24.10.2025

 img

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Муассисаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.

 

Муассисаи навбунёд барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 4 синфхонаи ибтидоӣ, 5 синфхонаи фаннӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи умумии таълимӣ, ҳуҷраи кории омӯзгорон ва китобхона мебошад, ки дар онҳо имконоти ҳозиразамон ва лавозимоту аёнияти таълимӣ муҳайё гардидааст.

 

Дар китобхонаи муассиса беш аз 1500 адабиёти илмию бадеӣ маҳфуз аст ва хонандагон бо китобҳои дарсии нав таъмин гардидаанд.

 

Иштироки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ назаррас буда, соли 2024 як хонандаи он дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардидааст.

 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ бо назардошти осон намудани мушкили хонандагон, ки қаблан барои таҳсил тақрибан 2 киллометр роҳро аз мавзеъҳои душворгузар тай менамуданд ва дар фасли зимистон пешорӯи мушкилӣ мегардиданд, бунёд ёфтааст. Сохтмони бинои мактаб соли 2024 оғоз гардида, он бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талабот пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд.

 

Ҷиҳати тақвияти ҷаҳонбинии хонандагон ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаи таълимӣ синфхонаи забонҳои хориҷӣ омода шуда, омӯзгорони соҳибкасб ба кор ҷалб гардидаанд.

 

Дар синфхонаҳои таълими меҳнат низ бо мақсади сайқал додани малакаи хонандагон дастгоҳ ва асбобу анҷоми лозима харидорӣ ва насб шудааст. Аз ҷумла синфхонаи таълими меҳнат барои духтарон бо 8 дастгоҳи дӯзандагӣ таъмин гардида, дар доираи маҳфили дохилимуассисавии “Дастони моҳир” ба духтарон ҳунарҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ ва пазандагӣ омӯзонида мешавад. Ҳамчунин дар синфхонаи таълими меҳнат барои писарон дастгоҳҳои пармакунии чубу оҳан, суфтакунии тахта, челонгарӣ, арраи барқӣ ва олоти кандакорӣ дастрас карда шудааст, ки ба раванди касбомӯзии хонандон таъсири мусбат мерасонад.

 

Дар иншооти навбунёд системаи ягонаи гармидиҳӣ мавҷуд буда, дар фасли зимистон синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои кории муассиса бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин ва омӯзгорони муассиса дастур доданд, ки истифодаи самараноки шароиту имконоти муҳайёшударо ба манфити кор ба роҳ монда, дар тақвияти донишу малакаи хонандагон, тарбияи ин қишри ояндасоз дар рӯҳияи  ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, омода намудани онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар маҳал таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона созанд.

 

Атрофи муассисаи мазкур бо гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишию ҳамешасабз оро дода шуда, дар идомаи тадбирҳои ободонӣ роҳи муассиса  то роҳи асосии деҳа мумфарш гардидааст.

  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара img

Хабарҳои дигар

  •  img
    MAKTABMOBILE.TJ - ПЛАТФОРМАИ НАВИ РАҚАМИИ ТАЪЛИМ ДАР ТОҶИКИСТОН Соҳаи маорифи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ва инноватсия ворид мегардад. Дар замони пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотӣ, истифодаи васеи воситаҳои рақамӣ дар ҷараёни таълим дигар на танҳо як ниёз, балки зарурат мебошад. Дар ҳамин замина, платформаи нави миллии таълимии Maktabmobile.tj дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ мавриди озмоиши пилотӣ қарор гирифт.   Дар доираи ин озмоиш, имрӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар семинарҳои омӯзишӣ ва муаррифии платформа баргузор гардиданд. Дар ин чорабиниҳо намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва мутахассисони соҳаи технология ширкат варзиданд.   Ҳадафи асосии семинар шинос намудани омӯзгорон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ бо имкониятҳои васеи платформаи Maktabmobile.tj мебошад. Иштирокчиён бо равандҳои сабти ном, идоракунии дарсҳо, боргузории маводҳои таълимӣ, ташкили имтиҳонҳои онлайн ва пайгирии натиҷаҳои хонандагон шинос шуданд.   Ин низом имконият фароҳам меорад, ки омӯзгорон ва хонандагон дар муҳити ягонаи рақамӣ фаъолият кунанд, дарсҳоро фосилавӣ омӯзанд ва ба китобҳою супоришҳои электронӣ дастрасӣ дошта бошанд.   Платформаи Maktabmobile.tj як қадами муҳим дар роҳи рақамисозии низоми маориф дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Он метавонад сатҳи таҳсилро боло бурда, равандҳои идоракунии таълимро шаффоф ва муосир гардонад. Бо татбиқи пурраи он, хонандагон аз ҳар гӯшаи кишвар ба маводи таълимӣ ва фанҳои зарурӣ дастрасӣ хоҳанд дошт.   Озмоиши пилотӣ дар ду минтақа — Бохтар ва Хуҷанд, оғози марҳилаи нави рушди муассисаҳои таълимии рақамӣ мебошад. Иштирокчиён аз кори система изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои истифодаи васеи он дар раванди таълим баён доштанд.   Maktabmobile.tj — ин на танҳо як вебсайт ё барномаи мобилӣ аст, балки як қадами муҳими Тоҷикистон ба сӯи маорифи рақамӣ ва таҳсили дастрас барои ҳама мебошад. Семинарҳои омӯзишии баргузоршуда нишон доданд, ки омӯзгорон ва хонандагон омодаанд бо технологияи нав ҳамқадам шаванд.   МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАҲЛИЛ, ИТТИЛООТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ

    46

    23.10.2025
  •  img
    Ба истифода додани бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Данғара 23 октябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои нави Раёсати  маорифи ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.   Бинои бошукўҳ аз 7 ошёна ва 157  ҳуҷраи корӣ иборат буда, он дар доираи истиқболи  сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд шудааст.   Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дар масоҳати 0,88 гектар  бунёд гардида, дар он шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст.   Бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғара дорои ду маҷлисгоҳи  барҳаво дар маҷмуъ бо 500 ҷойи нишаст мебошад.   Ҳамзамон дар бино 2 лифти замонавӣ насб гардидааст.   Ин бинои хуштарҳу замонавӣ дорои китобхона ва ошхона бо 140 ҷойи нишаст буда, ҳамчунин ҳуҷраҳои мусоиди корӣ муҷаҳҳаз бо муосиртарин технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ аз бартариятҳои дигари иншоот ба шумор меравад, ки ба ноҳия ҳусни дигар зам кардааст.   Шароити фароҳамгардида дар бинои нав барои 40 корманд имконият медиҳад, ки минбаъд аҳли маориф фаъолияти худро ҷоннок намуда, дар рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму табрияи насли худогоҳу ватандӯст саҳми намоён гузоранд.   Атрофи бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғара чароғон ва сабзу хуррам гардонида шудааст.    Ҳоло дар ноҳияи Данғара 85  муассисаи таълимӣ бо фарогирии 53 ҳазору 646 хонанда фаъолият дорад. Соли равон тибқи Квотаи Президентӣ 18 хатмкарда ба макотиби олии кишвар дохил шуданд, ки 9 касашон духтарон мебошанд. Ҳамзамон барои таҳсили солҳои 2025-2026 454 омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузаштаанд.   Дар идомаи таҳсили соли 2025 хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 171 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 22 медали нуқра ва 136 медали биринҷӣ, гардиданд.      Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо иншооти нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба аҳли маорифи ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани сифати тадрис, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ  ва риёзӣ дастуру тавсияҳо доданд.

    45

    23.10.2025
  •  img
    ИШТИРОКИ 25 НАФАР ХОНАНДАИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ КАСТИНГИ "БЕҲТАРИН РОВИИ НАВРАС-2025" Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври ниҳоии кастинги шаҳрии «Беҳтарин ровии наврас – 2025» ба кори худ оғоз намуд.   Дар оғоз меҳмононро сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди суханварӣ, малакаи ровигӣ ва ташаккули фарҳанги нутқ дар байни насли наврас муҳим арзёбӣ намуд.   Зимни суханронии ифтитоҳӣ ӯ таъкид дошт, ки чунин иқдомҳо на танҳо ба таҳкими зеҳну сухани кӯдакон ва наврасон мусоидат мекунанд, балки дар оянда онҳо метавонанд ба сифати ровиёни боистеъдод, журналистон ва чеҳраҳои фаъоли фарҳангӣ ба ҷомеа хизмат намоянд.   Ба иттилои масъулин, дар марҳилаҳои қаблӣ — аз даврҳои муассисавӣ то ноҳиявӣ — дар маҷмӯъ 3567 нафар хонандагони синну соли гуногун ширкат варзиданд. Аз миёни онҳо 100 нафар беҳтарин ровиёни ҷавон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, имрӯз барои дарёфти унвони «Беҳтарин ровии наврас – 2025» миёни ҳам рақобат доранд ва бояд гуфт, ки кастинг давоми ду рӯз 23-24 октябр дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.   Тибқи нақша, ғолиби ниҳоии кастинг дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому ҷоизаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» сарфароз гардонида хоҳад шуд.   Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин озмунҳо дар пойтахт ба ҳадафи рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, фарҳангии хонандагон ва ташаккули шахсияти эҷодкору ватандӯст равона гардидааст.

    42

    23.10.2025