18.05.2025

 img

Имрӯз, 18 майи соли 2025 дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор мегардад.

 

Дар қатори дигар сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ширкат варзиданд.

 

Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.

 

Дави миллӣ маъраки умумимиллӣ буда, мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои дигар