02.11.2026

 img

2 ноябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоот ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Майдони Парчами давлатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии сокинон бунёд гардидааст. Иншоот барои баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, инчунин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти  Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шаҳристонро фосилавӣ оғоз бахшиданд. Бинои нав дорои 17 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, 6 ташхисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Фаъолияти марказ ба таҳкими назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани ташхисҳои зарурӣ муҳим арзёбӣ гардид.

 

Ҳамчунин, бинои чойхонаи миллӣ дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Чойхонаи мазкур нахустин чунин иншоот дар деҳаи Ободӣ буда, бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Он барои истироҳату фароғати сокинон ва баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ мегардад.

 

Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти фермаи чорвопарварӣ, ки дар деҳаи Ободӣ бунёд гардидааст, расман оғоз бахшиданд. Дар ферма барои нигоҳубину парвариши чорвои зотӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Таъкид гардид, ки фаъолияти иншооти истеҳсолӣ метавонад дар рушди соҳаи чорводорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас гузорад.

 

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро, ки дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таълимӣ барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

 

Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №62 воқеъ дар деҳаи Фатмовути ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Гуфта шуд, ки ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати фарогирии хонандагон бо таълиму тарбияи босифат муҳим мебошад.

 

Дар ноҳияи Айнӣ, инчунин, ду иншооти муҳимми иҷтимоӣ - муассисаи таҳсилоти томактабии Шукуфаҳои умед ва маркази фарҳангӣ дар деҳаи Шамтуч ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

 

Кӯдакистони Шукуфаҳои умед бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, барои 60 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар муассиса барои  таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Маркази фарҳангӣ бошад, бо мақсади ташкилу баргузории чорабиниҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдоди наврасону ҷавонон бунёд шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии Нозанинро, ки дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бунёд гардидааст, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи томактабӣ барои фарогирии 120 кӯдак пешбинӣ шуда,  дар он барои  таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани иншооти гуногун дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро дар самти рушди инфрасохтори маҳаллӣ, густариши фаъолияти истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуданд.

 

Таъкид гардид, ки ин иқдомҳо барои ободонии маҳал, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд заминаи мусоид мегузоранд.

  • Ифтитоҳи фосилавии 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ img
  • Ифтитоҳи фосилавии 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ img
  • Ифтитоҳи фосилавии 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ img
  • Ифтитоҳи фосилавии 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ img
  • Ифтитоҳи фосилавии 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ img
  • Ифтитоҳи фосилавии 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Истиқболи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 20 ноябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Дар доираи сафари корӣ сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин нақша доранд, як қатор масоили ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намоянд.

    92

    20.11.2026
  •  img
    Мулоқот бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.   Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуд.   Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кшвар имрӯз доираи васеи соҳаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва амниятиро дар бар мегиранд.      Ба натиҷаҳои мулоқоти Сарвари давлати мо бо Президенти ИМА ва нишасти сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1)”, ки соли гузашта дар Вашингтон доир гардиданд, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд. Ду ҷониб, ҳамчунин, раванди татбиқи мувофиқаҳои дар зимн бадастомадаро ба баррасӣ гирифтанд.   Ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо дар бахши саноати кӯҳӣ яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат қарор дошт.   Рушди ҳамкории судманд бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори шарикии ду кишвар арзёбӣ гардид.   Ҷонибҳо дар робита ба идомаи ҳамоҳангиҳои мақомоти соҳавии ду кишвар дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм,  таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ҳамчунин, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ибрози андеша намуданд.

    65

    18.11.2026
  •  img
    ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ 17 ноябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид ал-Амирӣ баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм ва намояндагони ҳайати сафорат иштирок намуданд.   Нахуст, вазири маориф ва илм меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, барои саҳми арзандаашон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт изҳори сипос намуд. Зимни суҳбат вазир таъкид кард, ки муносибатҳои ду кишвар дар тӯли беш аз се даҳсола бар пояи дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва эътимод рушд ёфта, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт моҳи ноябри соли 2024 ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба такони тоза бахшид. Ҳамзамон, рушди соҳаи маориф ва илм яке аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.   Дар идома вазир оид ба афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла, бунёду таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳоро манзур кард. Аз ҷумла, масъалаҳои густариши робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, анҷом додани таҳқиқоти муштарак, зиёд намудани шумораи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯйи ихтисосҳои муҳандисӣ, тиббӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои дақиқ, инчунин ҷалби маблағгузории иловагӣ барои сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазир ҳамчунин барои дастгирии Ҳукумати Давлати Кувайт ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодии араб дар самти сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ изҳори миннатдорӣ намуд.   Сипас, Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид ал-Амирӣ суханронӣ намуда, аз сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Кувайт изҳори қаноатмандӣ кард. Мавсуф таъкид дошт, ки робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун бар пояи эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак рушд намуда, соҳаи маориф ва илм яке аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ӯ омодагии ҷониби Кувайтро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар ин соҳа ва дастгирии ташаббусҳои пешниҳодшуда иброз дошта, таъкид намуд, ки ҷониби Кувайт барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун омода мебошад.   Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, роҳҳои амалисозии пешниҳодҳои зикршуда ва тақвияти робитаҳои минбаъда миёни муассисаҳои таълимӣ ва илмии ду кишварро баррасӣ намуда, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд изҳори омодагӣ карданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    119

    17.11.2026