28.10.2026

 img

28 октябри соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.

 

Форуми мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия, густариши робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштараки таълимию илмӣ баргузор гардид. Дар он вазирони маорифи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои гуногун, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳаи маориф иштирок намуданд.

 

Дар меҳвари муҳокимаҳо масъалаҳои рушди табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, эътирофи мутақобилаи диплом ва ҳуҷҷатҳои тахассусӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ, ҷалби грантҳо ва баланд бардоштани сифати таҳсилот қарор доштанд.

 

Зимни суханронӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки маориф яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди сармояи инсонӣ, дастгирии ҷавонон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии илмию таълимӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими соҳа мебошанд. Маҳз таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва татбиқи ташаббусҳои муштарак барои ташаккули фазои минтақавии маориф, илм ва инноватсия заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ӯ ҳамчунин муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар соҳаи маориф ва илм муҳим арзёбӣ намуда, нақши иродаи сиёсии роҳбарони ду давлатро дар фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкориҳои судманд таъкид кард.

 

Дар идомаи суханронӣ вазир пешниҳод намуд, ки барои солҳои 2027-2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳия ва мувофиқа карда шавад. Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, технологияҳои муосир, рушди таҳсилоти рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ таъкид гардид. Вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон барои идомаи муколамаи созанда, таҳияи ташаббусҳои муштарак ва иштироки фаъолона дар татбиқи барномаҳои минтақавии ҳамкорӣ омода буда, чунин иқдомҳо бояд пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимию илмӣ барои ҷавонон равона карда шаванд.

 

Дар ҷараёни форум дигар иштирокчиён низ оид ба дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф ва илм андешаронӣ намуда, аҳаммияти таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотиро таъкид карданд. Ҳамчунин, масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои шарик ва таҳкими мавқеи байналмилалии донишгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Иштирок дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ барои густариши робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, табодули таҷрибаи пешқадам ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф ва илм аҳаммияти муҳим дорад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАОРИФИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ img
  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАОРИФИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ img
  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАОРИФИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 28 октябри соли 2026 №1237

    57

    28.10.2026
  •  img
    Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна» Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008-2026 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022, 2025 ва 2026) дар ҷумҳурӣ 5 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шудааст.   Мораторийҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат намуд.   Қобили зикр аст, ки дар тамоми марҳалаҳои татбиқи мораторий ба санҷишҳо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дахлдор қабул гардида, муносибатҳои марбут ба мораторийҳои эълоншуда мушаххас ба танзим дароварда мешаванд.   Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2029 мораторий эълон карда мешавад.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод менамояд.   Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба танзим дароварда мешаванд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи онро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.   Тибқи муқаррароти Қонун, амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо боздошта мешавад.

    48

    28.10.2026
  •  img
    Гузоштани санги асоси бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе 27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.   Бунёди 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва дар асоси Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, чун тарҳҳои муосири шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад, ки ояндаи наздик имконоту шароити муосирро аз ҷиҳати инфрасохтор ва коммуникатсия муҳайё месозанд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳа нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар умум 850 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат сохта мешавад, ки паҳноии ҳар як хатти ҳаракат мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сеюним метрро ташкил хоҳад дод.    Гардишҳои роҳи дусатҳа бо 3 хатти ҳаракат ва риояи талаботи байналмилалӣ бунёд хоҳанд шуд.   Ҳамчунин ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳаи дигар, ки дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров бунёд карда мешавад дар умум 4 ҳазору 300 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат тибқи стандарҳои байналмилалӣ сохта мешаванд.   Дар қитъаҳои алоҳидаи хиёбони Саъдии Шерозӣ барои нақлиёти истифодаи умум – автобусу тролейбус хатҳои махсуси ҳаракат ҷудо карда мешаванд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонии  2 эстакада ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, ки дар муҳлати 2 сол анҷом дода мешавад, навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла хати оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, барқ, равшанидиҳӣ, сабзкории гулгашту роҳравҳо бо сифати баланд анҷом дода хоҳанд шуд.   Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо арзиши ҳудуди 1 миллиард сомонӣ  аз ҷониби паймонкорон ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Ширкати муҳандисию сохтмонии шаҳрсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамоҳангсоз Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.   Зимни муаррифии Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки азнавсозии пули мошингузар аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ амалӣ гардида, пули мошингузар бо дарозии 115 метр ва паҳноии 40 метр аз ҳар ду самт, 8 хатти ҳаракат ва 100 тонна иқтидори вазнбардорӣ бунёд мегардад.   Дар сохтмон ва азнавсозии пули мошингузар 80 болори мустаҳкам ва босифат сохта, истифода карда мешавад, ки аз он 40 болор 24 метрӣ ва 40 тои дигар 33 метрӣ мебошанд.   Сохтмони 2 роҳи дусатҳа дар нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев ва дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, инчунин азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ бо мақсади амалинамоии лоиҳаҳои ҷадиди шаҳрсозӣ, бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати бемамониати ронандагону пиёдагардон мебошад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳҳои дусатҳаву сесатҳа, мутобиқ гардонидани роҳҳои пойтахти ҷумҳурӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, низоми шаҳрсозӣ ва ташаккули инфрасохтори шаҳри Душанберо шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ва роҳсозон дастур доданд, ки пеш аз ҳама ба муҳлати татбиқи лоиҳа, сифати масолеҳ ва корҳои сохтмонӣ таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то чунин иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.

    53

    27.10.2026