18.11.2025
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Шурои ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба ниҳоӣ намудани Барномаи татбиқи Консепсияи ташаккули фазои ягонаи таълимии ИДМ барои солҳои 2027-2035 баргузор гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа Саидзода Ҳикматулло, сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд
Барномаи мазкур ҳамчун санади муҳимми стратегӣ таҳия шуда, ба ҳамоҳангсозӣ ва густариши ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф, тайёр ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии стандартҳои таълимӣ ва таҳкими фазои ягонаи иттилоотӣ равона гардидааст.
Ҷаласа бо иштироки намояндагони кишварҳои узв баргузор шуда, намояндагони мақомоти идоракунии маориф аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, ҳамчунин вакилони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ва намояндагони Исполкоми ИДМ ширкат варзиданд.
Ҷониби Тоҷикистон дар баррасии бахшҳои калидии Барномаи мазкур, аз ҷумла, таҳияи механизмҳои ҳамоҳангсозии стандартҳои таҳсилот дар кишварҳои ИДМ, такмили низоми аккредитатсия ва аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, ташаккули низоми ягонаи иттилоотӣ ва маълумот оид ба таҳсилот, таҳияи меъёрҳои намунавӣ дар самти таҳсилот, омӯзиши калонсолон ва таҳсилоти фосилавӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ саҳми фаъол гузошт.
Сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба зарурати идомаи ҳамкориҳо дар доираи ИДМ дар самти мутобиқсозии стандартҳо, таъмини эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ, дастгирии таҳсилоти инклюзивӣ ва тавсеаи имкониятҳои таҳсилоти фосилавӣ баён намуд.
Зимни мулоҳизаронӣ таъкид гардид, ки Барномаи татбиқи Консепсияи ташаккули фазои ягонаи таълимии ИДМ барои солҳои 2027-2035 яке аз марҳилаҳои муҳимми ҳамгироии кишварҳо дар соҳаи маориф ба шумор рафта, ба таҳкими рушди кадрӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии низоми таҳсилоти миллӣ ва тавсеаи ҳамгироии илмӣ-таҳсилотӣ мусоидат менамояд.
Дар анҷоми ҷаласа пешниҳод гардид, ки лоиҳаи Барнома бо пешниҳоди ҷонибҳои иштирокчӣ такмил ёфта, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Шурои ҳамкории соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ пешниҳод карда шавад.