10.09.2026

 img

9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

 

Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.

 

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯ гардид ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфт.

 

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин марҳалаи тақдирсоз мардуми сарбаланду истиқлолхоҳи тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он ба хотири ҳифзи давлатдории миллии худ сарҷамъу муттаҳид шуданд ва Ватани маҳбуби хешро аз ин фоҷиа наҷот доданд.

 

“Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидан ва баъдан бо талошу мубориза ҳифз кардани истиқлолу озодии бадастомада, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини худ мебошад”, - иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Сарвари давлат маҳз ба ҳамин хотир, ин рӯйдоди бузург, яъне истиқлолро барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ намуданд.

 

Зикр гардид, ки пешрафту ободиҳое, ки бо дастони мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо заҳмати софдилонаи ҳар як фарди Ватан дар 35 соли гузашта анҷом дода шуданд, аз нигоҳи арзиши таърихӣ ба 100 сол баробар аст.

 

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин ва бузургтарин дастоварди мо дар ин муддат барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, истиқрори сулҳи пойдору бебозгашт ва расидан ба ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо муборизаву фидокориҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми шарафманди кишвар ба даст омад.

 

 Таъкид шуд, ки муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат насле ба дунё омад ва ба камол расид, ки ҳисси баланди миллӣ дорад, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст аст, дар пайи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар аст ва омода аст, ки истиқлолу озодии Ватани худро ҳимоя намояд ва кишвари худро боз ҳам ободу пешрафта гардонад.

 

“Мо бо халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва аз ҳар яки онҳо умеди зиёд дорем!”, -таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътирофи Тоҷикистон ва қабули ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар андешаронӣ карда, ташаббуси нави Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036”-ро исботи ин гуфтаҳо номиданд.

 

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиву панҷумин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба кулли мардуми кишвар, сокинони пойтахти зебоямон, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳамаи иштирокдорони роҳпаймоии имрӯза самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳар як хонадони тоҷик бахту саодат, иқболи нек, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу намуданд.

 

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона бо иштироки сокинони пойтахт, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон ва наврасони накуиқболу хуштолеъи даврони соҳибистиқлолӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.

 

Аз руйи ҳаҷм ва шукуҳ ин калонтарин роҳпаймоии идона дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар дар пойтахти Тоҷикистони азиз буд, зеро дар он беш аз 120 ҳазор нафар аз назди минбари асосӣ гузаштанд.

 

Дар роҳпаймоӣ роҳбарону кормандони вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, муассисаҳои олии таълимӣ, намояндагони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа, энергетика, тандурустӣ, маорифу фарҳанг, варзишгарон, бунёдгарони неругоҳи обии Роғун, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои мухталиф, сокинони пойтахт ва ҷавонону наврасон фаъолона иштирок намуданд.

 

Ин чорабинии бошукуҳи идона барои арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд.

 

Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои идона дар фазои тантанавӣ бо муҳаббату садоқат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳпаймоӣ намуданд.

 

Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳои идона барои таҳкими ҳисси худогоҳию худшиносӣ, ватанпарастӣ, ва гиромидошти неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ замина фароҳам меоранд.

  • Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ img
  • Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ img
  • Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ img
  • Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ img
  • Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ img
  • Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ img
  • Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ img
  • Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамватанони азиз!   Сокинони муҳтарами пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол!   Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик мегӯям.   Сиву панҷ сол муқаддам мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик соҳиби истиқлоли сиёсӣ гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд.   Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.   Дар ин давра, яъне тайи 35 сол Тоҷикистон роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд.   Маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ки дар натиҷаи саъйу талошҳои зиёд ба даст омад, барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.   Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба шарофати заҳмати содиқона ва талошҳои ватандӯстонаи мардум ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст.   Ҳамватанони гиромӣ!   Дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмон – ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст гардидем.   Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳимми баргузории чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ дар минтақа табдил ёфта истодааст.   Итминони комил дорам, ки Варзишгоҳи навбунёди миллӣ минбаъд ба маркази рушди футболи кишвар, макони баргузории муҳимтарин бозиҳои байналмилаливу минтақавӣ ва майдони омодасозии наслҳои футболбозони муосири тоҷик табдил меёбад.   Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор як нуктаи муҳимро иброз намоям: ҳамаи ободиҳое, ки то имрӯз дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар пойтахти он – шаҳри Душанбе амалӣ гардидаанд, аз баракати истиқлолу озодӣ мебошанд.   Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, дар Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунем.   Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расем ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоем.   Ҳамчунин, мо бояд ифтихор кунем, ки вориси яке аз тамаддунҳои қадимтарини ҷаҳон, яъне ориёӣ ҳастем ва анъанаҳои тамаддунсозиву фарҳангофарӣ, созандагиву ободгарӣ дар ниҳоди мо аз замонҳои бисёр қадим реша давонидаанд.   Итминон дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва махсусан ҷавонони ватандӯсти мо, инчунин соҳибкорони бонангу номус ин анъанаҳои неки аҷдоди ободгари худро идомаву вусъати бештар мебахшанд ва шуҳрату обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.   Бо ибрози итминон ба фардои боз ҳам дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон бори дигар кулли ҳамватанони гиромӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини ин майдони бошукӯҳро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.   Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ва сокинони он барои заҳмати содиқонаву ватандӯстона, ободу зебо гардонидани шаҳр ва иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҷашнӣ миннатдорӣ баён менамоям.   Хотирнишон менамоям, ки мо бояд боз ҳам заҳмат кашем, Ватани азизамон ва пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, то тавонем дар қатори ҷомеаи мутамаддини башарӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем.   Бигзор, истиқлоли давлатӣ ҷовидон, ваҳдати миллӣ пойдор ва Парчами давлати Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад!   Бигзор, Ватани азизамон боз ҳам ободу пешрафта гардад, сулҳу оромӣ дар кишвари биҳиштосоямон пойдор бошад ва дар хонадонамон файзу баракат зиёда гардад!   Ба ҳар як хонадони мамлакат, аз ҷумла ба сокинони пойтахти он саломатӣ, рӯзгори обод, саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.   Ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон муборак бошад, ҳамватанони азиз!   Зиндаву ҷовидон бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

    10

    10.09.2026
  •  img
    Суханронӣ дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Сокинони муҳтарами пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол!   Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик мегӯям.   Сиву панҷ сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби истиқлол гардид ва халқи тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард.   Дар ин давра Тоҷикистон роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд.   Хусусан, солҳои аввали истиқлол барои мардуми мо солҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз буданд.   Дар он айём хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба миён омада буд.   Вале бархилофи нақшаҳои шуми доираҳои манфиатҷӯй бо иродаи қавии мардуми кишвар ва талошҳои ватандӯстонаи фарзандони бонангу номуси миллат дар кишварамон сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ барқарор гардид.   Маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.   Муҳимтар аз ҳама, мардум ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон эътимод пайдо карданд ва маҳз ҳамин эътимод омили тараққиёти минбаъдаи кишварамон гардид.   Имрӯз мо бо ифтихор метавонем изҳор намоем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба шарофати заҳмати содиқона ва талошҳои ватандӯстонаи мардум ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст.   Вале набояд фаромӯш кард, ки дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ҷиҳати вусъат додани заҳмати созанда ва зиндагии арзанда барои мо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа неъмати аз ҳама арзишманд мебошад ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.   Зеро танҳо дар фазои амну ором давлат метавонад пеш равад, иқтисод рушд кунад ва сокинони мамлакат ба заҳмати созанда машғул шаванд.   Маҳз ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, ки хусусан солҳои охир ба масъалаи мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, чанде пештар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027 – 2036», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид.   Иқдоми мазкур саҳми кишвари соҳибистиқлоли мо дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва албатта, мояи ифтихори мардуми он мебошад, ки ҳамагӣ чанд даҳсола қабл аз ин ҷанги даҳшатноки таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд.   Ҳамватанони гиромӣ!   Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор як нуктаи муҳимро иброз намоям: ҳамаи ободиҳое, ки то имрӯз дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар пойтахти он – шаҳри Душанбе амалӣ гардидаанд, аз баракати истиқлолу озодӣ мебошанд.   Бинобар ин, мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, дар Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунем.   Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расем ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоем.   Ҳамчунин, мо бояд ифтихор кунем, ки вориси яке аз тамаддунҳои қадимтарини ҷаҳон, яъне ориёӣ ҳастем ва тамаддунсозиву фарҳангофарӣ, созандагиву ободгарӣ дар ниҳоди мо аз замонҳои бисёр қадим реша давонидааст.   Бори дигар кулли ҳамватанони гиромӣ ва ҳамаи                   шумо – ҳозирини ин майдони бошукӯҳро ба ифтихори ҷашни            35-солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.   Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ва сокинони он барои заҳмати содиқонаву ватандӯстона, ободу зебо гардонидани шаҳр ва иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҷашнӣ миннатдорӣ баён менамоям.   Хотирнишон менамоям, ки мо бояд боз ҳам заҳмат кашем, Ватани азизамон ва пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, то тавонем дар қатори ҷомеаи мутамаддини башарӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем.   Бигзор, истиқлоли давлатӣ ҷовидон, ваҳдати миллӣ пойдор ва Парчами давлати Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад!   Бигзор, Ватани азизамон боз ҳам ободу пешрафта гардад, сулҳу оромӣ дар кишвари биҳиштосоямон пойдор бошад ва дар хонадонамон файзу баракат зиёда гардад!   Ба ҳар як хонадони мамлакат саломатӣ, рӯзгори обод, саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.   Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед, ҳамдиёрони гиромӣ!   Ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон муборак бошад, ҳамватанони азиз!   Зиндаву ҷовидон бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

    7

    10.09.2026
  •  img
    Иштирок дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ 9 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.    Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ - 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд.   Таъкид гардид, ки 35 сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби истиқлол гардид ва мардуми тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.   Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ҷиҳати вусъат додани заҳмати созанда ва зиндагии арзанда барои мо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа неъмати аз ҳама арзишманд мебошад ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.   “Маҳз ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, ки хусусан солҳои охир ба масъалаи мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, чанде пештар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027 - 2036”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид”, - изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Зикр гардид, ки иқдоми мазкур саҳми кишвари соҳибистиқлоли мо дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва албатта, мояи ифтихори мардуми он мебошад, ки ҳамагӣ чанд даҳсола қабл аз ин ҷанги даҳшатноки таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд.   Дар робита ба бунёди иншооти муҳташами Варзишгоҳи миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмон - ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст гардидем.   Гуфта шуд, ки ҳамаи ободиҳое, ки то имрӯз дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар пойтахти он - шаҳри Душанбе амалӣ гардидаанд, аз баракати истиқлолу озодӣ мебошанд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоянд.   Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва кулли мардуми ободгари кишвар барои заҳмати содиқонаву ватандӯстона, ободу зебо гардонидани шаҳр ва иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҷашнӣ миннатдорӣ баён намуданд.   Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи миллӣ намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 соли сарнавиштсоз” баргузор гардид.   Намоиши идонаву тантанавии бошукуҳ ба бобҳо ҷудо гардида буд, аз қабили дар масири тамаддуни миллат, дар боби амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноат - асоси пешрафт, “Об барои рушди устувор” - қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ва рушди пешравии рақамӣ.   Дар барномаи идонаи консертӣ шеърҳо аз эҷодиёти шоирони шинохтаи тоҷик Давлат Сафар, Озарахш, Гулназар Келдӣ, Рустами Ваҳҳоб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Озари Ориф, Раънои Мубориз, Камол Насрулло, Шамсиддини Нуриддин, Нуруллои Ориф, Назрӣ Яздон, Ниҳонӣ, Ато Мирхоҷа, Хайрандеш, Сайдои Шайдо, Толиби Луқмон, Муҳаммад Ғоиб ва Низом Қосим бо номҳои “Партави ифтихор”, “Гулбиҳишт”, “Дар зинароҳи Истиқлол”, “Суруди миллии Тоҷикистон”, “Ориёиям”, “Сомониям”, “Созу навои Ватан”, “Номаи иқбол”, “Бақои миллат”, “Халқ ва Пешво”, “Ватани пурганҷ”, “Тоҷикистон”, “Душанбе-шаҳри гулҳо”, “Душанбе-шаҳри ҷавонӣ” ва “Рамзи Истиқлол” истифода гардид.   Ҳунармандон, устодони санъат ва сарояндаҳои шинохта Рустам Дуллоев, Меҳрнигори Рустам, Фотима Машрабова, Таҳмина Ниёзова, Амирҷон Рӯзиев, Нигина Амонқулова, Давлат ва Соҳиб Назрӣ, Комилҷон Зарипов, Тоҷиддин Раҳимзода, Гуласал Пӯлодова, Ҳақназар Аловатов, Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо, Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло, Лоиқ Холов, Шоҳин ва Ҷаннатулло Абдуллоевҳо, Ситораи Кароматулло, Абдулхайр Муминов, ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ҳайётҷон Ҳамрохонов ва Манижа Назарова, Ҳикматулло Анваров, ҳунарпешагони Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Миҷгона Иброҳимова, Ясмина Алидодова, Мадина Ақназарова, Дилноза Каримова, барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Фаррух Ҳасанзода ва хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо оҳанги композиторони шинохта ба меҳмонони чорабинии фарҳангӣ сурудҳои дилнишин пешкаш намуданд.   Дар фазои идонаи Варзишгоҳи миллӣ оҳангҳои композиторони шинохта Далер Тиллоев, Файзалӣ Умар, Назира Ҳамдамова, Фарҳод Зикир, Сулаймон Юдаков, Носир Сафарзода, Тобиш Ҳилолӣ, Исмоил Назрӣ, Фурқат Саидзода, Шавкат Умаров, Ҳақназар Аловатов, Раҳматулло Ҳошимов, Олимҷон Солизода, Искандар Тоҳиров, Зафар Раҳимӣ, Абдулхайр Муминов, Муборакшо Ҷумаев, Убайдулло Иброҳимзода, Насим Раҷабов, Ёқуб Абдуллоев, Муҳаммад Ҷӯраев, Бахтиёр Ҳаитов ва Зайниддин Каримов садо дод.

    1

    10.09.2026