05.06.2026
Аз 2 то 4 июни соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), ки дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд доир гардида, масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи маориф, маблағгузории таҳсилот, татбиқи барномаҳои ислоҳотӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, узви Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) аз ҳавзаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик аз дастгирии пайвастаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ҷиҳати рушди низоми маорифи кишварҳои рӯ ба рушд изҳори сипос намуда, аҳаммияти татбиқи Барномаи мониторинг, арзёбӣ ва омӯзиши GPE то соли 2030-ро ҳамчун заминаи муҳимми рушди минбаъдаи соҳаи маориф таъкид кард.
Вазир таъкид дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз тавассути дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ислоҳоти низоми маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори соҳа ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии соҳаи маориф натиҷаи ҳамин сиёсати созанда ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳонӣ, ноустувории иқтисодӣ ва геополитикӣ, таъмини маблағгузории устувори соҳаи маориф ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории худро аз афзалиятҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф бори дигар тасдиқ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда дар самти рушди таҳсилоти босифат иброз дошт.
Дар суханронӣ инчунин ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои экосистемаи кӯҳӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, обшавии пиряхҳо ва афзоиши офатҳои табиӣ таъсири ҷиддӣ мебинад. Дар ин замина, ҳамгиро намудани принсипҳои устувории экологӣ ба низоми маориф ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии насли наврас аз вазифаҳои муҳимми давлатӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон, вазири маориф ва илм ба нақши рӯзафзуни технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаи маориф ишора намуда, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи технологияҳои навро ҳамчун воситаи муассири баланд бардоштани сифати таълим арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи вазир, дар кишвар барои рушди малакаҳои рақамии омӯзгорон ва хонандагон, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар доираи ҷаласа пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф ва ислоҳоти таҳсилоти ба салоҳиятҳо асосёфта низ муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ва шарикони рушд дар самти таҳияи насли нави маводи таълимӣ, таҳкими иқтидори омӯзгорон ва такмили низоми идоракунии соҳа натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм фаъолияти Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илмро ҳамчун ниҳоди муҳимми таъмини сиёсати далелнок ва мониторинги ислоҳоти соҳа муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, дар доираи ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари гурӯҳи кишварии Шарикии глобалии маориф, масъули ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти GPE дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Трине Петерсен вохӯрӣ анҷом дода, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои ҳамкориҳои амалкунанда, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имкониятҳои нави дастгирии низоми маорифи кишварро муҳокима намуданд.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф барои таҳкими мавқеи байналмилалии соҳаи маорифи кишвар, густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷалби имкониятҳои нави маблағгузорӣ барои рушди соҳаи маориф аҳамияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон