08.01.2026

 img

8-уми январи соли равон директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода бо директори Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Канг Синг Хон мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқатро мавриди баррасӣ қарор доданд. Директори Марказ зикр намуд, ки Муассиса ҳамчун ниҳоди масъул фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва мактабҳои президентиро ҳамоҳанг намуда, барои ташаккули истеъдоди хонандагон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Муҳамадҷон Ғафорзода омодагии Марказро ҷиҳати ҳамкорӣ бо KOICA дар самтҳои такмили ихтисоси кормандон, расонидани кумаки моддӣ-техникӣ, таъсиси студияи муосир дар Марказ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил ва баргузории олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ таъкид намуд.

Ҳамчунин, изҳор гардид, ки Марказ ба ҳамкории зич дар самти муаррифии дастовардҳои ҷавонони болаёқати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла такмили ихтисоси роҳбарияти муассисаҳои таълимии кишвар барои хонандагони болаёқат, таваҷҷуҳи хос дорад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва дастгирии истеъдодҳо иброз намуданд.

 

  • ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ КОРЕЯ ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТО img
  • ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ КОРЕЯ ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТО img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРӢ БО САРДОРОНИ РАЁСАТ, МУДИРОН ВА КИТОБДОРОНИ ШУЪБАҲОИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ 9 январи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин бо сардорони раёсат, мудирон ва китобдорони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ ва кормандони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ иштирок намуданд. Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳия ва нашр намудани адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҳамзамон, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тадбирҳои муайян андешида шуда истодааст. Қайд гардид, ки мақсад аз баргузор намудани вохӯрии имрӯза низ бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, махсусан, дар самти таъминоти адабиёти таълимӣ, аз байн бурдани норасоӣ ва назорати пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ мебошад. Дар идома оид ба тартиби ҳуҷҷатгузории низоми иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва пурра назорат намудани низоми пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ суханрониҳо сурат гирифт.  

    40

    09.01.2026
  •  img
    ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД 9 январи соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” баргузор гардид. Ҷаласа дар  толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир шуда, дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони  шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ректорон (директорони)-и муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, литсею мактабҳои Президентӣ, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва китобдорони раёсату шуъбаҳои маориф, инчунин, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд. Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас ҳисоботи вазири маориф ва илм “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” шунида шуд. Дар маърузаи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм аз тадбирҳои муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ёдовар шуда, иброз дошт, ки Президенти маҳбуби кишвар дар Паёми навбатии хеш бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз ва кормандони муассисаҳои илму маориф ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки таваҷҷуҳ нисбат ба илму маориф дар меҳвари асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ҳамчунин, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” иқдом ва ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллат дар ҳаққи аҳли маориф буда, барои боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа мусоидат менамояд. Чунин ғамхории Сарвари давлат мо, аҳли маорифро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта меҳнат намуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар идома, вазир фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои онро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат, мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад. Сипас, дар қисмати музокираҳо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Зилола Эгамзода ва директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода  баромад намуда, маърузаи вазири маориф ва илмро “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни баргузории ҷаласа суханронӣ карда, иброз дошт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму маориф дар заминаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври чашмрас рушд намуда истодааст. Дар баробари дастовардҳо, мутаассифона дар фаъолияти кории баъзе аз сохторҳои тобеи вазорат, аз ҷумла, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Муовини Сарвазири мамлакат фаъолияти сохторҳои зикршударо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас ироа намуд. Дар охир, вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо барои соли 2026 дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз дошт, ки имсол ҷашни муҳимми сиёсӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ пешниҳод карданд, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карда шавад. Дар ин замина, моро зарур аст, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин рӯйдоди таърихию сиёсӣ корҳои ободониву созандагиро беш аз пеш вусъат бахшида, дар самаранок истифода намудани неруи барқ, таҳкими сулҳу субот, рушди устувори давлат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани дохилу атрофи муассисаҳои таълимӣ,  саҳми арзандаи худро гузорем.  

    48

    09.01.2026
  •  img
    ФАЪОЛИЯТИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026 7 январи  соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, кормандони соҳаи маориф ва касбу кори гуногун вобаста ба фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2025 ва вазифаҳои барои соли 2026 ҷаласа баргузор гардид. Нахуст, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи якум сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, камбудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимию тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти кишварро дар соли 2025 баромад намуд. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти маорифи кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии онро бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон, илму маорифро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва аҳли маорифу илмро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати аҳли маориф дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд. Сипас, муовини раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, қайд кард, ки тамоми ҷамбаҳои Паёми Пешвои миллат дар фаъолияти корӣ истифода карда шуда, сармашқи кории ҳар яки мою шумо қарор дода шавад. Ҳамзамон, вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ибрози андеша намуда, дастур дода шуд, ки тарғибу ташвиқи ин ду масъалаи муҳим ба таври ҷиддӣ дар муассисаҳо ба роҳ монда шуда, вобаста ба ин семинар машваратҳо, ҷаласаҳо ва конференсияҳо баргузор карда шавад. Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ намуда, вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия як қатор дастуру супоришҳо дода шуд. Дар ҷаласа доир ба масъалаҳои баррасигашта бо инобати дастур ва пешниҳоде, ки зимни баромади муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Аъзам, иброз намуданд ва пешниҳодҳои аъзоёни мушовара, қарор қабул карда шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайвастаи соҳаи маориф ва муносибатҳои судманди байниидоравӣ дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, рушди низоми маорифи шаҳри Душанбе ва гузоштани саҳми арзанда дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бо сипосномаи Сарраёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.  

    37

    07.01.2026