22.05.2025

 img

22 майи соли 2025 дар идомаи сафари корӣ ҷиҳати назорати рафти корҳои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз рафти сохтмони марказҳои инкишофи кӯдаки деҳаҳои Вишхарф ва Будуни ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ боздид намуд.

 

Ба муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки марказҳои мазкур дар умум метавонанд 100 нафар кӯдакро ҷалб намоянд.

 

Сохтмони марказҳои зикршуда пурра ба анҷом расида, рангу бори гирду атрофи панҷараҳо идома дорад. Сохтмони мазкур аз ҳисоби маблағҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта шуда, дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад.

 

Боиси зикр аст, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёду сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав вусъат ёфта, заминаҳои мазкур ба баланд гаштани сатҳу сифати таҳсилот дар кишвар мусоидат намудааст.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИДОМАИ БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИР АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ img
  • ИДОМАИ БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИР АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ img
  • ИДОМАИ БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИР АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҲАМКОРИҲОИ МУШТАРАК ДАР САМТИ ҶОРӢ НАМУДАНИ КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ 14 майи соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мулоқоти ректори донишкада Наврӯз Мирзозода бо директори Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Веретенникова Лидия баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ Н. Ми­рзозода иброз намуд, ки Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои такмили ихтисоси Федератс­ияи Россия ба тасвиб расонидааст, аз ҷум­ла бо Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой.   Дар ин замина зарурати фаъолияти муштарак барои солҳои 2026-2027 дар самт­ҳои зерин: таҳияи барномаҳои муштараки бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, таҳия ва татбиқи барномаҳ­ои таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони Тоҷикис­тон, аз омӯзишҳо гуз­аронидани равоншинос­они муассисаҳои таъл­имӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми такмили ихтисоси омӯз­горон ва идоракунии сифати таҳсилот дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар фарҷом, роҳбарони ду муассиса ба мув­офиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик тат­биқи лоиҳаҳои мазкур­ро оғоз намоянд. Ҳамзамон, аз ҷониби меҳмонон барномаҳои таълимии бозомӯзии омӯзгорони фанни математика ва педагогика ва психология бо назардошти талаботи донишкада таҳия гардидаанд, барои мутобиқсозӣ пешниҳод гардид.

    6

    14.05.2026
  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Саъдуллозода, ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода, мувоинони ректор, намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни ҷаласаи тақсимот масъулин оид ба муҳимияти иҷрои вазифаҳои касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, ба хатмкунандагон шарҳу тавзеҳ дода шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ, вазифаи ҳар як мутахассиси ҷавон аст, ки роҳхатҳои додашударо сари вақт амалӣ намуда, ба муассисаҳои таълимие, ки ба онҳо тақсим шудаанд, ҳозир шаванд.   Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон робитаи мустақим дорад. Иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд.   Дар ин баробар вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон ва нақши онҳо дар тарбияи насли наврас ибрози назар шуда, саҳми омӯзгорон дар ташаккули ҷомеаи босаводу маърифатнок муҳим дониста шуд.   Дар анҷом, барои равшан намудани баъзе масъалаҳои марбут ба раванди тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон, миёни мутахассисони ҷавон ва намояндагони Вазорати маориф ва илм саволу ҷавоб сурат гирифт.   Таъкид шуд, ки тақсимоти мутахассисони ҷавон қадами муҳим дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ба шумор рафта, барои таҳкими низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.

    10

    14.05.2026
  •  img
    Мулоқот бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Чунчин Юан Ҷияҷюн 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз шаҳри Чунчин боздид намуда, бо Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд.   Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо ин шаҳр, ки яке аз қутбҳои муҳимтарини   саноативу инноватсионии Чин ба шумор меравад, баррасӣ шуд.   Тавре зикр гардид, Чунчин бо 34 миллион аҳолӣ яке аз бузургтарин шаҳрҳо ва марказҳои логистикӣ дар роҳи пайванди Чин бо Осиёи Марказӣ аз аҳаммияти стратегӣ бархурдор буда, дар татбиқи ташаббуси глобалии «Як камарбанд, як роҳ» нақши калидӣ мебозад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори роҳандозии ҳамкории босамар бо ин шаҳр дар соҳаҳои саноат, технологияҳои нав, энергетикаи “сабз”, илм, маориф, алоқа, бунёди “шаҳрҳои ҳушманд”, буда, сохторҳои давлатию хусусии ҳарду ҷонибро ба роҳандозии робитаҳои ҳамкории судманд ташвиқ менамояд.   Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин, ба омодасозии кадрҳои ҷавони бахшҳои инноватсия ва технологияҳои муосир аз тариқи табодули донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷудо намудани бурсияҳои иловагӣ барои ҷавонони тоҷик, зоҳир гардид.   Пас аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн аз Намоишгоҳи нақшаи рушди шаҳрсозии Чонгчин боздид намуданд.   Ба ифтихори сафари давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин шоу-намоиши рангини дронҳо баргузор гардид. 5 ҳазор дрон аксҳои манзараҳои зебо ва таърихии Тоҷикистону Чин, роҳи Абрешим, меросҳои ғайримоддии ду кишварро тасвир намуданд, ки бисёр хотирнишин буд. 

    31

    13.05.2026