноки омӯзгорон фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, муассиса бо мизу курсӣ, тахтаҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурии таълимӣ пурра таъмин гардид.   Зимни боздид аз муассиса таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе пайваста идома дорад.   Саҳми собиқ хатмкунандагони муассисаи таълимӣ дар таъмиру навсозии бинои мазкур намунаи хуби эҳсоси масъулиятшиносӣ ва арҷгузорӣ ба мактабу омӯзгор мебошад. Зеро маҳз мактаб ҳамчун даргоҳи илму маърифат дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, дониш ва маърифати насли наврас нақши калидӣ дорад.   Мавриди истифода қарор гирифтани бинои таъмиршудаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсил ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои хонандагону омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам меорад.   Ин иқдом дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинони ноҳияи Фирдавсӣ ба шумор меравад.

    70

    04.09.2026
  •  img
    Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди Маҷмааи меъмории бисёрсамтаи хизматрасонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сангӣ асос гузоштанд.   Маҷмааи меъморӣ аз 52 силсилаи иншоот, аз ҷумла 5 бурҷи баланд иборат хоҳад буд. Бурҷи аз ҳама бузурги он, ки бо 77 ошёна 340 метр баландӣ хоҳад дошт, бурҷи Душанбе номида хоҳад шуд. Ин маҷмаа бо чунин бурҷҳои азим ва калонтарин маркази савдо (mall) дар кулли минтақа камназир хоҳад буд.   Маҷмаа дорои меҳмонхона, қаҳвахона, тарабхона, нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасониҳои гуногун, ҳуҷраҳои корӣ, толори консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, толори намоиши кино, маркази савдою фароғат, ҷой барои бозии кӯдакон, макони дилфаро барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, толори варзишӣ, боғ ва кӯл хоҳад буд.    Намои берунаи биноҳо мувофиқ ба талаботи брендҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад. Дар ин маҷмааи муҳташам намунаи маҳсулоти брендӣ ва хӯроку хизматрасониҳои ҷаҳонӣ ҳам пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мегардад.    Дар доираи лоиҳаи муосир 42 бинои истиқоматӣ бо 6160 манзили зист, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда ва кӯдакистон барои 500 кӯдак сохта мешавад.    Дар маҷмуъ баъди татбиқи пурраи лоиҳа дар ин гӯшаи шаҳри Душанбе бо пешниҳоди беҳтарин шароити кору хизматрасонӣ ва зист дар майдони 29 гектар шаҳраки зебою замонавӣ бо масоҳати умумии 270 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, зиёда аз 4300 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.   Зиёда аз 2000 бинокори маҳаллӣ дар вақти сохтмони ин маҷмааи азим, ки дар муҳлати 5 сол бояд ба анҷом расад, ба кор ҷалб мегарданд.   Умуман, ин баландтарин иншоот дар минтақа хоҳад буд, ки дорои самтҳои васеи кору хизматрасонӣ гашта, бо афзалият ба идоракунии технологии рақамӣ бо назардошти тараққиёти минбаъдаи пойтахти кишвар дар он барои тиҷорат, истироҳат, зиндагӣ ва саёҳат шароити муосир фароҳам оварда мешавад.   Намунаи имкониятҳои нави иқтисодию тиҷоратӣ, таҷрибаи муосири шаҳрсозию шаҳрдорӣ ва хизматрасонӣ дар ин маҷмааи муҳташами муосир таҷассум хоҳад ёфт.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти нав таваҷҷуҳи масъулини дахлдор ва соҳибкорону меъморонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ бо афзалият ба сохти меъмории муосири шаҳрсозӣ ҷалб намуданд.   Маҷмааи хизматрасонӣ аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди TAS ИНТЕРНЕШНЛ ГРУП бо пешниҳоди инфросохтори намунавии муосири иҷтимоӣ сохта мешавад.   Имрӯз ҳадафи шаҳрдорӣ дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо бунёди ин маҷмааи муҳташам барои фароҳам овардани шароити замонавӣ ҷиҳати кору хизматрасонӣ, ҷалби сармоя ва ҷаҳонгардон, беҳсозии имконият ва таъмини фазои мусоид барои кору зиндагӣ, тиҷорат ва истироҳату фароғат мебошад.   Иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо такя ба таърихи ғании созандагии миллат ва омезиши он бо таҷрибаи технологии меъмории муосир имкон фароҳам овардааст, ки солҳои охир Душанбе ба намунаи ибратбахши шаҳрдорию шаҳрсозӣ дар минтақа табдил ёбад.

    78

    04.09.2026
  •  img
    ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ БАХШИ МАОРИФИ ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН 2 сентябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода бо мудири бахши маорифи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Наоко Хосака вохӯрӣ анҷом дод.   Дар вохӯрӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ» назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, муовини директори марказ, сардори раёсати таҳсилоти касбии марказ, сармутахассиси ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва мушовири миллӣ оид ба такмили низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ иштирок намуданд.   Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба такмили низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ, бозбинии барномаҳои таҳсилотии ихтисосҳои омӯзгорӣ, таҳкими ҷанбаҳои амалии омодасозии донишҷӯён ва татбиқи модели нави таҷрибаомӯзии педагогиро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Муовини вазир зимни суҳбат таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои педагогӣ аз самтҳои муҳимми рушди низоми маориф ба ҳисоб рафта, мутобиқ намудани мазмуну муҳтавои барномаҳои таҳсилотӣ ба талаботи муосири касби омӯзгорӣ ва эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ аҳаммияти хосса дорад.   Дар ин замина масъалаҳои ташаккули салоҳиятҳои касбӣ, методӣ, рақамӣ, таҳлилӣ ва иҷтимоии омӯзгорони оянда, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, арзёбии натиҷаҳои таълим, таҳияи маводи таълимӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати тақвияти ҷанбаи амалии омодасозии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогиро муҳим арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки пайванди донишҳои фаннӣ, педагогӣ, психологӣ ва методӣ бо фаъолияти амалии донишҷӯ дар муассисаи таълимӣ барои ташаккули омодагии воқеии касбии омӯзгори оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.   Дар идомаи мулоқот ба масъалаи татбиқи модели нави таҷрибаомӯзии педагогӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ бояд ба иштироки фаъоли донишҷӯ дар банақшагирӣ ва гузаронидани дарс, таҳияи маводи таълимӣ, арзёбии дастовардҳои хонандагон, таҳлили натиҷаҳо ва худбаҳодиҳии фаъолияти касбӣ мусоидат намояд.   Ҳамзамон нақши омӯзгори роҳнамо дар раванди таҷрибаомӯзӣ муҳим арзёбӣ гардид. Пешниҳоди машварату дастгирии мунтазам, таҳлили фаъолияти педагогии донишҷӯ ва муайян намудани самтҳои такмили маҳорати касбӣ метавонад ба рушди устувори омӯзгори оянда мусоидат намояд.   Ҷонибҳо зарурати таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъкид намуда, чунин ҳамкориро барои наздик намудани мазмун ва раванди омодасозии омӯзгорон ба талаботи воқеии муассисаҳои таълимӣ муҳим арзёбӣ карданд.   Наоко Хосака омодагии ЮНИСЕФ-ро барои идомаи ҳамкории судманд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ, рушди таҷрибаомӯзии педагогӣ ва дастгирии ташаббусҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот изҳор намуд.   Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои мавҷударо мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи корҳои муштарак, табодули таҷриба ва таҳияи механизмҳои муассири татбиқи ташаббусҳои пешбинишуда баён доштанд.

    98

    03.09.2026