12.06.2026
Аз 29 май то 11 июни соли 2026 намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Шеняни музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар семинари байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони “Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ” иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии мутахассисон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти татбиқи модели таълимии забони чинӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи маорифи ду кишвар арзёбӣ гардид.
Дар доираи барномаи таълимии семинар иштирокчиён дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иштирок намуда, доир ба низоми муосири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, сиёсати давлатӣ дар самти рушди таҳсилоти касбӣ, таҷрибаи омода намудани кадрҳои баландихтисос ва роҳҳои мутобиқ намудани омӯзиши забон ба талаботи бозори меҳнат маълумоти муфассал гирифтанд.
Ҳамзамон, мавзуъҳои муҳимми соҳа, аз ҷумла «Забони чинӣ + тиб», «Забони чинӣ + тиҷорат», «Забони чинӣ + хизматрасонии сайёҳӣ», «Забони чинӣ + кишоварзӣ», «Забони чинӣ + саноати хӯрокворӣ» ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён бо усулҳои навини таълим, технологияҳои муосири омӯзишӣ ва таҷрибаи муассисаҳои пешрафтаи таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардида, доир ба татбиқи онҳо дар раванди таълим мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар ин замина, ҳайати Тоҷикистон аз Донишгоҳи ҷанубу ғарбии хоҷагии ҷангал дар шаҳри Кунмин дидан намуда, бо таҷрибаи омода намудани мутахассисон дар бахшҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва низоми ҳамгироии илм бо истеҳсолот шинос шуданд.
Инчунин, иштирокчиён ба деҳаи Фубао ташриф оварда, бо натиҷаҳои татбиқи барномаҳои рушди деҳот, эҳёи маҳалҳои аҳолинишин, рушди соҳибкории деҳот ва таҷрибаи идоракунии маҳаллӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Зимни боздид таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Дар идомаи барномаи таҷрибаомӯзӣ ҳайати Тоҷикистон аз Донишгоҳи Дали боздид намуда, бо дастовардҳои илмӣ дар самти экологияи кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди устувори деҳот ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ шинос гардид. Ҳамчунин, дар Коллеҷи касбӣ-техникии Литзян иштирокчиён бо модели муосири ташкили таҳсилоти касбӣ, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо бахши истеҳсолот ва таҷрибаи омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ошно шуданд.
Дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ намояндагони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Кунмин, Дали ва Литзян боздид намуда, бо таъриху фарҳанг, тамаддун, мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин шиносоӣ пайдо карданд. Аз ҷумла, боздид аз Осорхонаи геологии «Ҷангали сангӣ», шаҳри қадимаи Дали, шаҳри қадимаи Литзян, Қасри императории Шенян, кӯчаи машҳури Чжунзе ва дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ барои амиқтар дарк намудани фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи мардуми Чин мусоидат намуд.
Ҳамзамон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи семинари омӯзишӣ дар Конференсияи байналмилалии бародаршаҳрҳои музофоти Ляонин ва Форуми байналмилалии ректорони донишгоҳҳо иштирок намуданд. Зимни баргузории чорабиниҳои мазкур масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, таҳсилоти касбӣ ва табодули академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, намояндагони Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҳамчунин, иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангии бахшида ба фарҳанги чойи чинӣ, санъати хаттотӣ, мусиқӣ ва операи суннатии чинӣ иштирок намуда, бо арзишҳои фарҳангии ин кишвар аз наздик ошно гардиданд.
Қобили зикр аст, ки семинари байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» барои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи маориф, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, рушди таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон