15.04.2025

 img

15 апрели соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дуюмин Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид.

 

Дар ифтитоҳи расмии фестивал - намоишгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм, сафирони як қатор давлатҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 82 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико иштирок намуданд.

 

Сараввал, зимни сухани ифтитоҳӣ Дилрабо Мансурӣ аз робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ёдовар шуда иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли се даҳсола барои рушди бештари соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус маорифи миллӣ заминаҳои мусоидро фароҳам намудааст. Дар идома муовини Сарвазири кишвар иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки фестивал-намоишгоҳи мазкур соли дуюм аст, ки дар фазои илму таҳсилоти Тоҷикистон чун анъанаи неки ҳамгироии таҳсилотӣ доманаи фарогирии худро зиёд намуда истодааст. Бо туфайли чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ намояндагони соҳаи илму моарифи кишварҳои мухталиф имкон ба даст меоранд, ки имконият ва дастовардҳои соҳаи маориф ва муассисаи худро муаррифӣ намуда, шарикони нави ҳамкорӣ пайдо кунанд ва бахшҳои барои ҷонибҳо манифиатдорро боз ҳам тавсеаву рушд диҳанд.

 

Сипас вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки мақсад ва ҳадафи фаъолияти низоми маорифи дилхоҳ кишвар пеш аз ҳама ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ ва давлату миллат равона шуда, масъалаи рушди касбият ва таҳкими захираҳои инсонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаётан муҳимми ин соҳа ба шумор меравад. Бо дарки амиқи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар сиёсати давлатии хеш мақоми мактабу морифро дар меҳвари асосӣ ҷой додаанд. Маҳз бо дастгирӣ ва талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таъсис дода шудааст, ки ҷавонони дорои маҳорат ва малакаи баланди забондон тавассути ин стипендия аллакай дар даҳҳо муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ таҳсил намуда истодаанд, ки оянда бо истифода аз донишҳои замони муосир дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.

 

Гуфта шуд, ки фестивали мазкур барои ҳама ширкаткунандагон имконоти бузург ва майдони муносибе ҷиҳати ҳамгироии таҷриба, муайянсозии самтҳои нави ҳамкорӣ, мубодилаи афкор ва муаррифии низоми таҳсилотро фароҳам оварда, масири нави муносибатҳои бисёрҷанбаро дар соҳаи маориф асос мегузорад.

 

Дар идомаи қисмати ифтитоҳии фестивал - намоиш сафирони як қатор давлатҳо ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар оид ба шароити таҳсил, будубош, рушди ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни ҳам суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Итминон комил карда шуд, ки баргузории дуюмин Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маорифи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкориҳои соҳаи илму марифи кишварҳои ширкаткунанда саҳми арзанда гузошта, инчунин барои уфуқҳои нави ҷаҳони илму таҳсилот ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ -инноватсионӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

 

Баъд аз ифтитоҳи расмии дуюмин Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкаткунандагон аз рӯзи дуюми намоишгоҳи муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ дар “Маркази ЭКСПО – Душанбе” дидан намуданд.

 

Ёдовар бояд шуд, ки Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ барои шиносоии пурраи ҷавонону наврасони кишвар бо дастоварду имкониятҳои донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба ин муассисаҳо, дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ фаро гирифтани ҷавонони мамлакат ва ба ин васила кам намудани таъсири хурофот ва радикализми динӣ ба тафаккури ҷомеа, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.

 

Фестивал – намоишгоҳи мазкур рӯзи гузашта дар “Маркази ЭКСПО – Душанбе” бо иштироки 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазокистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус шуруъ шуд, ки аз он дар рӯзи аввал зиёда аз 6 ҳазор хонандаву толибилм дидан намуданд. Баргузории Фестивал – намоишгоҳ аз 14 то 18 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар назар дошта шудааст.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ДУЮМИН ФЕСТИВАЛ - НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ РАСМАН ИФТИТОҲ ГАРДИД img
  • ДУЮМИН ФЕСТИВАЛ - НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ РАСМАН ИФТИТОҲ ГАРДИД img
  • ДУЮМИН ФЕСТИВАЛ - НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ РАСМАН ИФТИТОҲ ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Корҳои сохтмонӣ дар иншооти маъмурӣ соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯст ва аъзои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо тарҳи зебо ва риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд шудааст.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нав барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандони ҳизб, тақвияти корҳои ташкилию тарғиботӣ ва роҳандозии ташаббусҳои нав дар самти кор бо ҷавонону бонувон ва дигар қишрҳои ҷомеа шароити хуби фаъолият муҳайё гардидааст.   Бинои нави кумита аз 47 ҳуҷраи корӣ, осорхона, толори ҷаласа бо 250 ҷойи нишаст, толорҳои мизи мудаввар, китобхона ва китобхонаи электронӣ иборат мебошад.   Дар осорхонаи иншоот маводҳо аз эъломияи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то қабули санадҳои муҳими таърихӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, лаҳзаҳои баргузории анҷуманҳои ҳизбӣ, дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолӣ, раванди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун, лаҳзаҳои гиромидошти қаҳрамонони Тоҷикистон, аксу ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию миллӣ гирд оварда шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бозгӯи марҳилаҳои ташаккул, дигаргуниҳои созанда ва саҳифаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.   Дар гӯшаи алоҳидаи китобхона асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз 5 ҳазор китоби бадеӣ, илмӣ ва гуногунсоҳа барои кормандону донишҷӯён нигоҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин, махзани рақамии китобхона 1 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеиро бо имкониятҳои васеи электронӣ ташкил медиҳад.   Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, энергияи офтобӣ, сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва рушди иқтисоди сабз дар бино панелҳои офтобӣ насб карда шудааст, ки он барои таъмини самараноки неруи барқ, сарфаи захираҳои энергетикӣ, истифодаи технологияи муосир, рушди энергияи тоза ва татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз заминаи воқеӣ мегузорад.   Дар бинои ҳизб, ҳамчунин маркази омӯзишӣ мавҷуд аст, ки барои таълими  забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон, курсҳои пешвоёни ҷавон, пухтани таомҳои миллӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба соҳибкорони ватандӯст ва аъзои ҳизб барои бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, вусъат додани созандагиву бунёдкориҳо ва тарғиби ҳадафҳои стратегии кишвар ҳидоят карданд. 

    15

    01.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ Сирдарё дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.   Дар корхона 5 хатти технологӣ насб гардида, зарфҳои пластикӣ ва афшураҳои мевагию обҳои ташнагишикан истеҳсол мешавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарё аз ҷониби бародарони соҳибкор Каримзодаҳо бунёд гардида, 85 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.   Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 240 тонна афшура ва 400 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнагишикан мебошад.   Гуфта шуд, ки афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолот имкон медиҳад, ки самараи меҳнати кишоварзон саривақт коркарду бастабандӣ, талафёбии меваю сабзавот дар саҳро пешгирӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ афзоиш ёбад ва имкониятҳои содиротӣ васеъ гардад.   Иттилоъ дода шуд, ки технологияи аз кишварҳои пешрафта воридшуда имкон медиҳад маҳсулот тибқи талабот коркард ва аз самараи меҳнати деҳқонон маҳсулоти саноатии табиӣ истеҳсол карда шавад.    Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръат намунаи гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ ба шумор меравад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои марбутаи соҳаро ба истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, ҷамъоварию коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои байналмилалӣ ҷалб намуданд.    Зикр шуд, ки танҳо дар 5 соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 74 корхонаи саноатӣ бо тақрибан 900 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

    10

    01.11.2026
  •  img
    Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Субҳи 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ,  ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот  бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд  ташриф оварданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд  ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

    14

    01.11.2026