28.03.2026
Магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи 6-уми кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон (OMOUS-2026) соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин аввалин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада ба ҳисоб меравад.
Олимпиада аз 23 то 28 март дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бо иштироки 547 нафар аз 72 донишгоҳ ва 10 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
Фаррух Каримзода дар категорияи А (математикҳои касбӣ) бо намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон рақобат намуда, маҳорати баланди зеҳнӣ нишон дод.
Ёдовар мешавем, ки Фаррух Каримзода дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ саҳми фаъол дошта, ба насли наврас кумак мерасонад.
Хабарҳои дигар
-
МУҲОКИМАИ ОМОДАГИҲО БА АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 30 марти соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва Бадриддин Музаффарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба баргузории марҳилаи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани низоми таълим ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки ин арзёбӣ сатҳи саводнокии хониши хонандагони синфи чорумро муайян намуда, барои таҳлили амиқи вазъи соҳа ва қабули қарорҳои муассири идоракунӣ замина фароҳам меорад. Иштирокчиён иброз доштанд, натиҷаҳои PIRLS метавонад барои такмили барномаҳои таълимӣ, беҳтар намудани китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва рушди муҳити мусоиди таълимӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки баргузории марҳилаи асосии арзёбии мазкур раванди мураккаб ва масъулиятнок буда, ҳамоҳангии дақиқи ҳамаи сохторҳои марбутро талаб менамояд. Аз ҷумла, зарурати омодасозии босифати кормандони масъул, таъмини шаффофияти раванди арзёбӣ ва риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ махсус таъкид гардид. Дар идома, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои ташкилӣ, методӣ ва техникии баргузории PIRLS - 2026 табодули афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани раванди омодагӣ ва баргузории он ироа карданд. Дар фарҷоми мизи мудаввар таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин арзёбиҳои байналмилалӣ омили муҳим дар таҳкими низоми миллии маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҳамгироии кишвар ба фазои маориф ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
20
30.03.2026 -
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД Дар шаҳри Гулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва сокинони вилоятро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ - феврали соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Бо дарназардошти захираву иқтидорҳои мавҷуда, махсусан, дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва содирот, зарур шумурда шуд, ки суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам тақвият дода шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмин ва ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои кории нав, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот таҳти назорати доимӣ қарор гирад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди устувор боз ҳам тақвият дода, барои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда чораҳои мушаххас андешанд. Сарвари давлат, ҳамчунин, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба масъалаи иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими минбаъдаи интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо ҷалб намуданд. Зимни таҳлили соҳаи саноат гуфта шуд, ки суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин робита, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро пурра таҳлил намуда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд. Дар робита ба фаъолияти номуназзами баъзе корхонаҳои саноатӣ дар вилоят зарур шумурда шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои ғайрифаъол ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Супоришҳо, ҳамчунин, вобаста ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо либоси мактабӣ дода шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар ин бахш ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин суръати кишт, аз ҷумла пахтаро таъмин намуда, истифодаи пурраи заминҳои кишоварзиро ба роҳ монанд. Ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои пурраи нақшаи бунёди боғу токзорро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватандӯсти вилояти Суғд, соҳибкорон ва роҳбарону фаъолон барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти Ватан изҳори сипос намуданд. Зимни таҳлили соҳаи бонкдорӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. Супориш дода шуд, ки масъулини сохторҳои марбута гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамиро суръат бахшида, сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасӣ ба онҳоро барои аҳолӣ ба таври куллӣ беҳтар намоянд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз зарурати дар сатҳи олии тадорукотӣ баргузор кардани ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рӯҳияи созанда ва садоқат ба давлату миллат дар амалӣ гардондани ҳадафҳои стратегии кишвар ва ободонии диёри худ саҳми боз ҳам бештар мегузоранд. Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Суғд дар моҳҳои январ - феврали соли равон ва иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба Президенти кишвар гузориш доданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳову ғамхориҳои ҳамешагӣ, ҳидоятҳои раҳнамунсоз ва таъмини шароити арзандаи кору зиндагии мардум изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ дод, ки то ҷашни умумимиллӣ-35-солагии истиқлоли давлатӣ бо ҳамовозӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақша боз 3 ҳазор иншооти дигарро бунёд ва ба истифода хоҳанд дод.
21
30.03.2026 -
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 30 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъба дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва як қатор ректорони муассисаҳои таҳсилотии олии касбии кишвар тариқи ҳузури ва маҷозӣ иштирок намуданд. Нахуст, раиси ҷаласа ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, муҳиммияти масъалаҳои марбут ба таҳкими низоми оморӣ, рушди таҳсилоти баъдидипломӣ ва такмили санадҳои меъёрии соҳаро баррасӣ намуд. Дар идома, масъалаи вазъи таълим дар зинаи магистратура ва докторантура (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода доир ба дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои такмили низоми мазкур гузориш пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки рушди зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ, тақвияти иқтидори илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос аз самтҳои калидии сиёсати соҳа маҳсуб меёбад. Сипас, оид ба пешниҳоди «Маҷмуаи омори соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои таҳсили 2025-2026» гузориши сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф Н. Убайдуллозода шунида шуд. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои иловагӣ, аз ҷумла «Тартиби гузаронидани аттестатсияи аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестатсияи аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав)» ва «Дастурамали аз синф ба синф гузаронидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав)» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар фарҷом, муовини якуми вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулгардида, такмили низоми оморӣ, рушди таҳсилоти баъдидипломӣ, таъмини шаффофият дар аттестатсия ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
18
30.03.2026