24.09.2025

 img

Роҳи ягона ва аз ҳама боваринок, вале пурмашаққати ҳифзи истиқлолу озодии давлату миллатҳоро маҳз рушди илму маориф, рӯй овардани насли ҷавон ба илмҳои наву замонавӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташаккули технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дастовардҳои рушди зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот ташкил менамояд.

 

Дар робита ба суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Даврон Сафарзода чунин ибрози назар намуд:

— Илму дониш ва маориф чун ҳамеша маҳаки асосии ҳастию рушду такомул ва инкишофи давлату миллатҳо буда, аксаран равандҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳониро сатҳи саводнокӣ ва донишмандии аҳолии кишварҳо ва намояндагони миллатҳо муайян менамояд.

 

Ақидаҳои Сарвари ояндабини давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон бо андешаҳои бузургони илму сиёсати ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Масалан, Абӯалӣ ибни Сино таъкид кардааст, ки «ҳар ки илм наомӯзад, ҳеҷ арзише надорад». Ин андеша нишон медиҳад, ки шахсияти инсонро маҳз дониш муайян месозад ва бе илму маърифат ӯ наметавонад дар ҷомеа ҷойгоҳи шоиста пайдо кунад. Барои Тоҷикистон, ки ҷомеаи ҷавон ва дар ҳоли рушд дорад, ин гуфтаҳо муҳим мебошанд, зеро неруи ҷавонон танҳо тавассути илму маориф ба сармояи воқеӣ табдил меёбад ва омили рушду ташаккули ҷомеа гардида, воситаи муаррифии миллати куҳанбунёдамонро дар арсаи байналмилалӣ ба вуҷуд меорад.

 

Собиқи раисҷумҳури Амрико Абраҳам Линколн оид ба аҳаммияти соҳаи маориф барои миллату давлатҳо иброз намудааст, ки «маориф беҳтарин сармояест, ки давлат метавонад барои миллаташ ҷамъ оварад». Дар ҳақиқат андешаи ин сиёсатмадори барҷастаи амрикоӣ ҳақиқати маҳз аст. Зеро давлате, ки ба сатҳи саводнокии ҷомеа ва бахусус насли ҷавони худ аҳаммият намедиҳад, ба нобудӣ ва истисмор маҳкум мегардад. Инро таҷрибаи бузурги таърихии инсоният ошкор намудааст.

 

Тоҷикистон, ки дорои захираҳои табиӣ ва имконияти гуногун аст, бояд, пеш аз ҳама, сармояи зеҳнии худро рушд диҳад. Зеро сармояи инсонӣ аз ҳама арзишмандтар буда, метавонад давлатро ба тараққиёти устувор бирасонад.

 

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар роҳи рушди устувор қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон низ пайваста таъкид мекунад, ки илму дониш омили асосии тараққиёт ва ҳастии миллат аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки сармояи воқеии мамлакат- ҷавонони босавод ва донишманданд. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ ҳамеша ба рушди маориф, беҳтарсозии сатҳи таҳсил ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон равона шудааст.

 

Бо назардошти андешаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳонӣ метавон гуфт, ки барои Тоҷикистон низ роҳи ягонаи пешрафт тавассути маориф ва дониш мегузарад. Ин маънои онро дорад, ки сармоягузорӣ ба мактабҳо, донишгоҳҳо, илм, таҳқиқот ва барномаҳои инноватсионӣ омили асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мебошад.

 

Дар баробари аҳаммияти муҳимми маориф барои ҷомеа набояд фаромӯш сохт, ки бунёди чунин низоми мустаҳками маорифи миллӣ ва таъмини рушди ҷомеа тавассути он танҳо ва танҳо дар ҳоле имконпазир мегардад, ки дар мамлакат сулҳу осоиш ва ҳамдиливу ваҳдати комил ҳукмфармо бошад. Хушбахтона, бо ифтихору сарфарозӣ метавон иброз дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо азму талош ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо ба давлати ободу шукуфон табдил ёфта, дар саросари он идеяи сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ ҳукмфармо мебошад.

 

Аммо тавре дар ҳар суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, набояд ба ҳамаи ин иктифо намуд: «Дур мондан аз таълиму тарбия, дар навбати худ, боиси коста шудани андешаи сулҳхоҳона ва талош ба хотири сулҳу осоиш мегардад».

 

Ин суханони Пешвои миллат зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф на танҳо ҳушдор барои миллати тоҷик мебошад. Балки ин ҳушдор ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои соҳибистиқлоли минтақа мебошад, ки дар вазъияти геосиёсии кунунии ҷаҳон, дар ҳолате, ки қудратҳои ҷаҳонӣ аз пайи тақсимоти нави ҷаҳонӣ талош доранд, ҳувияту асолат ва истиқлоли худро ҳифз карда тавонанд. Зеро таърихи тӯлонии инсоният нишон медиҳад, ки агар ба даст овардани озодиву истиқлол як қисми вазифаи таърихии миллатҳоро ташкил намояд, қисми дигари онро ҳифз ва нигоҳдошти ин неъмат ташкил медиҳад. Пас барои нигоҳдошти ин неъмати бузург, ки ҷони ҳазорон ҳазор фарзанди барӯманди модари тоҷик дар роҳи расидан ба он нисор гаштааст, бояд иқтидори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, саноатӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву ҳарбии мамлакат боло бурда шавад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо тарбия намудани кадрҳои соҳибхираду соҳибкасб ва донандаи олии кори худ қадами муҳимму устувор ба шумор меравад. Яъне бо ин гуфтан мумкин аст, ки тақдири оянда, ҳастиву нобудии ҳар давлату миллат ба рушди соҳаи илму маорифи он вобаста аст.

 

Дар тақвияти ин андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ду андешаи мутафаккирони барҷастаи Шарқ- Ҷалолиддини Румӣ ва Алишери Навоиро истифода намуд. Ҷалолиддини Румӣ иброз намудааст, ки «бо илму дониш инсон ба комёбӣ мерасад ва миллат аз парокандагӣ ба ваҳдат». Барои ҷомеаи тоҷик, ки ваҳдату ҳамбастагӣ омили асосии суботу осоиштагӣ аст, паёми Румӣ аҳаммияти бузург дорад. Миллат танҳо бо маърифат ва ҳикмат метавонад ваҳдатро ҳифз кунад ва пешрафтро таъмин намояд. Алишери Навоӣ ин гуфтаҳоро боз ҳам тасдиқ намуда, ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсии асрҳои миёна илова намудааст: “Миллате, ки бе илму дониш аст, аз рӯзгори худ қафо мемонад”. Ин сухан барои мамлакати мо низ ҳақиқати бебаҳс аст. Агар миллат ба илму маърифат аҳамият надиҳад, ногузир дар баробари дигар кишварҳои пешрафта қафо мемонад.

 

Пас аҳамияти ин гуфтаҳои мутафаккирон ва таъкидҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳар як суханронию мулоқоташон садо медиҳанд, барои ҷомеаи тоҷик боз ҳам арзиши баландтарро соҳиб мебошанд. Президенти Тоҷикистон дар ин бобат таъкид менамоянд, ки «танҳо миллате, ки босавод, дорои маорифи босифат ва кадрҳои баландихтисос аст, метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом бошад».

 

Тавре аллакай иброз намудем, роҳи ягона ва аз ҳама боваринок, вале пурмашаққати ҳифзи истиқлолу озодии давлату миллатҳоро маҳз рушди илму маориф, рӯй овардани насли ҷавон ба илмҳои наву замонавӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташаккули технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дастовардҳои рушди зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот ташкил менамояд.

 

Бо итминон метавон илова намуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои хирадманди худ аллакай дар ин ҷода қадамҳои мустаҳкам гузоштааст. Бахусус, бунёди IT-паркҳое, ки ба ташаккули рушди зеҳнӣ нигаронида шудаанд ва дар минтақа таҷрибаи аввалин ба шумор мераванд, басе нодир буда, диққати аксар ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Бо ин гуфта метавонем, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо бо қуллаҳои оламгири худ ҷаҳонро тасхир менамояд, балки истеъдоду маҳорат ва хиради таърихии миллати тоҷик бо навгонию ихтирооти тоза, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ назирашро аз Амрикову Аврупо интизор буд, бори дигар ҷаҳонро бар он бовар кунонид, ки тоҷикон чун қуллаҳои сарбаланди худ виқору салобат ва хираду саводи кофӣ доранду метавонанд дар ташаккули ҳама соҳаҳо саҳми арзанда гузоранд.

 

Масъалаи рушди маориф ва илм дар Тоҷикистон дар баробари маблағгузорӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ, инчунин ба омодасозии мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи омӯзгорӣ вобастагии калон дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи омӯзгорон чунин гуфтаанд: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар давлат ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад”.

 

Дар солҳои охир таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат ва дар ҳамоҳангӣ бо комиссияҳои ҳукуматӣ дар мамлакат барои бартараф намудани мушкилоти норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва дар баробари ин боло бурдани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Нишони равшану волои онро маҳз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба мақоми омӯзгор ташкил мекунад. Соле пеш зимни баргузории вохӯрии Пешвои миллат бо аҳли маорифи мамлакат ба муносибати Рӯзи дониш доир ба мақому манзалати кунунии омӯзгорон дар ҷомеа изҳори нигаронӣ карда шуда, супориш дода шуд, ки Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия ва қабул карда шавад.

 

Давоми соли 2024 лоиҳаи ин қонун аз ҷониби комиссияҳои дахлдор омода ва аз тарафи Ҳукумати мамлакат пазируфта шуд. Ҳоло лоиҳаи қонун бо тасдиқи Парлумони Тоҷикистон қабул ва ба ҳукми амал медарояд, ки барои омӯзгорон ва касби пуршарафи омӯзгорӣ муждаи бузург аст. Бо ин ҳама таваҷҷуҳ ва дастгирию ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат соҳаи илму маориф дар мамлакат боз ҳам рушд намуда, натиҷаҳои амиқи он дар истеҳсолот ва саноату иқтисод намоён мегарданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бори дигар ба омӯзгорону хонандагон, донишҷӯёну аҳли маориф ва тамоми зиёиён муроҷиат намуда, боварӣ ва самимияти хоссаи худро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон иброз намуданд. Роҳбари давлат бо ин амали худ бори дигар ба ҷомеа нишон доданд, ки маҳз маориф калиди асосии рушди ҳама соҳаҳои дигар буда, Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ояндаи дурахшони он боварии комил доранд. Пас дар баробари ин ҳама боварӣ ва самимияту муҳаббати Сарвари давлат, мо, аҳли маорифро танҳо як вазифаи пуршараф — тарбияи насли ватандӯсту меҳанпараст ва босаводу кордон муттаҳид менамояд. Ин хизмати пуршараф дар роҳи ояндаи шукуфони Тоҷикистон мебошад.

  • Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва миллат аз рушди илму маориф вобастагӣ дорад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА АРЗЁБИИ ДОХИЛИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар меҳмонхонаи «Серена» семинари омӯзишӣ барои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии озмоишӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, менеҷери лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», инчунин мушовирони миллӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии семинар тақвияти салоҳияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар самти татбиқи тартибу воситаҳои такмилёфтаи мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, инчунин омодагӣ ба раванди аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ арзёбӣ гардид. Зимни омӯзиш иштирокчиён бо ҳадаф, асос ва унсурҳои калидии тартиби нави арзёбии сифати таҳсилот шинос гардида, истифодаи нишондиҳандаҳо, воситаҳо ва усулҳои муосири ҷамъоварии маълумотро барои гузаронидани арзёбии дохилӣ (худаттестатсия) аз худ намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба таҳлили тартиби нави мониторинг ва арзёбӣ, принсипҳои асосии он, аз ҷумла асоснокӣ, эътимоднокӣ ва шаффофият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни семинар ба нишондиҳандаҳои арзёбии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, сохтор ва миқёси онҳо, инчунин фарқияти нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бо пешниҳоди мисолҳои амалӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд. Иштирокчиён инчунин бо тарзи ташкил ва гузаронидани мушоҳидаи дарс, истифодаи варақаҳои мушоҳида ва роҳҳои ба роҳ мондани робитаи муассир бо омӯзгорон шинос шуданд. Дар анҷоми чорабинӣ масъалаҳои ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои арзёбии дохилӣ, аз ҷумла, тартиби таҳияи гузориши ниҳоӣ, хулосабарорӣ ва таҳияи нақшаи амал баррасӣ гардиданд.  

    42

    31.03.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ДАР ДОИРАИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ҷамоати деҳоти Ворух бинои иловагӣ иборат аз ду ошёна барои 220 нафар хонанда дар як баст сохта, ба истифода дода шуд. Бино дорои 7 синфхона буда, барои омӯзиши фанҳои забони русӣ, физика, химия, математика, таърих, биология ва синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, як ҳуҷраи кории директор ва як ҳуҷраи омӯзгорон муҳайё карда шудааст. Иншооти мазкур аз ҷониби лоиҳаи CASA-1000 бунёд гардида, дорои низоми муосири гармидиҳӣ (мини-котел) буда, бо неруи барқ фаъолият мекунад. Айни ҳол дар муассиса 22 нафар омӯзгор фаъолият намуда, 252 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 синфхонаи иловагӣ барои 210 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт. Синфхонаҳои иловагии мазкур низ аз ҷониби лоиҳаи CASA-1000 сохта шуда, бо тамоми шароити зарурии таълимӣ таъмин мебошад. Дар муассисаи мазкур 39 нафар омӯзгор фаъолият дошта, 499 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои сохтмони он 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Илова бар ин, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфара толори варзишии муосир бунёд гардида, барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии хонандагон шароити мусоид фароҳам овардааст.

    54

    31.03.2026
  •  img
    САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ №5-РО БА ТАВРИ ФОСИЛАВӢ ИФТИТОҲ НАМУДАНД Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави боғча бо саҳми соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯсти деҳоти Оббурдон бунёд карда шуда, барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъморӣ, мутобиқ ба завқи кӯдакон сохта шуда, бо шароити муосир ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии 10 гурӯҳи кӯдакон муҷаҳҳаз мебошад. Бино аз се ошёна иборат буда, дар зиёда аз 15 ҳуҷра ва дигар нуқтаҳои ёрирасони он барои гузаронидани машғулиятҳои рангини кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави боғча 25 нафар бо кор таъмин карда шуданд. Бинои куҳнаи ин муассисаи томактабӣ, ки ҳанӯз соли 1980 сохта шуда буд, ба талаботи замон мувофиқ набуд. Бунёди бинои нави дабистон натиҷаи татбиқи амалии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтани чунин иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла боғчаҳо барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ мегардад. Акнун дар ин муассисаи тозабунёд мутахассисони соҳа ҷалб карда шуда, барои тарбия ва ташаккули зеҳнии ин дӯстрӯякон донишу таҷрибаи худро равона месозанд. Дар саҳни бинои нав майдончаҳову суҳбаткадаҳо бо ороиши махсус барои хушҳолӣ ва машғул шудани кӯдакон ба ҳар гуна бозиҳои шавқовару ташкили маҳфилҳои эҷодӣ сохта шудааст. Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳои босамар барои амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти низоми зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия равона шудааст, мусоидати фаъол мекунад.

    60

    30.03.2026