04.10.2026

 img

Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иншооти дигари тозабунёд дар маркази шаҳри Кӯлоб мебошад, ки 4 октябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

 

Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ин бинои бисёрошёна барои кормандони 20 шуъба ва гурӯҳҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб шароити муосири хизматӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Бинои қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд шуда, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба кормандони ин мақомот гардид.

 

Дар ин ҷо барои мутахассисони шуъбаву гурӯҳҳо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, ҳуҷраи хоб ва дигар шароити зарурӣ таъмин шудааст.

 

Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 354 курсӣ, ошхона, меҳмонхона, толори варзиш, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои зарурӣ мебошад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандони соҳа, онҳоро ба хизмати софдилона ба Ватан ҳидоят намуданд.

 

Ба таъкиди Роҳбари давлат, дар замони ҷаҳонишавӣ бояд ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳушёру зирак бошад, донишу малакаи худро сайқал диҳад, дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ софдилонву содиқона хизмат намояд.

  • Ифтитоҳи қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб img
  • Ифтитоҳи қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб img
  • Ифтитоҳи қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб img
  • Ифтитоҳи қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб img
  • Ифтитоҳи қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МАҚОМИ ОМӮЗГОР ДАР СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: АЗ РИСОЛАТИ ИНСОНСОЗӢ ТО МАСЪУЛИЯТИ ОЯНДАСОЗӢ Омӯзгор дар ҳаёти ҷомеа мақоми муҳим дорад. Ӯ бо омӯзонидани хондану навиштан дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, худшиносӣ ва интихоби роҳи зиндагии инсон саҳм мегузорад. Аз ин рӯ, дар тӯли таърих устодро роҳнамо ва тарбиятгари наслҳо донистаанд. Дар ашъори адибони классик ва муосири тоҷик низ симои устоду омӯзгор бо эҳтиром таҷассум ва тараннум ёфтааст. Ин қадршиносӣ ифодагари он аст, ки пешрафти ҷомеа ба сатҳи дониш ва тарбияи наслҳои он, ҳамчунин, ба ҷойгоҳи омӯзгор иртиботманд мебошад.   Дар даврони соҳиб­истиқлолӣ рушди маориф ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва тадбирҳои дастгирии омӯзгорон аз таваҷҷуҳ ба ин соҳа шаҳодат медиҳанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» низ заминаи ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва дастгирии иҷтимоии омӯзгорро таҳким мебахшад. Дар суханрониҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба рисолати омӯзгор пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Омӯзиши ин суханрониҳо имкон медиҳад, ки симои омӯзгори муосир аз чанд ҷиҳат баррасӣ гардад: тарбиятгари инсон, роҳнамои насли нав­рас, посдори арзишҳои миллӣ, омодакунандаи мутахассисони оянда ва маърифатафзои ҷомеа. Дар баробари ин, омӯзгор бояд донишу маҳорати касбии худро пайваста такмил диҳад. Масъалаҳои шароити кор, дастгирии моддӣ ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор низ бо иҷрои ҳамин рисолат пайванд мегирад.   Яке аз аҳдофи меҳварии суханрониҳо таъкиду тавзеҳи рисолати инсонсозии омӯзгор аст. Ин андеша дар суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳи соли 2024 ба таври равшан баён шудааст: кӯдак бо донишу таҷрибаи маҳдуд ба мактаб меояд ва омӯзгор дар солҳои таҳсил ба ташаккули савод, ҷаҳонбинӣ ва шахсияти ӯ мусоидат мекунад. Пешвои миллат ин заҳматро «рисолати инсонсозии омӯзгор» маънидод намуданд. Аз ин дидгоҳ, натиҷаи фаъолияти омӯзгор дар тарбияи шогирд ба қобилияти мустақилона андешидан, истифодаи дониш дар зиндагӣ, муносибати нек бо дигарон ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа низ зоҳир мегардад. Омӯзгор дар суханрониҳои Пешвои миллат ҳамчун шахсе муаррифӣ мешавад, ки ҳам ба камолоти фард ва ҳам ба пешрафти ҷомеа таъсир мерасонад.   Дар суханронии соли 2013 омӯзгори дилсӯзу бомаърифат «чароғи маърифат ва боигарии миллат» арзёбӣ шудааст. Ин баҳо ду ҷанбаи касбро ифода мекунад: омӯзгор ҳам донишро паҳн менамояд ва ҳам барои миллат сармояи маънавӣ ба вуҷуд меорад. Дар суханронии соли 2016 таъкид шудааст, ки омӯзгор бояд ба таълим ва тарбия баробар таваҷҷуҳ намояд, зеро ин ду ҷузъ якдигарро такмил медиҳанд. Дидгоҳи мазкур барои муайян кардани мақоми омӯзгор аҳаммияти хосса дорад. Агар таълим ба шогирд дониш ва маҳорати амалӣ диҳад, тарбия дар истифодаи дурусти он дониш роҳнамоӣ мекунад. Аз ин нигоҳ, омӯзгори муваффақ онест, ки шавқи омӯзиш, ростқавлӣ, эҳтиром ба дигарон, масъулиятшиносӣ ва қобилияти мустақилона фикр карданро дар хонанда инкишоф медиҳад. Дар суханронии соли 2015 Сарвари давлат низ ба баробар инкишоф додани таълиму тарбия ҳамчун шарти ба камол расидани шахсиятҳои солиму соҳибмаърифат ишора намудаанд.   Дар зимн, дар суханрониҳо нақши падару модар ва ҳамкории онҳо бо муассисаи таълимӣ таъкид мегардад. Аммо омӯзгор дар ин раванд мавқеи хос дорад, зеро ӯ фаъолияти таълимию тарбиявиро бо дониш ва маҳорати касбӣ тавъам ба роҳ мемонад, пешрафти шогирдро пайваста мушоҳида мекунад ва метавонад мушкилоти ӯро сари вақт дарк намояд.   Яке аз андешаҳои умдаю меҳ­варӣ дар суханрониҳои Пеш­вои миллат вобастагии рушди кишвар ба сатҳи рушди маориф ва фаъолияти омӯзгор мебошад. Дар суханронии соли 2013 омадааст: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад». Ин сухан мақоми омӯзгорро ба масъалаи ояндаи миллат мепайвандад. Дарвоқеъ, барои пешрафти иқтисод, тандурустӣ, сохтмон, илм, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ мутахассисони босавод заруранд. Пояи дониш ва муносибати онҳо ба меҳнат аз мактаб ва дигар зинаҳои таҳсилот гузошта мешавад. Дар суханронии соли 2026 низ ҳамин андеша ба таври мушаххас шарҳ ёфтааст: саломатии мардум, бунёди иншоот, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёт аз фаъолияти мутахассисоне вобастаанд, ки низоми маориф онҳоро ба камол мерасонад.   Дар суханрониҳои Пешвои миллат ба омӯзгор ҳамчун шахси таъсиргузор дар тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ҷомеа назар карда мешавад ва пайваста таъкид мегардад, ки таҳкими истиқлол ва давлатдории миллӣ бо худшиносӣ, дониш ва ахлоқи ҳамида иртибот дошта, устодону омӯзгорон бояд дар ин самт намунаи ибрат бошанд. Ба ин маънӣ, аз омӯзгорон даъват шудааст, ки аҳаммияти сулҳу ваҳдати миллиро мунтазам дар раванди дарсҳо ва машғулиятҳои дигар ба шогирдон шарҳ диҳанд.   Дар суханронии соли 2026 саҳми аҳли маориф дар тақвияти истиқлол, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ ва роҳнамоии мардум ба сулҳу ваҳдат муҳим арзёбиву қадршиносӣ шудааст. Омӯзгор бояд ба шогирд фаҳмонад, ки сулҳ барои таҳсил, зиндагии осоишта ва пешрафти ҷомеа чӣ имконият медиҳад, эҳтиром ба қонун, падару модар ва арзишҳои миллӣ дар рафтори ҳаррӯза чӣ гуна зоҳир мешавад.   Мақоми баланди омӯзгор дар суханрониҳо бо талабот ба маҳорати касбӣ ҳамроҳ аст. Дар суханрониҳои Пешвои миллат изҳор мешавад, ки пешрафти босуръати илму техника сатҳу сифати таълимро баланд мебардорад, зарурати аз худ кардани воситаҳои техникии таълим, китобхонаҳои электронӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба миён меорад. Ин талабот аз тағйир ёфтани муҳити омӯзиш бармеояд. Хонандаи имрӯз метавонад маълумотро аз сарчашмаҳои гуногун пайдо кунад. Дар чунин шароит омӯзгор бояд дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ бошад, ба шогирд дар фаҳмидан, муқоиса кардан ва истифодаи дурусти техонологияи рақамӣ ёрӣ расонад. Истифодаи технология вақте судманд мешавад, ки ба мақсади равшани таълимӣ хидмат кунад ва омӯзгор усули мувофиқро интихоб намояд.   Дар суханронии соли 2023 такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон омили мутобиқ шудани фаъолияти онҳо ба талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ шудааст. Дар суханронии соли 2024 масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгорон бо ҳадафи ба камол расидани миллати босавод ва рушди илмии кишвар муҳимму калидӣ тавсиф мешавад. Дар суханронии соли 2025 бошад, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ бо иқтисоди рақамӣ, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва муосирсозии таҳсилот алоқаманд дониста шудааст. Ҳамин тавр, омӯзгор дар ин суханрониҳо ҳам омӯзонанда ва ҳам омӯзандаи доимӣ мебошад. Эҳтиром ба касби ӯ зарурати нав кардани дониш ва маҳорати касбиашро аз байн намебарад, баръакс, онро такмил мебахшад.   Таҳлили мақоми омӯзгор бе баррасии шароити зиндагӣ ва фаъолияти ӯ пурра намешавад. Дар суханрониҳо ин масъала низ ҷойгоҳи муҳим дорад. Аз соли 2009 дар бораи сохтмони биноҳои таълимӣ ва манзил барои омӯзгорон то таъкидҳои соли 2026 оид ба беҳтар намудани имконоти моддии аҳли маориф, ғамхорӣ нисбат ба омӯзгор ҳамчун ҷузъи рушди соҳа матраҳ шудааст.   Соли 2024 Пешвои миллат бо ишора ба кафолати қонунии шаъну шарафи омӯзгор таъкид намудаанд: «Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст». Дар ҳамин суханронӣ зарурати таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба миён гузошта шуд. Соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид.   Ин омилҳои созанда нишон медиҳанд, ки баланд бардоштани мақоми омӯзгор тадриҷан вусъат ёфта, ҳифзи шаъну шараф, шароити муносиби кор, дастгирии иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва имкони рушди касбӣ низ ҳамвора дар мадди назари Давлат ва Ҳукумат қарор дорад. Дар баробари ин, суханронии соли 2024 ба масъулияти худи омӯзгор ишора мекунад: муҳаббат ба касб, ирода, касбият ва рафтори намунавӣ ба обрӯи ӯ дар ҷомеа таъсир доранд. Яъне, мақоми омӯзгор аз ҳамкории ду ҷониб устувор мегардад – дастгирии давлату ҷомеа ва фаъолияти содиқонаву босифати худи омӯзгор.   Дар суханронии соли 2025 омӯзгорон «машъалафрӯзони ҷомеа» номида шуда, ба ҳайати бузурги омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолияти олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ишора шудааст. Дар ин таъкид омӯзгорон қувваи бузурги зеҳнӣ ва маънавии кишвар муаррифӣ мешаванд. Аҳаммияту тавонмандии ин неру ба сатҳи дониш, ҳамкории устодон, пайванди мактаб бо оила ва ба он вобаста аст, ки ҳар омӯзгор то чӣ андоза метавонад қобилияти шогирдро бишиносад ва рушд диҳад. Ҳамзамон, қадр кардани омӯзгор маънои ба қадри вақт, дониш ва таҷрибаи ӯ расиданро дорад. Ҷомеае, ки аз омӯзгор натиҷаҳои баландро интизор аст, бояд барои иҷрои босифати ин вазифа шароити зарурӣ низ фароҳам оварад.   Дар асоси суханрониҳои Пешвои миллат мақоми омӯзгорро метавон чунин муайян кард: омӯзгор шахси донишманду масъулест, ки бо таълим ва тарбия инсонро ба камол мерасонад, барои ҳамаи соҳаҳои ҷомеа заминаи интеллектуалӣ ва сармояи инсониро фароҳам месозад ва дар ҳифзу рушди арзишҳои миллӣ саҳм мегузорад. Ин мақом ҳам эҳтироми ҷомеаро тақозо мекунад, ҳам дастгирии давлатӣ ва ҳам такмили пайвастаи маҳорати худи омӯзгорро.   Қазовати меҳварии суханрониҳо он аст, ки ояндаи миллат аз сатҳу сифати тарбияи насли имрӯз вобаста буда, омӯзгор дар меҳвари ин раванд қарор дорад. Ҳар қадар дониш, масъулият ва имконоти фаъолияти омӯзгорон бештар бошад, ҳамон андоза барои пешрафти ҷомеа ва ояндаи кишвар қадамҳои устувор гузошта мешавад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад».   Насриддин ОХУНЗОДА, «Омӯзгор»

    3

    05.10.2026
  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шумо ва ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддун, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва бақову пойдории миллату давлат мебошад, самимона табрик мегӯям.   Забони ширину гӯшнавози тоҷикии форсӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун унсури асосии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо хизмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолати муқаддасро бо тавонмандии бештар иҷро карда истодааст.   Он ҳамчун арзишмандтарин ёдгори аҷдоди ориёии мо дар паҳнои таърихи пур аз шебу фароз, вале пурифтихори худ тавассути андешаву қалами фарзандони фарзонаи миллат ҳама гуна монеаҳоро убур карда, роҳи рушди худро идома бахшидааст.   Забони тоҷикӣ, ки инъикосгару муаррифгари андешаву афкори миллӣ ва арзишу дастовардҳои мо мебошад, гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯзи босаодат ва фардои дурахшони миллату давлат пайванди ҷовидонӣ мебахшад.   Ҳамчунин, забони модарии мо ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз руҳи шикастнопазири ниёгону имрӯзиён, нигоштаҳои оламшумули бузургони илму адаб, фарҳангу маънавиёти миллат ва талошҳои созандаву бунёдгаронаи мардуми куҳанбунёди моро дар пайкари хеш таҷассум намудааст.   Дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳои фарҳангӣ мо бояд хотираи неки абармардони илму адаби гузаштаамонро, ки дар рушду такомули забони тоҷикии форсӣ ва густаришу пойдории он саҳми бузурги таърихӣ гузоштаанд, пайваста зинда нигоҳ дорем, барои омӯзишу таҳқиқ ва муаррифии шоистаи осори гаронбаҳои онҳо ба аҳли башар кӯшишу талоши бештар намоем.   Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯзҳо садо додани забони нобу шевои тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гувоҳи ҳастии миллати тоҷик ва пешрафту ободии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.   Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ бо пуштибониву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат марҳалаи муҳимми рушдро тай намуда, ҳоло ба василаи асосии иттиҳоду сарҷамъии мардуми мо ва омили муҳимтарини тавсеаву таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа табдил ёфтааст.   Ман ҳанӯз соли 2002 дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат иброз дошта будам, ки ғамхориву пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи он ва вусъат бахшидан ба фазои амали ин забони ширину шоирона дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа асоси сиёсати давлатии мо боқӣ мемонад.   Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти мамлакат, ба истифода додани китобхонаҳо ва шабакаҳои гуногуни телевизиону радио, роҳандозӣ намудани озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, нашри фарҳангҳои тафсирию соҳавӣ, чоп ва ба ҳар як оила дастрас намудани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, инчунин, дар 50 ҷилд гирдоварӣ кардану таҳти номи «Ахтарони адаб» ба нашри оммавӣ расонидани осори гаронбаҳои гузаштагону муосиронамон аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки иқтидори илмиву истеъмолии забонро таҳким мебахшанд ва мақоми онро дар ҷомеа боз ҳам устувор менамоянд.   Ҳамватанони азиз!   Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки илму техника ва технологияҳо, ихтирооту кашфиёт ва зеҳни сунъӣ суръати бесобиқа касб намудаанд.   Ҳама гуна дастоварду кашфиёт ва ихтирооти илмиву техникӣ, пеш аз ҳама, тавассути забон ифода гардида, бо калимаву истилоҳоти махсуси соҳавӣ муаррифӣ мегарданд.   Дар шароити шиддат гирифтани таъсиргузориҳои забонӣ мутахассисони соҳаро зарур аст, ки низоми истилоҳсозии забонро аз ҳисоби имкониятҳои маъноиву луғавии он боз ҳам ғанӣ гардонанд ва дар заминаи захираи луғавии аслии тоҷикӣ истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд.   Истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо дарназардошти арзишҳои милливу фарҳангии мардуми тоҷик, ба хотираи он ворид намоянд.   Хотирнишон менамоям, ки забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад.   Бинобар ин, мо бояд мақоми иҷтимоӣ, зарурати дар сатҳи аъло донистани забон ва эҳтирому бузургдошти забони модариамонро дар миёни кӯдакон ва наврасону ҷавонон ҳанӯз аз зинаҳои аввали таълиму тарбия ҳарчи бештар тарғиб намоем.   Насли наврас ва ҷавонони мо бояд огоҳ бошанд, ки бе донистани забони адабии тоҷикӣ ва риояи қоидаҳои маъноиву дастурии он омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.   Фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки забон на танҳо василаи ибрози андеша, балки падидаи нодири иҷтимоиест, ки дар он таъриху тамаддуни пурифтихор, фарҳангу маънавиёти гаронбаҳои мардумӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ нуҳуфтааст.   Вазифаи ҷонии мо – соҳибони аслии забон аст, ки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз он пуштибонӣ кунем, истифодаи дурусту меъёрии онро дар ҳама зинаҳои фаъолият таъмин созем ва забони зебову шевои тоҷикии форсиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоем.   Итминон дорам, ки ҳар нафаре, ки бо ин забони ширину шоирона сухан мегӯяд ва андеша меронад, дар оянда низ ба хотири ҳифзу гиромидошт, поку беолоиш нигоҳ доштан ва тавсеаи фазои истеъмолии он саъйу талош хоҳад кард.   Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат рӯзгори ободу осуда ва ба забони нобу ширини тоҷикии форсӣ умри ҷовидон орзу менамоям.   Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

    354

    05.10.2026
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлоб баъд аз таъмиру навсозӣ 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ба номи Худоёр Раҷабовро, ки баъд аз таъмиру навсозии пурра омода гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ соли 2004 бунёд ва ба истифода дода шуда буд, вале бо гузашти вақт ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо намуд.   Корҳои навсозӣ бо саҳмгузории оилаи Ҷобирзодаҳо ва бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар дар муҳлати кутоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Акнун дар муассисаи навсозишуда 2600 хонанда дар ду баст бо шароити ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ба таҳсил фаро гирифта мешавад.   Дар муассисаи навсозишуда 93 омӯзгор ва 26 корманди техникӣ бо кор ба кор ҷалб шудаанд.   Муассиса дорои 50 синфхона, аз ҷумла кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошад.   Ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи тиббӣ ва толори маҷлис бо 100 курсӣ ҳам ба шароити муосири таълим ва кору фаъолият мутобиқ гардонида шудааст.   Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ низ, ки дар муассиса навсозӣ шудааст, барои машқу тамрини футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, шоҳмот ва умуман ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад. Майдончаи варзишии таъмиргардида ҳам аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аст.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сатҳу сифати корҳо баҳои баланд дода, ба соҳибкороне, ки дар ободонӣ ва навсозии мактаб саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд. Ин иқдомро намунаи равшани саҳмгузории соҳибкорон дар рушди соҳаи маориф ва ободонии Ватан арзёбӣ карданд.   Зикр гардид, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия бояд дар мадди аввал сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад.   Навсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ба номи Худоёр Раҷабов дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи маориф ба шумор меравад.

    3

    05.10.2026