20.05.2026

 img

Аз 17 то 20 майи соли 2026 дар шаҳри Лондон Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum - 2026) баргузор гардид, ки бузургтарин ҳамоиши байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва рушди малакаҳои касбӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

 

Форуми имсола таҳти унвони «Таълим барои ояндаи муштарак: сулҳ, сайёра, ҳадаф ва роҳҳо» баргузор шуда, намояндагони даҳҳо кишвари ҷаҳон, вазирони маориф, роҳбарони сохторҳои байналмилалӣ, коршиносон ва шарикони стратегии соҳаи маорифро гирди ҳам овард.

 

Дар кори форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода иштирок намуд.

 

Дар доираи форум масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла, таҳкими сулҳ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути маориф, таъсири тағйирёбии иқлим, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Иштирокчиёни форум таъкид намуданд, ки дар шароити афзоиши буҳронҳои ҷаҳонӣ ва тағйироти босуръати технологӣ, маориф бояд ҳамчун воситаи асосии рушди устувор, навоварӣ ва ташаккули ҷомеаи одилона хизмат намояд.

 

Барномаи форум аз ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои соҳавӣ, семинарҳо ва мулоқотҳои дуҷониба иборат буда, барои мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Дар ҳошияи форум муовини якуми вазири маориф ва илм як қатор мулоқотҳои судмандро бо намояндагони ташкилотҳо ва муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ анҷом дод.

 

Аз ҷумла, мулоқот бо намояндагони Шурои бритониёвӣ (British Council) баргузор гардида, зимни он масъалаҳои рушди омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсилоти фарогир, рақамикунонии соҳаи маориф ва густариши мубодилаи академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои ба сатҳи нави стратегӣ баровардани ҳамкориҳо иброз намуданд.

 

Ҳамчунин, мулоқот бо намояндагони Созмони байналмилалии донишгоҳҳои Британияи Кабир (Universities UK International) доир гардида, масъалаҳои байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, таъсиси низоми дудиплома, мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, энергетика, иқтисоди сабз ва илмҳои дақиқ зоҳир гардид.

 

Дар доираи сафари корӣ инчунин мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи Сити Сент Ҷорҷс, Лондон (City St George’s, University of London) баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ, молия, бонкдорӣ, менеҷмент, идоракунии давлатӣ ва инноватсияро муҳокима намуданд.

 

Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳамчунин дар мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи Гринвич (University of Greenwich) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика, экология, тағйирёбии иқлим, рушди устувор, кишоварзии муосир ва технологияҳои сабз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

 

Ҳамзамон, мулоқот бо намояндагони ширкати Эфекта (EFEKTA EDUCATION LTD) баргузор гардида, масъалаҳои татбиқи платформаҳои муосири омӯзиши забони англисӣ, рушди малакаҳои омӯзгорон ва ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ба низоми таҳсилот муҳокима шуданд. Қайд гардид, ки ҳамкорӣ бо ширкат метавонад барои баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

Дар идомаи барномаи форум мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи Вестминстер (University of Westminster) баргузор шуда, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои рӯзноманигорӣ, технологияҳои рақамӣ, соҳибкорӣ, менеҷмент ва таҳқиқоти илмиро баррасӣ намуданд.

 

Дар ҷараёни форум мулоқот бо намояндагони Системаи донишгоҳҳои ҷаҳонӣ (Global Universities System) низ баргузор гардид. Ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди шабакаҳои байналмилалии академӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва рушди таҳсилоти фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

 

Дар ҳамаи мулоқотҳо муовини якуми вазир таъкид намуд, ки Тоҷикистон имрӯз ба рушди таҳсилоти муосир, байналмилаликунонии донишгоҳҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, рушди илм ва технология ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир аҳамияти афзалиятнок медиҳад.

 

Қайд гардид, ки густариши ҳамкориҳо бо ташкилотҳо ва донишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсилоти кишвар ба талаботи ҷаҳони муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии маориф ҳамасола бо иштироки намояндагони маорифи кишварҳои ҷаҳон баргузор гардида, яке аз муҳимтарин платформаҳои байналмилалӣ дар самти сиёсати маориф, рушди малакаҳои асри XXI ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

  • ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ МАОРИФ – 2026 ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img
  • ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ МАОРИФ – 2026 ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img
  • ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ МАОРИФ – 2026 ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img
  • ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ МАОРИФ – 2026 ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «АЛ-ХОРАЗМӢ» ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН Аз 1 то 7 июни соли 2026 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» аз фанҳои математика ва информатика баргузор гардид, ки дар он наврасон аз 10 давлати ҷаҳон байни ҳам рақобати илмӣ намуданд.   Дар ин олимпиадаи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ намуда, бо нишон додани донишу маҳорати баланд сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.   Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 1 медали тилло (ҷойи якум), 2 медали нуқра (ҷойи дуюм) ва 8 медали биринҷӣ (ҷойи сеюм) ба даст овард.

    57

    08.06.2026
  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, раиси комиссияи даври ноҳиявии озмун - Манижабону Аминзода, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Боронзода Давлатманд, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, ғолибони озмун ва волидайни онҳо иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» яке аз ташаббусҳои муҳим ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба рушди тафаккури илмӣ, густариши ҷаҳонбинии техникӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.   Қайд карда шуд, ки дар даври ноҳиявии озмун зиёда аз 530 нафар хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз рӯи ҳашт номинатсияи муқарраргардидаи низомномаи озмун донишу малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.   Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибони арзанда муайян гардида, барои иштирок дар даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.   Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибон ва ҷоизадарон, инчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, волидайни онҳо бо "Сипоснома"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

    56

    06.06.2026
  •  img
    ДАР РОҲИ ПОСДОРИИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ 6 июни соли 2026 ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихӣ ва мондагори фарзандони барӯманди миллат ба оромгоҳи Лучоб дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.   Ҳайати устодон бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтиром ба оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад, аз корномаҳои пуршарафи онҳо дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуданд.   Зимни маросими арҷгузорӣ таъкид гардид, ки бо ибтикор ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муште аз хоки оромгоҳи ин шахсиятҳои барҷаста ба Ватан оварда шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.   Дар ҷараёни боздид иштирокчиён таъкид намуданд, ки гиромидошти хотираи шахсиятҳои фидокори миллат, посдории арзишҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар рушди давлату миллат, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии эҳсоси ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад.   Ин иқдом бозгӯи пайванди устувори гузаштаву имрӯз ва нишонаи эҳтироми амиқ ба шахсиятҳое мебошад, ки бо ҷоннисорӣ ва садоқати худ дар бунёди пояҳои давлатдории тоҷикон нақши таърихӣ гузоштаанд.

    63

    06.06.2026