11.09.2025

 img

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва як Маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

 

Иншоот дар деҳоти Чуқурак, Таги Ҷар ва Дараи Мухтор сохта шуда, раванди таҳсили илму маърифат ва ҷалби наврасону ҷавононро ба машқу тамрин беҳтар месозад.    

 

Муассисаҳои таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд карда шуданд. 

    

Биноҳои таълимӣ бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ ҷиҳозонида шуда, дар он заминаи мусоиди ба таҳсил фаро гирифтани 2100 хонанда фароҳам оварда шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 баъди навсозии куллӣ дар шаҳраки Мунк бо тарҳу услуби муосир аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Сафаров сохта шудааст.

 

Иншоот дорои 34 синфхона буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   

 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 воқеъ дар деҳаи Таги ҷари Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт 10 синфхона, хонаи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон дорад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

 

Ёдовар бояд шуд, ки иншоот дар асоси дархост ва хоҳиши ҷавондухтари илмдӯст Гулнигори Карим сохта шудааст. Гулнигори Карим, соли 2020 зимни суҳбат бо Сарвари давлат аз вазъи ногувори бинои қаблии муассиса маълумот дода буд. Аз ин рӯ Роҳбари давлат барои дар муҳлати муайян сохта ба истифода додани иншооти нави соҳа ба масъулин дастуру супоришҳо дода буданд ва имрӯз хушбахтона ин мушкил бартараф гардид.

 

Тибқи таҳлилҳо, шумораи хонандагон ҳамасола дар ноҳия зиёд мешавад. Аз ин рӯ, масъулон барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон чораҳои зарурӣ меандешанд. 

 

Бунёд ва мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Чуқураки деҳоти Ҷонбахт дар идомаи ҳамин иқдому тадбирҳо амалӣ гардидааст. Муассиса бо саҳми соҳибкори маҳалӣ Абдулло Ҳасанов бо шароити замонавӣ сохта шуда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.  

 

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Ховалинг 51 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ, 1 гимназияи давлатӣ ва  1 литсей- интернат бо фарогирии 13 ҳазору 464 хонанда фаъолият дорад.      

 

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар биноҳои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд. 

  

Муассисаҳои томактабӣ, ки бо иштироки Сарвари далат дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи  шаҳраки Мунк ва дар деҳоти Таги Ҷари деҳоти Ҷонбахт ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дорои шароити хуби таҳсил буда, бо таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз  мебошад.

 

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Осинот бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷумахон Қосимов дар доираи тадбирҳои ободонӣ бунёд гардида, барои ба таҳсил фаро гирифтани  200 дӯструяк пешбинӣ шудааст.  Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи фароғату таълим мувофиқ ба завқи кӯдакон фароҳам оварда шудааст. 

 

Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и  Шараф дар деҳаи Таги Ҷар бо фарогирии 50 кӯдак ба истифода дода шуд. Муассиса  бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кӯдакон замина мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро намунаи ибрат гуфта, масъулонро ба таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ роҳнамоӣ карданд.   

 

Дигар иншоот - Маркази варзишии сайёҳӣ дар деҳаи Дараи Мухтор, ки аз ҷониби Роҳбари давлат фосилавӣ кушода шуд, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузорад. Иншоот ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Фазлиддин Кенҷаев бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият оғоз намудани он  20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд. Маҷмааи мазкур аз ду ошёна ва меҳмонхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард метавонад хизмат расонад.    

 

Бунёди иншооти варзишиву сайёҳӣ  дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина мегузорад.

 

Дар ҳамин рӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 6 иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ карда шуд, ки дар маҷмӯъ барои ба таҳсил фаро гирифтани бештар аз 2600 нафар пешбинӣ шудаанд.

  • Ифтитоҳи фосилавии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва Маркази варзишии сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг img
  • Ифтитоҳи фосилавии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва Маркази варзишии сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг img
  • Ифтитоҳи фосилавии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва Маркази варзишии сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг img
  • Ифтитоҳи фосилавии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва Маркази варзишии сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТИ ҒИЗОИ СОҲАВӢ Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» - Ташкилоти заминавии давлатҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои ғизои хонандагон баргузор гардид.   Дар маросими имзои созишнома муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир Бадриддин Музаффарзода, намояндагони вазорат, президенти Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» Владимир Чернигов ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.   Зимни суханронии худ муовини якуми вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи ҷониби Россия ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳими иҷтимоӣ, ташкили ғизои хонандагон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки имзои созишномаи ҳамкорӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими шарикӣ, густариши ҳамкориҳои касбӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб меравад.   Қайд гардид, ки масъалаи ғизои солим ва мутавозини кӯдакон бевосита ба саломатии насли наврас, самаранокии раванди таълим, рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии хонандагон алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи саломатии кӯдакон, беҳтар намудани шароити таҳсил ва такмили низоми ғизои мактабӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.   Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳамкории муштарак ба такмили низоми ғизои хонандагон, ҷорӣ намудани стандарту технологияҳои муосир, табодули таҷриба ва донишҳои коршиносӣ, такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва амалӣ мусоидат хоҳад кард.   Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди низоми ғизои мактабӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар назорати сифати ғизо, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадамро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Бояд гуфт, ки созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти такмили низоми ғизои мактабӣ, таҳияи ташаббусҳои муштарак, баргузории семинару конфронсҳо, омодасозии мутахассисон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст.   Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди низоми ғизои мактабӣ иброз намуданд.

    8

    14.05.2026
  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Саъдуллозода, ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода, мувоинони ректор, намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни ҷаласаи тақсимот масъулин оид ба муҳимияти иҷрои вазифаҳои касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, ба хатмкунандагон шарҳу тавзеҳ дода шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ, вазифаи ҳар як мутахассиси ҷавон аст, ки роҳхатҳои додашударо сари вақт амалӣ намуда, ба муассисаҳои таълимие, ки ба онҳо тақсим шудаанд, ҳозир шаванд.   Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон робитаи мустақим дорад. Иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд.   Дар ин баробар вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон ва нақши онҳо дар тарбияи насли наврас ибрози назар шуда, саҳми омӯзгорон дар ташаккули ҷомеаи босаводу маърифатнок муҳим дониста шуд.   Дар анҷом, барои равшан намудани баъзе масъалаҳои марбут ба раванди тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон, миёни мутахассисони ҷавон ва намояндагони Вазорати маориф ва илм саволу ҷавоб сурат гирифт.   Таъкид шуд, ки тақсимоти мутахассисони ҷавон қадами муҳим дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ба шумор рафта, барои таҳкими низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.

    16

    14.05.2026
  •  img
    ҲАМКОРИҲОИ МУШТАРАК ДАР САМТИ ҶОРӢ НАМУДАНИ КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ 14 майи соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мулоқоти ректори донишкада Наврӯз Мирзозода бо директори Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Веретенникова Лидия баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ Н. Ми­рзозода иброз намуд, ки Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои такмили ихтисоси Федератс­ияи Россия ба тасвиб расонидааст, аз ҷум­ла бо Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой.   Дар ин замина зарурати фаъолияти муштарак барои солҳои 2026-2027 дар самт­ҳои зерин: таҳияи барномаҳои муштараки бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, таҳия ва татбиқи барномаҳ­ои таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони Тоҷикис­тон, аз омӯзишҳо гуз­аронидани равоншинос­они муассисаҳои таъл­имӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми такмили ихтисоси омӯз­горон ва идоракунии сифати таҳсилот дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар фарҷом, роҳбарони ду муассиса ба мув­офиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик тат­биқи лоиҳаҳои мазкур­ро оғоз намоянд. Ҳамзамон, аз ҷониби меҳмонон барномаҳои таълимии бозомӯзии омӯзгорони фанни математика ва педагогика ва психология бо назардошти талаботи донишкада таҳия гардидаанд, барои мутобиқсозӣ пешниҳод гардид.

    16

    14.05.2026