01.06.2025

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Кӯдакони азиз!
Фарзандони арҷманд!
Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, самимона шодбош намуда, бароятон саломативу сарбаландӣ, таҳсили хубу аъло, фароғату истироҳат ва зиндагии пурсаодатро таманно дорам.
Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба соҳаи маориф зоҳир карда шуд ва бо дастгириву роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароити мусоиди таълиму тарбия барои кӯдакон фароҳам оварда шуд. Зеро кӯдакон сарвати асосии давлат буда, фарогирӣ ба таҳсил, ҳифзи ҳуқуқҳо, шароити хуби зиндагӣ, истироҳату фароғат ва солимии онҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад”.
Шоистаи таъкид аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардидаанд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро таъмин мекунанд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон”, ки дар асоси он ба таври дақиқу ҳамаҷониба ҳуқуқҳои онҳо ҳифз ва дар ин замина, рисолати аҳли ҷомеа муайян шудааст. Дар баробари ин, стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ амал мекунанд, ки фаъолияти кӯдаконро дар ҳама ҷабҳаҳо таъмин менамоянд.
Дар баробари ин, барои бештар ҷалб намудани кӯдакон ба омӯзиш, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва такомулу ташаккули тафаккури онҳо бо дастури Пешвои муаззами миллат озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” роҳандозӣ гардиданд. Дар озмунҳои мазкур бештари довталабонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва бо суханварӣ, дониши мукаммал ва ҳунару маҳорати фавқулода баромад менамоянд, ки шаҳодати возеҳ аз доштани ҷаҳонбинии пешрафта, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба камол расидани насли замони истиқлол мебошад.
Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024) ба масъалаи вусъати бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо дастурҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, ба масъулин супориш дода шуд, ки: “Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд... Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.
Дар баробари ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, вазифаи мо, омӯзгорон, падару модарон ва умуман, аҳли ҷомеа низ дар масъалаи таълиму тарбияи шоистаи онҳо бештар мегардад. Зеро таъмини ҳифзу ҳимояи кӯдакон ба ҳамбастагии фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа вобаста мебошад, то онҳо ба омӯзишу таҳсил ҷиддӣ машғул шаванд, истироҳату фароғат намоянд, давраи ширини кӯдакиро дошта бошанд, дар муҳити солими оила ва ҷомеа ба камол расанд ва дар оянда ҳамчун неруи созандаву бунёдкор дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд.
Бори дигар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакони кишвар табрик гуфта, барояшон рӯзгори хуш, қалби шод, оромиву осоиши хонадон, иқболи баланд ва саломатии бардавомро орзумандам.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бод!