03.10.2025
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар МТМУ №129 чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод Ғанӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур ва якқатор собиқадорони соҳа, инчунин роҳабон ва омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниро Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод Ғанӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ самимона шодбош гуфтанд. Номбурда аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба ҳамасола баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа аз тарафи ҳукумати кишвар ибрози назар карданд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром низ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати иди касбиашон табрик намуданд.
Дар идомаи чорабинии имрӯза бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон 5 нафар бо нишони ифтихории "Аълочии маориф ва илм", 5 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , 30 нафар Сипосномаи Раиси ноҳия, 14 нафар бо Ифтихорномаи Сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 8 нафар бо Сипосномаи Иттифоқи касабаи шаҳри Душанбе, 9- нафар бо Сипосномаи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 52 нафар собиқадорону кормадони маорифи ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охири чорабинии идона аз ҷониби ҳунармандони маҳбуби кишвар ва тарбиягирандагони Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ” ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ба хотири болидарӯҳии иштирокдорон барномаи фарҳангии ҷолибу диданӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.
Боиси зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли маориф, яъне омўзгорон ҳамеша тадбирҳои судманд андешида, ин чорабинии бошукуҳ давоми иқдомоти мазкур ба шумор меравад.
ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ
ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ