14.02.2026
14 феврали соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Раҳим Саидзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар доираи тадбирҳо ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафар вазири маориф ва илм ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Кӯшониён Холзода Муҳаммадшариф, роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва масъулини соҳаи маориф аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф ва манзилҳои истиқоматӣ боздид ба амал оварданд. Зимни сафар таъкид гардид, ки корҳои созандагию ободонӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар густариш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Нахуст, ҳайати расмӣ аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ҷамоати деҳоти Орён, деҳаи Қаҳрамон дидан намуданд. Ба вазир иттилоъ дода шуд, ки бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст роҳандозӣ гардида, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳа амалӣ шуда истодааст.
Вазири маориф ва илм зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ барои саҳми арзандаи соҳибкорон ва сокинони маҳал дар рушду пешрафти соҳаи маориф изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин ташаббусҳои ватандӯстона далели равшани пуштибонии ҷомеа аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи хос ба насли наврасу ҷавон мебошад. Ҳамзамон, ҷиҳати анҷом додани корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ вазири маориф ва илм аз рафти сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон дар ҷамоати шаҳраки Сомониён бунёд гардида истодаанд, боздид намуд. Қайд карда шуд, ки вусъати корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ дар ноҳия дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба таври назаррас афзоиш ёфта, симои шаҳраку деҳот тадриҷан зеботар мегардад.
Ҳамчунин, ҳайати расмӣ аз рафти сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор, деҳаҳои Наврӯз ва Бӯстон шиносоӣ пайдо намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагӣ аз 20 синфхона барои 500 ҷойи нишаст иборат буда, бо ташаббус ва маблағгузории Кумитаи падарону модарон бунёд мегардад. Ин иқдом ҳамчун намунаи ҳамкории самараноки ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ гардида, ба беҳтар гардидани инфрасохтори таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат хоҳад кард.
Зимни мулоқот бо масъулин ва сохтмончиён таъкид гардид, ки бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва иншооти таълимӣ дар арафаи ҷашнҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз, нишонаи равшани эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли худшиносу ватандӯст мебошад.
Соҳибкорони маҳаллӣ зимни суҳбат иброз доштанд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар омодаанд дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия то 10 синфхонаи иловагӣ бунёд намоянд. Ин ташаббус аз ҷониби вазири маориф ва илм ҳамчун иқдоми шоиста ва намунаи баланди масъулияти иҷтимоӣ арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми сафар вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф, инчунин саҳми фаъолонаи мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон, корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Кӯшониён боз ҳам вусъат ёфта, барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ ва рушди устувори инфрасохтори иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои таълимӣ, заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.