15.10.2026

 img

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои мизбонии ҳамоиш ва меҳмоннавозии гарм изҳори сипос намуда, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаосро барои пазируфта шудан ба узвияти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табрик гуфтанд.

 

Бо ёдоварӣ аз вазъи печидаву осебпазири байналмилалӣ, равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои амниятӣ, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати фароҳам овардани  заминаҳои устувори таъмини сулҳу суботи пойдорро дар асоси  ҳамдигарфаҳмӣ ва этимод, волоияти усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин, ҳалли осоиштаи баҳсу ихтилофҳоро бахусус таъкид карданд.

 

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими низоми бисёрқутбии муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории созандаи давлатҳо мебошад.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯза Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё метавонад ҳамчун майдони муколама миёни  кишварҳои қитъа нақши боз ҳам муассирро ба уҳда гирад.

 

 

 

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад.

 

Зикр гардид, ки Тоҷикистон маҳз бо ҳамин ҳадаф ҷиҳати эълони солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ибтикор намуд, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

 

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола барои пешбурди муколамаи созандаи байни давлатҳо, фарҳанги сулҳ ва пешгирӣ аз низоъҳо заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард.

 

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба мавзуи мазкур баргузор менамояд.

 

Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамоиш ба оғози бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи сулҳ, муколама, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

 

Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки «мо ба пешбурди “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ҳамчун абзори муассир дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин самт идома хоҳем дод».

 

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро ба масоили рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ, ҳамчун заминаи аслии барқарории сулҳу суботи пойдор ҷалб сохтанд.

 

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар самти соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва логистикӣ, ташкили долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, энергетика ва саноати “сабз” ҳавасманд мебошад ва ба густариши технологияҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳ медиҳад.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба қабули қатъномаи муҳим оид ба рушди зеҳни сунъӣ ва истифодаи он ба манфиати рушди устувор дар самти Осиёи Марказӣ ва дар ин замина ташкил кардани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе андешаронӣ намуданд.

 

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим дахл намуда, иброз доштанд, ки соли 2028 дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2028 баргузор мегардад.

 

Ҷонибдории густариши ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни давлатҳо ва мардумони Осиё аз мавзуъҳои дигари суханронии Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва дар ин зимн аҳамияти истифодаи самараноки зарфиятҳои дар ин соҳаҳо мавҷуда таъкид гардид.

 

Пешниҳод карда шуд, ки имкониятҳои Ҳамоиши ҷавонони ин Форум васеъ гардонида шаванд ва он ба минбари доимии гуфтугӯ, табодули таҷриба ва таҳияи ташаббусҳои муштараки ҷавонони кишварҳои аъзо табдил ёбад.

 

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки ҷонибҳо минбаъд низ ҳамчун майдони муассири муколама ва ҳамкорӣ, таҳкими эътимод ва ҳамбастагии кишварҳои Осиё хизмат хоҳад кард.

  • Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) img
  • Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) img
  • Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) img
  • Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) img
  • Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) img
  • Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАҚШИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ МАКТАБ, ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР 15 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ташаккули низоми мактаб, илм ва маорифи кишвар» баргузор гардид.   Дар конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори филиали Институти иҷтимоию технологии Бошқирдистони Федератсияи Россия Танзила Нигматуллина Алтафовна, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, собиқадорони донишгоҳ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода ба аҳаммияти таърихии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ташаккул ва рушди низоми маорифи миллӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва пешрафти илму фарҳанги кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маориф ва илм, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд.   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ нақши муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгориро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.   Ба таъкиди вазир, имрӯз баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.   Зикр гардид, ки сифати таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва рушди неруи зеҳнии кишвар аз дониш, маҳорати касбӣ, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти омӯзгор вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, омода намудани омӯзгори соҳибмаърифат, навовар, дорои тафаккури таҳлилӣ ва ҳисси баланди масъулият яке аз вазифаҳои муҳимтарини таҳсилоти олии омӯзгорӣ мебошад.   Ҳамзамон, таъкид шуд, ки омӯзгори муосир бояд на танҳо соҳиби дониши амиқи касбӣ бошад, балки пайваста маҳорати худро такмил дода, аз имкониятҳои технологияҳои рақамӣ самаранок истифода барад ва дар шогирдон шавқи омӯзиш, қобилияти мустақилона андешидан, таҳқиқ кардан ва эҷод намуданро ташаккул диҳад. Дар ин раванд, тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба забон ва фарҳанги тоҷик ва ташаккули ҷаҳонбинии солим низ аҳаммияти хосса доранд.   Вазири маориф ва илм ҳамчунин ба зарурати мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба талаботи замони муосир, бахусус дар шароити рушди босуръати илму технология ва густариши имкониятҳои ҳуши маснуӣ, ишора намуд. Ба таъкиди ӯ, дар баробари додани донишҳои соҳавӣ, дар донишҷӯён бояд қобилияти таҳлилу арзёбии иттилоот, тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ ва истифодаи огоҳонаю масъулонаи технологияҳои нав ташаккул дода шавад.   Дар идомаи конференсия масъалаҳои марбут ба таърихи ташаккул ва рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, саҳми он дар бунёд ва такмили низоми маорифи миллӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ, рушди илм ва тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Зикр гардид, ки донишгоҳи мазкур, ки соли 1931 таъсис ёфтааст, дар тӯли фаъолияти худ дар омода намудани омӯзгорони соҳибкасб, рушди илму фарҳанги миллӣ ва ташаккули неруи зеҳнии ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Ин боргоҳи илму маърифат дар давраҳои гуногуни таърихи кишвар дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва таҳкими пояҳои низоми маорифи миллӣ нақши муҳим бозидааст.   Дар идомаи чорабинӣ роҳбарони мақомоти давлатӣ, намояндагони соҳаи маориф ва илм, олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилию хориҷӣ доир ба аҳаммияти таърихии донишгоҳ, дастовардҳои он ва дурнамои рушди таҳсилоти омӯзгорӣ андешаронӣ намуданд.   Ҳамзамон, ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмию таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, аҳаммияти густариши робитаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, табодули таҷриба ва истифодаи имкониятҳои муштараки илмӣ таъкид карда шуд.   Дар фарҷоми конференсия барномаи фарҳангии аҳли ҳунари донишгоҳ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.   Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар заминаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор барои гиромидошти мақому манзалати омӯзгор, арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли маориф, баррасии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илму маориф ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди низоми таҳсилоти миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

    8

    15.10.2026
  •  img
    Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    14

    14.10.2026
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Озарбойҷон Шаҳин Мустафаев ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок хоҳанд кард.

    12

    14.10.2026