06.10.2026
Дар деҳаи Охҷари Ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ корҳои таъмиру азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 анҷом ёфта, муассисаи мазкур ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи муассиса муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, менеҷери лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» Нарзия Азатуллозода, менеҷери амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Инду Ҷон-Абрахам, менеҷери кишварии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Гаэл Рабалланд, мутахассиси соҳаи маориф Алмира Закиева, мушовир оид ба робитаҳои ҷамъиятӣ Ҷаҳона Акбарова, муовини раиси ноҳияи Восеъ, намояндагони соҳаи маорифи ноҳия ва омӯзгорону хонандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Бинои муассиса барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар он 37 синфхона, аз ҷумла, лабораторияҳои фанҳои физика, химия ва биология, синфхонаи компютерӣ, Маркази инкишофи барвақтии кӯдак ва 29 синфхонаи умумитаълимӣ, инчунин, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷраи тиббӣ, хонаи омӯзгорон, толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхона ҷойгир шудаанд.
Дар ҳудуди муассиса инчунин ҳавзи зиддисӯхтор, дегхона, анбор ва манораи обфишор сохта шуда, корҳои ободонӣ ва маҳкам намудани гирду атрофи он анҷом дода шудаанд.
Дар муассиса 1371 хонанда, аз ҷумла 651 духтар, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар Маркази инкишофи барвақтии кӯдак 92 нафар, аз ҷумла, 43 духтар, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои 78 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар раванди таъмиру азнавсозии муассиса ба фароҳам овардани муҳити таълимии бехатар, фарогир, солим ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсил, аз ҷумла барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои эҳтиёҷоти махсус, роҳҳои дастрас, даромадгоҳҳо ва дигар унсурҳои зарурии муҳити дастрас пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон, муассиса бо шароити зарурии об, санитария ва гигиена таъмин гардида, нуқтаҳои дастшӯӣ ва ҳоҷатхонаҳои мувофиқ ташкил карда шудаанд. Барои духтарон низ шароити муносиб ва бехатари риояи гигиенаи шахсӣ пешбинӣ гардида, ҷудокунии санитарии писарону духтарон ба инобат гирифта шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва устувории муассиса ба таъсири тағйирёбии иқлим, истифодаи равшанидиҳии самаранок, беҳтар намудани низоми гармидиҳӣ ва нигоҳдории ҳарорати мувофиқ дар дохили бино пешбинӣ шудааст.
Яке аз самтҳои муҳимми муассисаи нав фароҳам овардани инфрасохтори муосири таълимӣ ва рақамӣ мебошад. Синфхонаи компютерӣ ва шароити зарурӣ барои истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди малакаҳои рақамии хонандагону омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъмиру азнавсозии МТМУ №3-и ноҳияи Восеъ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар самти беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва таъмини муҳити бехатару фарогири таълимӣ ба ҳисоб меравад.