10.11.2026

 img

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд. 

 

Муассисаи давлатии литсеи Дурахшандагон дар шаҳри Душанбе, дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо 160 курсӣ, китобхона, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, хобгоҳ, ҳуҷраи шоҳмот, ду толори варзишӣ барои мусобиқаҳои волейболу футболи хурд ва тамрини муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.

 

Гуфта шуд, ки дар муассисаи нави таълимӣ барои таҳсили 640 хонанда шароит фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаҳои фанҳои дақиқ, лингафонӣ ва зеҳни сунъӣ хонандагон метавонанд донишҳои муосирро аз бар намоянд.

 

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 бори нахуст дар литсей наврасон аз синфи 8 ба таҳсил фаро гирифта шуд ва минбаъд қабули довталабон тариқи озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ сурат мегирад.  

 

Бинои хобгоҳи литсей дорои 69 ҳуҷра буда, барои 400 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он тибқи талабот барои зисти наврасон шароит фароҳам гардидааст.

 

Дар саҳни бино майдончаи сафороӣ ва лавҳаи хотиравӣ бунёд гардида, нимпайкараи намояндагони илму адаби тоҷик гузошта шудааст. Ҳамчунин, 3 майдончаи варзишӣ барои обутоби бадан ва баргузории мусобиқаҳои футболи хурду волейбол бунёд гардидааст, ки ба тарбияи ҷисмонии наврасон мусоидат мекунад.

 

Зикр гардид, ки бунёди иншооти нав ва фароҳам овардани шароити зурурии барои таҳсил натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Роҳбари давлат ба ҷавонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба омода намудани кадрҳои баландихтисос ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта мусоидат мекунад.

 

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоякунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъминкунандаи волояти қонун ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, наврасон аз хурдӣ дар ин муассисаи барҳавои таълимӣ бояд бо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, садоқат ба пешаи пуршарафи хизматчии низомӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ ба камол расанд.

 

Ҳамчунин, Пешвои миллат масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва омӯзгоронро барои истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшуда, бо усулҳои муосири педагогию низомӣ ба роҳ мондани раванди таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба камол расонидани хизматчиёни ояндаи низомии кишвар вазифадор намуданд.

  • Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 8 иншооти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 8 иншооти соҳаро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.   Нахуст, маҷмуи биноҳои истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.   Гуфта шуд, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бунёд гардидааст.   Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал се қисмати ин биноҳо мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дорои 80 манзили истиқоматӣ мебошанд.   Марҳилаи якуми осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак аз иншооти дигаре буд, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, истироҳат ва беҳдошти саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо бунёд гардидааст.   Осоишгоҳ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари диёр, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва муҳити табиӣ барои ташкили истироҳату солимгардонӣ имкониятҳои хуб дорад.   Дар идома, инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ бинои нави қисми мустақили 42-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Панҷро ба истифода доданд.   Бино бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани имконоти мусоид барои фаъолияти самараноки ҳайати шахсии қисми оташнишонӣ бунёд гардидааст.   Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар сохта шуда, дар он барои 40 корманди қисми оташнишонӣ шароити зарурии кору хизмат фароҳам оварда шудааст. Он дорои ҳуҷраҳои хизматӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Ҳамчунин мошинсарои махсус барои нигоҳдории се нақлиёти махсуси оташнишонӣ бунёд ёфтааст.   Ҳамчунин, ба таври фосилавӣ бинои дидбонгоҳи тобеи қисми 62-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд.   Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дидбонгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҳайати шахсӣ, таъмини саривақтии вокуниш ба ҳодисаҳои сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода, инчунин, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва молу мулки онҳо таъсис дода шудааст. Он дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва таълимӣ барои 20 нафар, хобгоҳ, ошхона, мошинсарой ва дигар шароити зарурии хизматӣ мебошад.   Дар идома, Сарвари давлат ба таври фосилавӣ воситаҳои нақлиёти оташнишонии тамғаи ХОВО, ки аз ҷониби корхонаи маҷмуи васли нақлиёти оташнишонии сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ истеҳсол шудааст, намоиш дода шуд.   Таъкид гардид, ки корхонаи воҳиди давлатии маркази васлу насби нақлиёти оташнишонии назди сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст. Он ба васлу омодасозии воситаҳои наклиёти махсуси оташнишонӣ дар базаи шассиҳои ХОВО машғул мебошад.   Гуфта шуд, ки васл ва истеҳсол ва васли ин техника дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки хариди воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ кам шуда, ҷузъу томҳои сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ саривақт бо техникаи муосири ватанӣ таъмин шаванд.   Дар ин рӯз, бинои нави шуъбачаи милитсияи шаҳраки Соҳили рости шаҳри Хуҷанд низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Бинои нав дорои 30 ҳуҷраи корӣ буда, бо шароити зарурии корӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Иншоот, ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои хобу истироҳат ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.   Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани чунин бинои замонавӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти кормандони милитсия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва тақвияти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Ҳамчунин, дар ин ҷо, бинои маъмурии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Шаҳритуси шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти мазкур дар заминаи сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандон амалӣ гардидааст.   Таъмини кормандони милитсия бо шароити арзандаи корӣ барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии қонунвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.   Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншооти муҳим бозгӯ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба таҳкими заминаҳои моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои кормандони милитсия мебошад.

    0

    10.11.2026
  •  img
    Корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғдро ба истифода доданд.   Зимни шиносоӣ ба Сарвари кишвар иттилоъ дода шуд, ки иқтидори технологияи насбшуда истеҳсоли 65 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро дар бар гирифта, дар корхона 60 ҷойи корӣ муҳаё гашт.   Тавлиди нӯшокиҳои табобатии алоэ-вера, чойи хунук ва шарбати мева самти асосии фаъолияти корхона ба шумор меравад. Оби нӯшокии алоэ-вера барои рӯдаю меъда хусусияти табобатӣ дорад ва тақрибан 60 фоизи маҳсулоти корхона барои содирот пешбинӣ шудааст. Дар хатти якуми технологӣ зарф бо андозаҳои гуногун ва дар хатти дуюм маҳсулоти ташнагишикан истеҳсол карда мешавад.    Гуфта шуд, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар доираи дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши хусусӣ аз ҷониби Саидамон ва Ҷаҳонгирхон Исомиддинзодаҳо бунёд шудааст.  Технология аз Италия, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ барои табодули таҷриба ва истеҳсоли маҳсулоти босифат дар корхона мусоидат мекунад.   Корхона аз ду хатти технологӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва бинои маъмурӣ иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои корию маҷлисгоҳи бинои маъмурӣ мутобиқ ба талабот шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.   Таъсиси корхона имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли оби нӯшокии алоэ-вера дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад ва вобастагӣ аз воридоти ин намуди маҳсулоти саноатӣ коҳиш ёбад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии шаҳрвандон ба кор ва ноил шудан ба саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуда, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи муфид аз имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ ва дигар дастгириҳои Ҳукумати кишвар ҳидоят намуданд.   Таъкид гардид, ки ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 29 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул буда, соли равон аз ин шаҳраки саноатӣ ба 12 давлати дуру наздик маҳсулот содир карда шудааст.   Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар 9 моҳи соли 2026 ба маблағи умумии 485 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 66 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

    153

    03.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи бинои тарабхонаи Форел Платинум ва муаррифии лоиҳаҳо дар шаҳри Хуҷанд 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои тарабхонаи Форел Платинум дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷандро мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти хуштарҳи замонавӣ дар соҳили Сирдарё бо иқдоми ҶДММ Гулмоҳии Хуҷанд ва соҳибкори ватандӯст Муҳсин Шодиев бунёд гардидааст.   Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки тарабхона ва базмгоҳ бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сангҳои мармар бунёд гардида, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию миллӣ, тӯйи домодию арӯсӣ, қабули меҳмонону сайёҳон ва хизматрасонии сатҳи баланд пешбинӣ гардидааст.   Дар тарабхонаи Форел Платинум мутахассисон ва пазандаҳои моҳир, асосан гулмоҳӣ, хӯришҳо ва дигар навъҳои хӯроки милливу аврупоиро ба таври дудпаз, бирёнӣ ва обпаз ба меҳмонону сайёҳон пешниҳод менамоянд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари ошпазҳои корозмуда ва моҳири маҳаллӣ, ошпазҳои соҳибкасб аз дигар кишварҳо низ ба кор ҷалб гардидаанд.   Дар тарабхонаи Форел Платинум дастгоҳу таҷҳизоти системаи ягонаи гармидиҳӣ, сарднамоӣ ва ҳавокашии Чиллер аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.   Дар тарабхона, ҳамчунин, нонвойхона фаъолият менамояд, ки дар он маҳсулоти гуногуни нонӣ бо таъму лаззати хос пешниҳоди мизоҷон мегарданд.   Гуфта шуд, ки Форел Платинум сеюмин тарабхонаест, ки бо иқдоми созандаи соҳибкор Муҳсин Шодиев таъсис дода шудааст. Яке аз он тарабхонаҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ, соҳили дарёи Душанбе ва 2-тои дигар дар соҳили Сирдарё қомат афрохта, хизматрасонии сатҳи баландро ба роҳ мондаанд.   Барои истироҳати меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир қаиқҳо низ фаъоланд, ки бо майлу хоҳиши сайёҳон қаиқронҳо метавонанд барои сайругашти обӣ ба онҳо хизмат намоянд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сокини шаҳри Хуҷанд устои гаҷкор Мирзораҳим Қодирӣ қаиқи наву замонавӣ дар муддати 1 сол сохта шуд, ки барои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир омода аст.   Сарвари давлат ба иқдоми созандаи Мирзораҳим Қодирӣ баҳои баланд дода, ба ӯ ва масъулони дахлдор дастуру тавсия доданд, ки дар оянда истеҳсоли навъҳои гуногуни қаиқҳоро ба роҳ монанд, то аз чунин маҳсулоти ватании сифати баланд дар ҳамаи рӯдҳои калон ва обанборҳои  кишвар истифода шавад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкоронро дар ободонии Ватан намунавӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар баробари ҷалби ошпазҳои соҳибкасби хориҷӣ, ба масъалаи тайёр кардани ошпазҳои моҳири сатҳи байналмилалӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ низ диққати ҷиддӣ диҳанд ва хизматрасониву ҷалби сайёҳонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.    Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона ва базмгоҳи Форел Платинум 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.     Дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев марҳилаи 1, таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ марҳилаи 2, мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё марҳилаи 3, таҷдиди хиёбони Истиқлол марҳилаи 4 муаррифӣ карда шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки дарозии пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев, тибқи лоиҳа, 200 метрро ташкил дода, паҳноии умумии он бо 4 хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт ва бо назардошти пиёдароҳҳо 25,55 метрро ташкил медиҳад.   Дар пули мошингузар 7 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 84 болори мустаҳкам насб карда мешавад.   Дар марҳилаи 2 таҷдиди ду пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои дарёи Сир бо дарозии 275 метр бо 8 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 140 болор бунёд хоҳад шуд.   Дарозии умумии роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё 3,8 километр бо ду хатти ҳаракат аз ҳарду самт ва дарозии роҳи таҷдидшавандаи хиёбони Истиқлол 3,2 километр бо се хатти ҳаракат аз ҳар ду самтро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа насби қубурҳои обпарто, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ ва бунёди низоми равшанидиҳии роҳ пешбинӣ гардидааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки зимни корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои мошингузар, ба сифати маҳсулот ва кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои рушди инфрасохтори шаҳр, рафту омади бемамониати сокинону меҳмонон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот нақши муҳим дорад.   Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи Ҳилтон, маҷмааи меҳмонхонаи Истиқлол ва навсозии меҳмонхонаи Хуҷанд дар шаҳри Бустон муаррифӣ карда шуд.

    145

    03.11.2026