ДУРДОНАҲОИ "ФУРӮҒ..."

12.11.2024

Ахмедзода Фараҳбахш, иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик мебошад.

 

Ҳарчанд Фараҳбахш имконияти маҳдуди биноӣ дошта бошад ҳам, ишқ ба китоб ва майлу рағбати беандоза ба илму дониш нагузоштааст, ки ӯ аз ҳамсолонаш қафо монад.

 

Фараҳбахш бо ёрии модар тавонистааст, ки то имрӯз 16 асари насрӣ, 100 ғазал, 135 рубоию дубайтӣ, 280 байт достон, 175 байт қасида, 180 байт дигар навъҳои шеъриро аз худ кунад.

 

Фараҳбахш хонандаи муассисаи таълимии рақами 63-и деҳаи дурдасти Роҷи шаҳри Панҷакент аст. Инак соли чорум аст, ки ӯ дар озмуни мазкур иштирок мекунад. Соли ҷорӣ бо гирифтани ҷойи аввал дар даври вилоятӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтааст.

  • ДУРДОНАҲОИ "ФУРӮҒ..." img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАЗОРАТИ РАФТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУТОЛИАИ КИТОБҲОИ ИЛМИЮ БАДЕӢ Даври вилоятии озмуни  "Беҳтарин хонандаи китобҳои илмӣ ва бадеӣ дар байни кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон" ҳамарӯза доир гардида истодааст.   Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз ташкили озмуни мазкур иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалб намудан ба китобхонӣ мебошад.   Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода барои назорати рафти озмун иштирок карда, ба ҳайати ҳакамон ҷиҳати таъмини шаффофият ва баҳогузорӣ кардани беҳтарин хонандагони китобхонаҳои илмӣ ва бадеӣ таъкид намуданд.   Гуфта шуд, ки озмун ҳамаи кормандони соҳаи маорифро дақиқан ба мутолиаи китоб ҷалб мекунад. Зеро аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо довталабон ширкат намуда, донишу маҳорати худро месанҷанд.    Лозим ба ёдоварист,ки даври вилоятии озмуни мазкур идома дошта, ҳамарӯза довталабон фаъолона иштирок доранд.   Хадамоти матбуоти  Раёсати маорифи  вилояти Хатлон

    3

    02.12.2024
  •  img
    МИНБАРАТ АЗ ПАРТАИ МАКТАБ. БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МАКТАБИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта аз Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздид карданд.   Дар раванди боздид тазаккур дода шуд, ки осорхонаи мазкур аз санаи 9-уми марти соли 2005 ба фаъолият шуруъ карда, дар он даврони мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даврони фаъолияташон даврабандӣ шуда, инъикос гардидааст. Ҳамчунон, синфхонаи таҳсилкардаи Пешвои миллат бо мизу курсиҳо нигоҳ дошта шудааст.

    15

    30.11.2024
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ, ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - КАРИМЗОДА РАВШАН АЪЗАМ Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2024 таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Равшан Аъзам дар бинои маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара" ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат баргузор гардид.   Ҳисоботи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо доир ба омӯзиши фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат" ва "Гимназияи ҷумҳуриявӣ" дар ноҳияи Данғара шунида шуда, дастовардҳо ва норасоиҳои мавҷуда дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардиданд.   Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии норасоиҳо дар самтҳои таълим, тарбия, таъминоти моддию техникӣ ва нутқи шифоҳии хонандагон супоришҳои мушаххас дода, барои дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кардани онҳо таъкид намуданд.

    14

    30.11.2024