25.08.2026
(Андешаҳо дар ҳошияи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
35 сол дар миқёси таърих фосилаи тӯлонӣ нест. Аммо барои миллате, ки дар оғози давлати навини худ бо имтиҳонҳои басо сангин рӯ ба рӯ гардид, ин муддат метавонад баробари як давраи мукаммали таърихӣ бошад. Тоҷикистон дар ин солҳо рамзҳои давлатдорӣ, сохтори идоракунӣ ва ҷойгоҳи байналмилалии худро устувор намуда, муҳимтар аз ҳама, тадриҷан ба худ эътимод пайдо кард.
Истиқлолро баъзан бо сана, санад ё маросим маҳдуд месозанд. Вале моҳияти он фаротар аз ин аст. Истиқлол қобилияти давлат барои қабули қарори мустақил, ҳифзи манфиати миллӣ ва посух гуфтан ба интихоби худ мебошад. Дар сатҳи ҷомеа бошад, он ба маънои озодии масъулона аст, ҳар шаҳрванд бояд дарк намояд, ки бақои давлат танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Давлат ҳар рӯз дар кори содиқонаи омӯзгор, дар меҳнати деҳқон, дар ҷустуҷӯи олим, дар адолати ҳуқуқшинос, дар виҷдони табиб ва дар рафтори ҷавонон аз нав бунёд мешавад.
Мо истиқлолро дар шароити омода ва ором ба даст наовардем. Солҳои нахуст ба ҷомеаи мо нишон доданд, ки доштани давлат ҳанӯз маънои устувор будани давлатро надорад. Барои пойдории он иродаи сиёсӣ, ваҳдат, низоми ҳуқуқӣ, хотираи таърихӣ ва фарҳанги ҳамзистӣ зарур аст. Ба даст омадани сулҳу суботи ҷомеа дар чунин марҳала на танҳо анҷоми низоъ, балки оғози тафаккури нави давлатсозӣ буд. Сулҳ ба Тоҷикистон вақт дод, ваҳдат неру дод ва Истиқлол самти ҳаракатро муайян намуд.
Дар ин раванди мураккаби таърихӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти сарнавиштсоз дорад. Дар замоне, ки хатари парокандашавии давлат воқеӣ буд, Пешвои миллат барқарории сулҳ, ҳифзи ягонагии миллӣ ва бунёди ниҳодҳои давлатиро ба меҳвари сиёсати давлатӣ табдил доданд.
35 соли Истиқлолро метавон аз ба се марҳила - наҷоти давлат, таҳкими давлат ва рушди давлат ҷудо намуд. Дар марҳилаи аввал масъалаи асосӣ нигоҳ доштани тамомияти кишвар ва барқарории сулҳ буд. Дар марҳилаи дуюм ниҳодҳои давлатӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ устувор гардиданд. Имрӯз мо ба марҳилае расидаем, ки сатҳи дониш, тафаккури созанда ва қобилияти рақобатпазирӣ сармояи асосии давлат ба ҳисоб меравад.
Барои мо ҳамчун корманди соҳаи маориф Истиқлоли давлатӣ пеш аз ҳама дар мактаб маъно пайдо мекунад. Агар кӯдак таърихи давлатдории худро надонад, забони модариашро бо эҳтиром истифода набарад, арзиши сулҳро эҳсос накунад ва қобилияти мустақилона андешидан надошта бошад, мафҳуми истиқлол барои ӯ танҳо як калима мемонад. Вазифаи мактаб аз ёд додани санаҳо бештар аст. Мактаб бояд тафаккури давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги интихоби дурустро ташаккул диҳад ва омӯзонад.
Дар илми педагогика тарбия натиҷаи суханони баланд набуда, он натиҷаи муҳит, намуна ва таҷрибаи ҳаррӯза мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи ватандӯстӣ набояд ба баргузории чорабинии мавсимӣ маҳдуд гардад. Кӯдак вақте Ватанро дӯст медорад, ки дар мактаб адолатро мебинад, аз омӯзгор эҳтиром меомӯзад, дар китобхона ба таърихи худ наздик мешавад, дар озмоишгоҳ неруи донишро эҳсос мекунад ва дар ҷомеа қадри меҳнати ҳалолро дарк менамояд. Яъне, ватандӯстӣ бояд аз эҳсос ба салоҳият ва аз шиор ба рафтор табдил ёбад.
Дар асри зеҳни сунъӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рақобати иттилоотӣ, соҳибихтиёрии давлат бе соҳибихтиёрии зеҳнии шаҳрвандон комил буда наметавонад. Аз ҳамин сабаб, саводи рақамӣ, тафаккури интиқодӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва донистани забонҳо имрӯз масъалаи танҳо таълимӣ набуда, он масъалаи амнияти миллӣ низ ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, ҷаҳонишавӣ аз мо интихоб миёни навгароӣ ва ҳувияти миллиро талаб намекунад. Миллати дорои худшиносии устувор метавонад ҳамзамон замонавӣ ва миллӣ бошад. Забони тоҷикӣ, мероси адабӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ, анъанаҳои таҳаммулпазирӣ ва хотираи давлатдории мо бояд на ашёи намоишӣ, балки манбаи тафаккури муосир гарданд. Ҳифзи фарҳанг маънои дар гузашта монданро надорад, маънои он бо решаи худ ба оянда рафтан аст.
Истиқлоли давлатӣ инчунин ҳуқуқи интихоби модели рушди миллиро фароҳам овард. Роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ танҳо объектҳои сохтмонӣ набуда, онҳо ҷуғрофияи имкониятҳоро тағйир медиҳанд. Ба мисли масофаро кӯтоҳ, дастрасиро васеъ ва эътимоди мардумро ба фардо қавӣ месозанд. Аммо иншооти аз ҳама муҳим инсон аст. Агар дар баробари бунёди роҳ тафаккури роҳсоз, дар баробари сохтмони мактаб сифати омӯзгор ва дар баробари технология фарҳанги истифодаи он рушд накунад, натиҷаи тараққиёт нопурра мемонад.
Бо итминон метавон гуфт, ки марҳилаи нави рушди Тоҷикистон аз синфхона оғоз меёбад. Дар ҳамон ҷое, ки кӯдак саволи дуруст доданро меомӯзаду омӯзгор истеъдодро сари вақт мешиносад ва китоб ҷаҳонбиниро васеъ мекунад, илм бошад, ба таҷриба табдил меёбад. Ҳар мактабе, ки чунин муҳит месозад, дар асл як пораи истиқлоли кишварро ҳифз мекунад.
35 соли гузашта ба мо ҳақ медиҳад, ки аз роҳи тайкарда ифтихор намоем. Вале Истиқлоли давлатӣ пеш аз он ки мояи ифтихор бошад, масъулияти давомдор аст. Он ҳар рӯз аз мо дониш, садоқат, худшиносӣ, заҳмат ва интихоби дуруст талаб мекунад. Насли имрӯз вазифадор аст Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати донишбунёд, рақобатпазир ва аз ҷиҳати маънавӣ устувор табдил диҳад.
Ҷамшед МАҶИДЗОДА,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи И.Сомонӣ,
номзади илмҳои педагогӣ