07.05.2026
Имрӯз, 7 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон бо шароити фароҳамгардидаи таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва имкониятҳои илмии донишгоҳ шинос шуданд. Сипас, маросими расмии ифтитоҳи Олимпиада оғоз гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат Ҳ. Саидзода, ректори донишгоҳ Ш. Мӯъминзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қайд гардид, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо мақсади муайян намудани донишҳои энсиклопедии фаннӣ, такмили роҳу усулҳои таълим, рушди фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, дарёфти чеҳраҳои лаёқатманди илмию зеҳнӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни донишҷӯёни минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор мегардад.
Зимни суханрониҳо махсус таъкид шуд, ки доир намудани олимпиада дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва устувор гардидани аҳду паймони рафоқат байни донишҷӯён мусоидат намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият мебахшад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки баргузории олимпиада дар бинои нави донишгоҳ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 29 марти соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди илму маориф ва фароҳамсозии шароити арзандаи таҳсил барои ҷавонон мебошад.
Таъкид гардид, ки баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумати кишвар ба рушди илму маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа мебошад. Зеро дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳамсозии шароити муосири таълиму тарбия, рушди тафаккури илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос заминаи устувор гузошта шуд.
Бинобар иттилои кумитаи тадорукот, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии имсола 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок менамоянд. Озмун аз рӯйи 15 фанни таълимӣ дар доираи ду равия — фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фанҳои табиатшиносию риёзӣ баргузор мегардад.
Тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои супоришҳо ба донишҷӯён вақти муайян ҷудо гардида, ҷиҳати таъмини шаффофият ва баҳогузории одилона коршиносони соҳавӣ аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кори доварӣ ҷалб шудаанд.
Дар анҷоми қисми ифтитоҳӣ иштирокчиён аз ҷониби масъулини кумитаи тадорукот бо тартиби баргузории Олимпиада шинос карда шуда, тибқи фанҳои таълимӣ ба синфхонаҳои имтиҳонӣ ҷудо гардиданд.