20.08.2026

 img

19 августи соли 2026 бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди илму маориф дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

 

Дар кори конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Н. Каримзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд.

 

Вазири маориф ва илм дар оғози конференсия иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, Истиқлолро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихии миллати тоҷик арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр роҳи мустақили рушди худро интихоб намуда, барои эҳё ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум заминаҳои устувор гузошт.

 

Вазир зикр намуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик марҳалаи эҳёи миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва бунёди ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳала, хусусан, соҳаи илму маориф ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ, омили асосии рушди сармояи инсонӣ ва кафолати пешрафти ҷомеа мавқеи калидӣ касб намуд. Бо вуҷуди мушкилоту озмоишҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо сиёсати хирадмандона, созанда ва ояндабинии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф тадриҷан рушд ёфта, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил гардидааст.

 

Гуфта шуд, ки имрӯз мо метавонем бо ифтихор аз дастовардҳои 35 соли соҳибистиқлолӣ ёдовар шавем. Дар ин давра ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олӣ, марҳала ба марҳала таҳким ёфта, барои таълиму тарбияи насли донишманд, соҳибкасб ва ватандӯст шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Агар дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 4056 расидааст. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ 4135 бино ва бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 888 ҳазору 531 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст, ки ин рақамҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар ба рушди маориф шаҳодат медиҳанд.

 

Ҳамзамон, дар суханронӣ нақши ташаббусҳои маърифативу фарҳангии Пешвои миллат дар рушди зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа махсус таъкид гардид. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» имрӯз ба як ҳаракати фарогири маърифатӣ табдил ёфта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди тафаккури илмӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба мутолиа ва донишомӯзӣ нақши муассир мегузоранд.

 

Дар баробари ин, таъкид шуд, ки ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди ҷомеа дониш, ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури навоварона ва мутобиқшавӣ ба равандҳои босуръати технологиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, забонҳои хориҷӣ ва омода намудани насли ҷавон ба талаботи асри зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ аз вазифаҳои муҳимми низоми маорифи кишвар ба шумор меравад.

 

Таъкид гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо ҷамъбасти роҳи тайкарда набуда, фурсати муҳим барои муайян намудани ҳадафҳои нав, таҳкими дастовардҳо ва гузоштани қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби созанда ва пешбарандаи ғояҳои рушди миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватан саҳми назаррас гузоштааст. Зикр гардид, ки имрӯз низ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ барои татбиқи сиёсати созанда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори кишвар фаъолияти густурда дорад.

 

Дар идомаи конференсия олимону муҳаққиқон дар мавзуъҳои «Қаҳрамониҳои Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон», «Эҳёи арзишҳои миллӣ дар даврони Истиқлол», «Маориф дар даврони Истиқлол» ва «Истиқлол ва раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ» маъруза намуданд.

 

Дар анҷоми конференсия як қатор кормандон барои саҳми арзанда дар рушди соҳа ва фаъолияти пурсамар бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН img
  • ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН img
  • ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН img
  • ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН img
  • ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ РАФТИ ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади баррасии рафти омодагиҳо ва таъмини истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиддин Юсуфӣ, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Давлатзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Насимҷон Ғоибзода, инчунин роҳбарони муассисаву ташкилотҳои дахлдори шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.   Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни миллӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ дар баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Масъулон оид ба рафти корҳои омодагӣ маълумот пешниҳод намуда, ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро муҳокима карданд.   Таъкид гардид, ки камбудиву мушкилоти мавҷуда бояд дар муҳлатҳои муайян бартараф гардида, ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои омодагӣ ва татбиқи босифати нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.   Ҳамчунин, масъулини дахлдор вазифадор гардиданд, ки назорати иҷрои вазифаҳои гузошташударо тақвият бахшида, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

    31

    19.08.2026
  •  img
    ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАНАЛМИЛАЛӢ ВОБАСТА БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ 18 августи соли 2026 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи Барномаи омӯзишии Корея - Осиёи Марказӣ оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ ва мизи мудаввар баргузор гардид.   Дар кори ҳамоиши мазкур директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Муҳаммадраҷабзода иштирок намуда, дар мавзуи «Рушди таҳсилот дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея» маъруза намуд.   Зимни маъруза сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ, татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040, инчунин тадбирҳои марбут ба ҷорӣ намудани курси «Асосҳои зеҳни сунъӣ» ва татбиқи озмоишии он дар 100 муассисаи таҳсилоти умумӣ муаррифӣ гардид.   Ҳамзамон, масъалаҳои омода намудани омӯзгорони баландихтисос, таҳияи маводи таълимӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ, робототехника ва барномасозӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таъмини истифодаи бехатари технологияҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои омода намудани тренерони миллӣ, таҳияи муштараки барномаҳои таълимӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои намунавии зеҳни сунъӣ, ташкили платформаи муштараки захираҳои рақамӣ, баргузории олимпиадаҳо ва ҳакатонҳо, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки хонандагону омӯзгорон пешниҳод намуд.   Дар рафти форум намояндагони Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавиро дар самти зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.   Барномаи омӯзишии Корея - Осиёи Марказӣ то 21 август идома ёфта, дар доираи он боздид аз муассисаҳои пешрафтаи таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла, озмоишгоҳи Smilegate Future Lab, Мактаби миёнаи технологияҳои иттилоотии Сеул, Донишгоҳи Корея ва Осорхонаи роботҳо ва зеҳни сунъии Сеул дар назар аст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    35

    19.08.2026
  •  img
    Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид.     Дар кори ҷаласа аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.     Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешниҳоди масъалаи «Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.     Президенти кишвар, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъсиси Шуро идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти навсозии иқтисоди миллӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ мебошад.     Зикр гардид, ки эълон шудани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва тасдиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030 барои пешбурди ин раванд заминаи зарурӣ фароҳам овардааст.     Сарвари давлат иброз доштанд, ки рақамикунонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ хизмат намояд.     Таъкид гардид, ки дар мамлакат низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронӣ роҳандозӣ шудаанд, вале фаъолияти ҷудогонаи онҳо, такроран талаб намудани маълумот, мавҷудияти расмиёти коғазӣ ва номуайянии натиҷаи баъзе лоиҳаҳо ҳанӯз мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, ҳамгироии низомҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти киберӣ, шаффофияти хароҷот ва риояи принсипи «маълумот танҳо як маротиба» аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.     Муовини Раиси Шуро, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ гузориш дод.     Дар идома Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода вобаста ба ҷалби сармоя ва механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои рақамӣ ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода оид ба омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ иттилоъ дод.     Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо вобаста ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот пешниҳодҳо манзур кард.     Зимни муҳокима таъкид гардид, ки ҳар як пешниҳоди марбут ба рақамикунонӣ бояд ба натиҷаи мушаххас, муҳлати иҷро, манбаи маблағгузорӣ ва масъулияти роҳбарон пайваст карда шавад. Барои солҳои 2027 - 2030 ҳадафҳои солона ва натиҷаи ниҳоӣ муайян гардида, аз таҳияи чорабиниҳои такрорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои беасос пешгирӣ карда шавад.     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки рақамикунонӣ дар асоси чор принсипи асосӣ – натиҷаи мушаххас барои инсон ва иқтисод, роҳандозии сохтори ягонаи рақамии давлат, пешниҳоди маълумот танҳо як маротиба ва дастрасии баробари шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда шавад.     Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ ташкили низоми ягонаи идоракунии равандҳои рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, ташкили низоми миллии маълумот ва ҳамгироии феҳристҳои давлатӣ, пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии бахшҳои воқеии иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ, соҳибкории рақамӣ ва инноватсия, ҷалби сармоя, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти киберӣ муайян гардиданд.     Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки масъулони сатҳи техникиро барои ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди низомҳои рақамӣ муайян намуда, дар ин самт бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ монанд.     Ба мақомоти давлатии хизматрасон супориш дода шуд, ки барои ворид намудани хизматрасониҳои худ ба портали ягона ва пешниҳоди пурраи онҳо дар шакли электронӣ чораҳои бетаъхир андешанд. Пеш аз электронӣ намудани ҳар як хизматрасонӣ тартиби он содда гардида, талаботи зиёдатӣ, ҳуҷҷатҳои такрорӣ ва муроҷиати беасос ба чанд мақом барҳам дода шаванд.     Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо Вазорати адлия ва вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор гардид, ки нақшаи марҳала ба марҳала пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои афзалиятноки давлатиро пешниҳод намояд.     Таъкид гардид, ки Хадамоти алоқа якҷо бо мақомоти дахлдор бояд иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи рушди соҳаи алоқаро таъмин намуда, диққати асосиро ба баланд бардоштани сифат ва фарогирии интернет, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, равона созад.     Ба Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор харитаи гузариш ба расмиёти пурра бекоғазро таҳия ва татбиқ намояд.     Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардиданд, ки оид ба ҷалби сармояи хусусӣ ва рушди соҳибкории рақамӣ пешниҳодҳо манзур намоянд. Таъкид гардид, ки дастгирии давлатӣ бояд шаффоф, рақобатнок ва ба натиҷа нигаронида шуда, барои иштироки ширкатҳои ватанӣ ва ба кор даровардани маҳсулоти инноватсионӣ имконияти бештар фароҳам оварда шавад.     Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳоро ба талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ созад. Таъкид гардид, ки дар баробари малакаҳои касбӣ, тадбирҳо барои баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ низ бояд тақвият дода шаванд.     Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.     Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳоро аз рӯйи натиҷаҳои рақамикунонӣ арзёбӣ намояд. Таъкид гардид, ки роҳбарон барои ҳамгироии низомҳо, сифати маълумот, соддагардонии хизматрасониҳо, истифодаи самараноки маблағ ва натиҷаҳои воқеии лоиҳаҳои рақамӣ масъулияти шахсӣ доранд.     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, таъкид доштанд, ки Шуро бояд майдони қабули қарорҳои стратегӣ, бартараф намудани монеаҳои байниидоравӣ ва назорати қатъии натиҷаҳо гардад.

    72

    19.08.2026