25.06.2026

 img

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Педагогикаи миллӣ ва нақши он дар ташаккули худогоҳӣ ва худшиносии ҷомеа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

 

Конференсияро ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи шаҳрвандони ватандӯст ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои арзандаи соҳаи маориф мусоидат менамояд.

 

Таъкид гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маърифат, фарҳанг ва худшиносии шаҳрвандон равона гардида, дар ин раванд педагогикаи миллӣ ҳамчун низоми арзишҳо ва таҷрибаи бойи тарбиявии халқи тоҷик нақши муассир дорад.

 

Дар кори конференсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Сӯҳроб Самадзода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти педагогикаи миллӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи насли соҳибмаърифат ва рушди арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир андешаронӣ карданд.

 

Дар идомаи кори конференсия маърузаҳои илмии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайрулло Сабурӣ дар мавзуи «Саҳми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар омодасозии кадрҳои илмию педагогӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ», номзади илмҳои филологӣ ва дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Саидумрон Саидов перомуни «Масъалаҳои истифодаи сарчашмаҳои тарбиявии педагогикаи миллии халқи тоҷик дар рушди ҳаматарафаи насли наврас», дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносӣ Нодирҷон Солиҷонов оид ба «Омилҳои педагогии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Абдуҳаким Шарипов дар мавзуи «Нақши педагогикаи муосир дар татбиқи ҳадафҳои эълон гардидани солҳои 2026-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»» шунида шуданд.

 

Дар анҷоми конференсия изҳори умед гардид, ки натиҷаҳои муҳокимаҳои илмӣ барои рушди минбаъдаи афкори педагогӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои педагогикаи миллӣ дар низоми таълим ва таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: ПЕДАГОГИКАИ МИЛЛӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ ҶОМЕА img
  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: ПЕДАГОГИКАИ МИЛЛӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ ҶОМЕА img
  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: ПЕДАГОГИКАИ МИЛЛӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ ҶОМЕА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 24 июни соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.   Конференсияро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик буда, маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори давлат, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам омадааст.   Дар ҷараёни конференсия маърузаҳои илмӣ оид ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, иштирокчиён масъалаҳои муҳими таҳкими сулҳу субот, эҳтироми арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ ва нақши ҷавононро дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.   Маърузачиёни конференсия таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳои миллат ва пояи асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар арзиши бузург дошта, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад. Дар ин замина, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ махсус арзёбӣ гардид.   Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҳкими минбаъдаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа ба пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

    5

    24.06.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ МАОРИФИ МАҲАЛЛӢ (LEG) 24 июни соли 2026 дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, роҳбари дафтари минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба Тоҷикистон Трине Петерсен, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, муовини роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрӣ Двиведӣ, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъи вазорат ва шарикони рушд иштирок намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ дар солҳои охир ба як майдони муҳими ҳамоҳангсозии фаъолият миёни Вазорати маориф ва илм ва шарикони рушд табдил ёфта, дар пешбурди ислоҳоти соҳа, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф нақши калидӣ дорад.   Зимни суханронӣ вазир зикр намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди таҳсилоти томактабӣ, таҳкими иқтидори омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳа тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.   Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳаи маориф, имкониятҳои нави маблағгузорӣ дар доираи ташаббусҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE 2030), вазъи маблағгузории соҳа ва таҳлили норасоии маблағгузорӣ, раванди таҳияи Нақшаи миёнамуҳлати рушди соҳаи маориф барои солҳои 2027–2030, инчунин татбиқи Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таҷдиди сохтори омӯзиш ва такмили низоми дастгирии методии омӯзгоронро муҳокима намуда, доир ба роҳҳои таҳкими иқтидори касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим табодули афкор карданд.   Дар қисмати музокирот намояндагони шарикони рушд ва сохторҳои соҳавӣ оид ба тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо, истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Дар ҷамъбасти ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи маориф изҳор намуда, таъкид карданд, ки таҳкими шарикӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо барои таъмини таҳсилоти босифат ва рушди устувори низоми маорифи кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    46

    24.06.2026
  •  img
    ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ЗАМИНАИ УСТУВОРИ РУШДИ МАОРИФ ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ Дар тақвими таърихии миллати тоҷик санаҳое ҳастанд, ки ҳамчун рамзи сарнавишт, сабақи бузурги таърих ва роҳнамои оянда хизмат мекунанд. Яке аз чунин санаҳои тақдирсоз 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан барои омӯзгорон ва насли ҷавон рамзи пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, сулҳ бар низоъ ва созандагӣ бар вайронкорӣ мебошад.   Вақте аз Ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама бояд дарк намоем, ки он чӣ гуна арзиши бузург ва дастоварди нодири таърихӣ аст. Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолӣ давраи ниҳоят вазнинро аз сар гузаронид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳазорон нафарро қурбон кард, иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ дид, беш аз як миллион нафар муҳоҷири иҷборӣ ва гуреза шуданд, садҳо муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабҳо, зарар диданд ё аз фаъолият бозмонданд.   Дар чунин шароити мушкил, танҳо иродаи сиёсӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан тавонист миллати тоҷикро аз вартаи парокандагӣ наҷот диҳад. Бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, роҳи рушди минбаъдаи давлтро ҳамвор намуд.   Имрӯз, пас аз қариб се даҳсола, мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо поёни низоъ набуд, балки оғози давраи нави давлатсозӣ ва пешрафти ҷомеа гардид. Агар ба дастовардҳои солҳои истиқлол назар афканем, мебинем, ки маҳз дар фазои сулҳу субот Тоҷикистон тавонист дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Аз ҷумла, соҳаи маориф яке аз самтҳое мебошад, ки бештар аз ҳама самараи Ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи давлатро эҳсос кардааст.   Яке аз самтҳое, ки дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ рушди бесобиқа пайдо намуд, таҳсилоти томактабӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали истиқлолият фаъолияти бисёр муассисаҳои томактабӣ бинобар мушкилоти иқтисодӣ маҳдуд гардида бошад, имрӯз ин соҳа ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст.   Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи муассисаҳои таълимии томактабӣ сол ба сол васеъ гардида, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ афзоиш меёбад. Зеро маҳз дар зинаи томактабӣ асосҳои шахсият, ҷаҳонбинӣ, малакаҳои муошират ва омодагии кӯдак ба таҳсилоти минбаъда гузошта мешаванд.   Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ рушди таҳсилоти томактабӣ аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 35 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 16 муассисаи давлатӣ, 2 муассисаи идоравӣ ва 17 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият менамоянд. Дар онҳо зиёда аз 5000 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, барои зиёд намудани фарогирии кӯдакон марказҳои инкишофи кӯдак ташкил гардидаанд, ки зиёда аз 500 нафар кӯдаконро ба таҳсилоти ибтидоӣ омода месозанд.   Ин нишондиҳандаҳо далели онанд, ки дар фазои сулҳу ваҳдат давлат барои ҳар як кӯдак аз солҳои аввали зиндагӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз муассисаҳои муҳити ташаккули шахсияти шаҳрвандони ояндаи Тоҷикистон мебошанд. Маҳз дар ҳамин муассисаҳо кӯдакон аввалин бор мафҳумҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба калонсолон, муҳаббат ба Ватан ва рамзҳои давлатиро меомӯзанд.   Метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ барои пешрафти тамоми низоми таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти томактабӣ, заминаи устувор фароҳам овардааст. Ҳар як муассисаи нави томактабӣ, ҳар як гурӯҳи нави кӯдакон ва ҳар як мураббии фаъол самараи бевоситаи сулҳу субот ва сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Ҳамчун омӯзгор бар он назарам, ки агар сулҳу субот намебуд, дастовардҳои имрӯзаи маорифи тоҷик ғайриимкон буданд. Мактаб ба муҳити оромӣ, субот ва эътимод ниёз дорад. Дар шароити ҷанг ва бесуботӣ на таълиму тарбия имконпазир асту на рушди инсон.   Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ва азнавсозӣ гардиданд. Танҳо дар давраи истиқлол 4135 бинои муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 888 531 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шудааст. Агар дар оғози солҳои 90-ум масъалаи дастрасӣ ба таҳсил ва таъминоти муассисаҳо яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯз дар аксари муассисаҳо синфхонаҳои муосир, кабинетҳои фаннӣ, марказҳои технологӣ ва инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ рушди соҳаи маориф натиҷаи бевоситаи фазои сулҳу ваҳдат мебошад. Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 31 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, дар онҳо қариб 40 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассисаҳо беш аз 1800 омӯзгор фаъолият доранд, ки аксарияти онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо худ далели равшани рушди устувори соҳа мебошанд.   Маҳз дар шароити сулҳу субот Тоҷикистон тавонист ба барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот ҳамроҳ шавад. Иштироки хонандагони тоҷик дар таҳқиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла PIRLS, PISA ва дигар барномаҳо нишон медиҳад, ки маорифи миллӣ тадриҷан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ворид мегардад.   Ваҳдати миллӣ барои соҳаи маориф танҳо шароити сохтмони мактабҳо ва афзоиши шумораи хонандагонро фароҳам наовард. Аз ҳама муҳимаш, он барои тарбияи насли нав дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ замина гузошт.   Имрӯз вазифаи омӯзгор танҳо омӯзонидани фан нест. Омӯзгор бояд ба хонанда фаҳмонад, ки сулҳу субот ва ваҳдат чӣ арзиш доранд, чаро бояд онҳоро ҳифз кард ва барои пойдории онҳо саҳм гузошт. Насле, ки таърихи сулҳи тоҷиконро медонад, ҳаргиз роҳ намедиҳад, ки ихтилоф, ифротгароӣ ё бегонапарастӣ ҷомеаро заиф гардонад.   Дар муассисаҳои таълимии кишвар мунтазам чорабиниҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо, озмунҳо ва дарсҳои тарбиявӣ бахшида ба Ваҳдати миллӣ баргузор мегарданд. Ҳадафи ҳамаи ин тадбирҳо дар хонандагон ташаккул додани эҳсоси ифтихор аз давлату миллат ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.   Таърих борҳо исбот кардааст, ки давлатҳоро на сарватҳои табиӣ, балки ваҳдат, дониш ва фарҳанги мардум устувор нигоҳ медоранд. Миллате, ки соҳиби маорифи пешрафта ва ҷомеаи муттаҳид аст, метавонад ҳама гуна мушкилотро паси сар намояд.   Имрӯз мо, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вазифадорем, ки дастоварди бузурги миллат - Ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз намоем. Мо бояд ба фарзандонамон омӯзонем, ки сулҳу ваҳдат мероси омода нест, балки арзишест, ки ҳар рӯз бо меҳнат, дониш, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳифз карда мешавад.   Рӯзи Ваҳдати миллӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи халқамон назар афканем, аз сабақҳои таърих хулоса барорем ва барои таҳкими сулҳу субот ва пешрафти Ватани азизамон- Тоҷикистон боз ҳам бештар талош намоем. Зеро Ваҳдати миллӣ танҳо рӯйдоди таърихӣ нест. Ваҳдати миллӣ роҳи зиндагии мост. Он кафили рушди давлат, пешрафти маориф, шукуфоии ҷомеа ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад. Ҷамшед МАҶИДЗОДА, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

    61

    23.06.2026