05.08.2026

 img

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 августи соли 2026 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби ансабли "Зуҳал"- и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ роҳбарият, устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ иштирок намуда, ба сокинону меҳмонони пойтахт рӯҳияи идона ва фазои гарми фарҳангӣ эҳдо намуданд.

 

Барномаи фарҳангӣ ба тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон равона гардида, боиси болидахотирии иштирокчиён гардид.

 

Қобили зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт бо иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор мешаванд.

  • ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР НАМУД img
  • ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР НАМУД img
  • ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР НАМУД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Шоми 4 августи соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Куруши Кабири шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва дилнишин пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардида, фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ фароҳам овард.   Баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии миллӣ миёни ҷавонон мусоидат менамояд.

    0

    05.08.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар чорабинӣ устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ фазои идонаро боз ҳам шукуҳманд гардониданд.   Тибқи Нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт чунин чорабинии фарҳангӣ дар назар аст.   Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги волои тоҷикон ва таҷлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

    24

    04.08.2026
  •  img
    ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАВАССУТИ ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ: ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ Дар доираи нақшаи чорабиниҳои фарҳангии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов 3 августи соли 2026 дар Боғи «Куруши Кабир» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуда, бо риояи интизоми намунавӣ, фарҳанги баланди муошират ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳми худро дар баргузории он гузоштанд.   Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим дорад.   Раёсати донишкада минбаъд низ ҷиҳати ҷалби фаъоли донишҷӯён ба чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тадбирҳои заруриро идома хоҳад дод.

    25

    04.08.2026