03.11.2026
3 ноябр дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзуи «Конститутсия - асоси ҳуқуқии рушди маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Нахуст, чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, ҳозирин онро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ қироат намуданд.
Дар конференсия муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, инчунин олимону муҳаққиқон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни конференсия ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи илму маорифи кишварро ба муносибати ин санаи фархундаву тақдирсоз самимона табрик намуда, барояшон дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ комёбиҳо орзу кард. Сипас, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори кишвар махсус таъкид гардид.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, дар муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеа нақши калидӣ дорад.
Зикр шуд, ки қабули Конститутсия барои ташаккули низоми муосири давлатдорӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқбунёдии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Вазир зимни баромади худ нақши Конститутсияро дар рушди соҳаи маориф ва илм муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки заминаҳои ҳуқуқии устувор барои пешрафти соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷомеа аҳаммияти махсус доранд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул гардида, барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва илм, заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи конференсия П. Абдуллозода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳаввулоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Б. Сафарзода мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи ҳуқуқии ташаккули низоми муосири маориф ва илм» маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Сипас, миёни иштирокчиёни конференсия вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда музокира сурат гирифта, андешаву пешниҳодҳо оид ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдорӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва пешрафти соҳаи маорифу илм иброз гардиданд.
Дар фарҷом вазири маориф ва илм ба аҳаммияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ва мубодилаи афкор ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, махсусан кормандони соҳаи маориф, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки омӯзишу риояи меъёрҳои Конститутсия ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ вазифаи муҳимми ҳар як омӯзгор ба шумор меравад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон