16.11.2026
Як рӯз хонандаи синфи ибтидоӣ ба китобхона даромада гуфт:
– Муаллима, ба ман китоби хурдакак диҳед.
Пурсидам:
– Дар бораи чӣ бошад?
Каме фикр карду гуфт:
– Фарқ надорад, фақат хурд бошад.
Ин ҷавоби кӯдак маро ба андеша бурд.
Китобдор дар чунин ҳолат чӣ бояд кунад? Китоби хурдро диҳад ё кӯшиш намояд фаҳмад, ки ин хонанда ба чӣ шавқ дорад?
Ман роҳи дуюмро интихоб кардам.
Аз ӯ пурсидам, ки бештар чиро дӯст медорад? Маълум шуд, ки ба ҳайвонот шавқ дорад. Китоби кӯдаконаеро пешниҳод кардам, ки дар он ҳикояҳои кӯтоҳ дар бораи ҳайвонот буданд. Баъди чанд рӯз китобро баргардонд ва пеш аз рафтан пурсид:
– Дар бораи сагҳо ҳам китоб доред?
Барои китобдор чунин савол аломати хуб аст, зеро кӯдак ин дафъа на барои «китоби хурд», балки барои китоби муайян омадааст.
Ҳангоми кор дар китобхонаи гимназияи хусусии «Кафолат»» бештар бовар ҳосил мекунам, ки кӯдакро ба таври маҷбурӣ китобхон кардан душвор аст. Ба ӯ бояд китоберо нишон дод, ки дар вақти муносиб ба завқу фаҳмиши ӯ мувофиқат кунад.
Ҳар хонанда завқи худро дорад. Яке афсонаро дӯст медорад, дигаре саргузаштро, сеюмӣ ба таърих шавқ дорад, чорумӣ соатҳо расмҳои китобҳои табиатшиносиро тамошо мекунад.
Дар китобхона кӯшиш мекунем, китобҳои нав ё ҷолибро танҳо дар рафҳо пинҳон нагузорем. Китобе, ки хонанда намебинад, бисёр вақт барои ӯ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, гӯшаҳои хурди мавзуӣ самараи хуб медиҳанд.
Масалан, як ҳафта метавон гӯшаи «Саёҳат мекунем», ҳафтаи дигар «Олами ҳайвонот», «Китобҳои дӯстдоштаи кӯдакон», «Қаҳрамонони таърих» ё «Чӣ бихонем дар рӯзҳои истироҳат?»-ро ташкил кард.
Баъзан барои ҷалби диққат назди китоб танҳо як савол мегузорем:
– Агар ту дар ҷазираи беодам мемондӣ, чӣ кор мекардӣ?
Дар паҳлуи он китоби саргузаштӣ қарор дорад.
Кӯдак аввал саволро мехонад, баъд китобро ба даст мегирад. Барои китобдор ҳамин ба даст гирифтани китоб қадами аввал аст.
Усули дигаре, ки ба кӯдакон писанд меояд, тавсияи худи хонандагон аст. Пас аз баргардондани китоб аз баъзе хонандагон хоҳиш мекунем, дар бораи он танҳо як ҷумла гӯянд.
– Ба дӯстат ин китобро тавсия медиҳӣ?
Агар ҷавоб «ҳа» бошад, мепурсем:
– Барои чӣ?
Ҷавобҳо баъзан хеле содаанд:
«Хандаовар буд».
«Қаҳрамонаш ба ман писанд омад».
«Дар бораи динозаврҳо бисёр чиз фаҳмидам».
Аммо маҳз ҳамин ҷумлаҳои кӯдакона барои хонандаи дигар таъсирбахшанд.
Барои хонандагони хурдсол китобро каме «муаррифӣ» кардан лозим аст. Масалан, китобро гирифта мегӯем:
– Қаҳрамони ин ҳикоя як сирро меёбад. Ман намегӯям, ки чӣ сир аст. Агар хоҳед, ки фаҳмед, китобро хонед.
Баъзан хондани чанд саҳифаи аввал низ натиҷаи хуб медиҳад. Хусусан, хонандагони хурдсол дӯст медоранд, ки калонсолон ба онҳо бо овоз ҳикоя хонад. Дар ҷойи ҷолиб саҳифаи китобро мепӯшем:
– Давомаш чӣ мешавад?
Агар кӯдак ҷавобро донистан хоҳад, худи ӯ китобро мегирад.
Дар баробари ин, китобхонаи мактаб бояд ҷойе бошад, ки кӯдак бо хоҳиши худ ба он ворид шавад.
Фарида СОДИҚОВА,
китобдори гимназияи хусусии «Кафолат»-и шаҳри Душанбе