Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ

17.10.2024

17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд.

 

Иншооти мазкур дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд.

 

Бинои иловагии таълимӣ тарҳи замонавӣ дорад ва дар 8 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш барои 240 хонанда имкони омӯзиши илмҳои муосир фароҳам оварда шудааст.

 

Раванди таҳсил дар кабинетҳои фаннӣ бо истифода аз 40 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет ба омӯзиши бештари илмҳои даққиқ мусоидат менамояд.

 

Бинои хобгоҳ бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 48 ҳуҷраи барҳаво бо 400 рахти хоб мебошад.

 

Хобгоҳ бо шароити мусоид барои бо ҷойи хоб таъмин намудани хонандагони дурдаст, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав пешбинӣ шудааст.

 

Маҷлисгоҳи Литсей-интернати шаҳри Турсунзода бо 140 ҷойи нишаст ва ошхона бо 200 ҷойи нишаст сохта шудааст.

 

Раванди таҳсил аз ҷониби 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус ба зиёда аз 1000 хонанда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет метавонад барои дастрасии таълимгирандагон ба маълумоти зарурӣ мусоидат намояд.

 

Иловатан хоҳишмандон имкони истифода аз 1600 номгӯи адабиётро доранд.

 

Вақтҳои холигии хонандагон бо машғулиятҳои варзишӣ дар шароити сатҳи баланд сурат мегирад.

 

Бунёди майдончаи варзишӣ метавонад дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои волейбол ва футбол нақши муассир гузорад.

 

Таъсиси бунгоҳи тиббӣ ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа фаврияти муоина ва кӯмаки аввалияи тиббӣ ба хонандагонро таъмин месозад.

 

Волидоне, ки ба хотири шиносоӣ аз ҷараёни таҳсил ва огоҳ будан аз сатҳи донишу малакаи фарзандони худ ба Литсей-интернат ташриф меоранд, метавонанд аз хизматрасонии сатҳи баланд дар меҳмонхонаи назди муассиса истифода намоянд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таҳсил ва буду бош дар Литсей-интренати шаҳри Турсунзодаро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илму ҳунар ва аз омӯзгорон омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тақозо карданд.

 

Иншооти мазкур, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Листей-интернати шаҳри Турсунзода ифтитоҳ карда шуд, ба таъсиси 14 ҷойи нави корӣ замина фароҳам овард.

 

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Танҳо ҳамин рӯз дар шаҳри Турсунзода дар 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар ду баст ва дар 3 муассисаи нави томактабӣ барои 650 кӯдак шароити муосири таълиму тарбия ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳр сохтмони боз 8 муассисаи томактабӣ барои 1200 кӯдак идома дорад.

 

Дар деҳоти Қаратоғи деҳаи Зарнисори шаҳри Турсунзода бинои дуошёнаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 ифтитоҳ гардид.

 

Бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона барои 384 хонанда дар ду баст бо харҷи беш аз 3 миллиону 455 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

 

Дар деҳаи Неъматбачаи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

Массисаи мазкур аз 14 синфхонаи барҳаво, китобхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

 

Дар муассисаи тозабунёд барои 240 хонанда дар ду баст шароиту имконоти муосири таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

 

Дар деҳаи Меҳргони деҳоти “10-солагии Истиқлолият” бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, ки барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Бинои тозабунёд аз ду ошёна ва 8 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд гардидааст.

 

Дар деҳаи “Шодиёна”-и деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии навбунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурабек Муҳибов бунёд гардидааст.

 

Мактаби навбунёд дуошёна буда, аз 16 синфхона, аз ҷумла синхонаҳои компютерӣ, физика, химия, забони англисӣ, китобхона ва 7 ҳуҷраи корӣ, ки ҳамагӣ бо аёниятҳои дарсиву корӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, иборат мебошад.

 

Дар бинои навтаъсис барои 1000 хонанда дар ду баст шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

 

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони шаҳри Турсунзода азм доранд, ки чунин тадбирҳои бунёдкориро дар дигар деҳаҳо идома диҳанд.

 

Дар кӯчаи Охун Бобоеви шаҳри Турсунзода, бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Лола” мавриди истифода қарор гирифт.

 

Ин муассисаи наву зебои муосир бо маблағи 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардид.

 

Ҳамакнун дар ин ҷо 200 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Ба ин хотир 8 мураббии кордону ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.

 

Дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулсум” ба истифода дода шуд.

 

Дар муассиса 180 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Барои тарбияи онҳо 7 нафар мураббиёни соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд.

 

Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулсум” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Атохоҷа Лутфулло Баракатулло бо маблағи 4 миллиону 730 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

  • Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ img
  • Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ img
  • Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ img
  • Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ img
  • Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ img
  • Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ img
  • Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ img
  • Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ img
  • Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Областной этап международной олимпиады "Жар-птица": Преодоление новых высот знаний 16 октября в 14:00 состоится областной этап международной олимпиады "Жар-птица", организованной ФГБОУ ВО “Алтайским государственным педагогическим университетом” при содействии ГУ “Республиканского центра выявления и развития талантов” Министерства образования и науки Республики Таджикистан. Регистрация участников начнется с 13:30. В олимпиады принимают участие школьники, набравшие необходимое количество баллов на школьном этапе, как указано в таблице проходных баллов, доступной на официальном сайте.   Списки участников областного этапа уже опубликованы на официальном сайте олимпиады – https://олимпиадажарптица.рф. Важно помнить, что допускаются только те участники, чьи данные включены в эти списки.   Каждому участнику необходимо иметь две ручки с синими чернилами. Мобильные телефоны и другие средства связи нужно будет оставить у сопровождающего на время выполнения олимпиады. Сопровождающим предоставят специальное помещение для ожидания.   Места проведения областного этапа:   1 площадка (город Душанбе): РТ ГБОУ «СОШ в г. Душанбе имени Ю.А. Гагарина», проспект Н. Махсум, д. 109/11.   2 площадка (Хатлонская область): РТ ГБОУ «СОШ в г. Бохтар имени М.В. Ломоносова», ул. Кайхонавардон, № 12.   3 площадка (город Куляб и близлежащие школы): РТ ГБОУ «СОШ в г. Куляб имени К.Д. Ушинского», проспект И. Сомони, 66Ф.   4 площадка (Районы Республиканского значения): РТ ГБОУ «СОШ в г. Турсунзаде имени Д.И. Менделеева», кишлак Дурбед, № 1.   5 площадка (Согдийская область): РТ ГБОУ «СОШ в г. Худжанд имени А.П. Чехова», махалинский сход Темурмалик, микрорайон 8, стр. 31.   6 площадка (Горно-Бадахшанская автономная область): г. Хорог, Школа №8, улица Конун Каргизбек, 26.   Олимпиада "Жар-птица" дает уникальную возможность выявить самых талантливых школьников республики и поддержать их стремление к знаниям. Желаем всем участникам удачи на пути к новым достижениям!

    78

    14.10.2024
  •  img
    КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳошияи “Рӯзи соҳибкорон” конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид 14 октябри соли 2024 бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ” баргузор гардид. Конфронси мазкур бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.   Дар конфронс раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, намояндагони Вазоратҳои молия, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат, Бонки миллӣ, Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе, шарикони хориҷӣ тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.   Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор конфронсро ҳусни оғоз бахшида, тамоми иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” табрику таҳният намуд. Ректори донишгоҳ қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусиро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун яке аз воситаҳои калидии расидан ба ҳадафҳои миллии кишвар муайян намудааст. Дар ин раванд, саҳми фаъолияти соҳибкорӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, афзоиши шуғл ва тақвияти истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад.   Сипас, дар қисмати пленарии конфронс муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холматиён Рустам, муовини якуми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Анваров Насим, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, намояндаи Ассотсиатсияи соҳибкории Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон бо маърӯза баромад намуданд.   Инчунин, маърӯзаи маҷозии профессори кафедраи менеҷменти сайёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В. Плеханов, Зайцева Наталия Александровна ва узви Ассотсиатсияи сармоягузорӣ ва соҳибкории Чин, Юанг Йинг шунида шуд.   Дар музокира кормандони Институти сайёҳӣ ва соҳибкории назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баромад намуда, перомуни рушди соҳибкорӣ, омилҳо ва тамоюлҳои ин раванд андешаронӣ намуданд.   Дар охири ҷаласаи пленарии конфронс дар асоси фармоиши муштараки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ташкилоту идораҳо ва бонкҳо барои ташкили сатҳи баланди Намоиши дастовардҳо бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” бо “Сипоснома” қадрдонӣ гардиданд.   Пас, аз нисфирӯзи конфронс кори худро дар чор бахш идома дод.

    85

    14.10.2024
  •  img
    БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ТАҲЛИЛ ВА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДАР РАВАНДИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ” Рӯзҳои 11-12-уми октябри соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсияи Академия семинари омӯзишӣ барои кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва муассисаҳои зертобеи он ташкил ва баргузор карда шуд.   Зимни баргузории семинари омӯзишӣ аз тарафи коршиносони Марказ ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлил присипҳои роҳбарикунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, нақши ҳуҷҷатҳои давлатии стратегӣ дар таъмини муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо”, асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ва амсоли инҳо иттилоъ дода шуд.   Дар ҷамъбасти семинар аз тарафи намояндагони Академия ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба иштирокчиён гувоҳномаҳо тақдим карда шуд.

    76

    14.10.2024