29.04.2026

 img

29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026 баррасӣ шуд.

Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар семоҳаи якуми соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон  ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро вазифаи аввалиндараҷа номиданд.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, дар семоҳаи якуми соли 2026 рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14 фоиз, кишоварзӣ 8, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 34, хизматрасонии пулакӣ 8,5 ва гардиши савдо 22 фоиз ба даст омадааст.

Зикр карда шуд, ки ҳаҷми боркашонӣ 14 фоиз ва мусофиркашонӣ 11 фоиз афзоиш ёфт. Дар баробари ин, сатҳи таваррум 1,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пасттар мебошад.

Президенти кишвар истифодаи сарфакоронаи захираҳо, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатнокро зарур шумурданд.

Ба Ҳукумати кишвар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки устувории макроиқтисодиро нигоҳ дошта, барои пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешанд.

Дастур дода шуд, ки роҳбарони сохторҳои марбута истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳоро таъмин намуда, рушди истеҳсолоти рақобатноки ватаниро вусъат диҳанд ва вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмуъ, мусбат арзёбӣ мегардад. Нақшаи даромад дар сатҳи 108,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 16,7 миллиард сомонӣ ворид шуд, аз ҷумла аз ҳисоби мақомоти андоз 119,4 фоиз ва Хадамоти гумрук 102,9 фоиз.

“Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки дар паси ин нишондиҳандаҳои умумӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда афзоиши бақияпулиҳои андоз мебошад”, - изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо дарназардошти вазъи зикршуда, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатиро таъмин намуда, барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Инчунин, мақомоти марбутаи кишвар аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки барои маъмурикунонии беҳтари андозу пардохтҳо, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ, тавсеаи манбаъҳои андозбандӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромад тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд.

Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти пурраи музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳоро таъмин намуда, маблағгузории соҳаҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва пешбурди соҳаҳои калидӣ заминаи устувор мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз руи таҳлилҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ҳанӯз ба талаботи мавҷуда пурра ҷавобгӯ нест.

Бино ба таъкиди Роҳбари давлат, қафомонӣ, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди инфрасохтори энергетикӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин баъзе иншооти соҳаи маориф ба мушоҳида мерасад, ки ин натиҷаи бевоситаи сустии идоракунӣ ва назорати нокифоя мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки пеш аз ҳама, татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро таъмин намоянд ва иҷрои нақшаҳои молиявиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин, камбудиҳои ҷойдоштаро фавран бартараф намуда, ба ҳолатҳои кашолкорӣ ва истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо роҳ надиҳанд.

Дастури дигар вобаста ба тақвият додани ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ва истифодаи самараноки онҳо дода шуд.

Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ яке аз омилҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ворид намудани технологияҳои муосир арзёбӣ гардид.

Дар робита ба камбудиҳои ҷиддӣ супориш дода шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сабабҳои коҳиши ҷалби сармояи мустақими хориҷиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳои мушаххасро пешниҳод ва иҷрои минбаъдаи онро таъмин намояд.

Дигар сохторҳо уҳдадор шуданд, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармоя ва муаррифии имкониятҳои иқтисодии кишвар ба таври куллӣ тақвият бахшида, барои ҷалби ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок тадбирҳои мушаххас андешанд.

 

Зимни суханронӣ ва таҳлили вазъи ҷалби сармоя Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои сармоягузориро муайян намуда, супориш доданд, ки маблағҳо ба соҳаҳои коркард, технологияҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда равона карда шаванд.

 

Барои баланд бардоштани мавқеи низоми бонкии кишвар, ба талабот ҷавобгӯ сохтани сохтори қарздиҳӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди ҳунармандӣ ва беҳсозии вазъи пардохтҳои ғайринақдӣ супориш дода шуд, ки Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро таъмин намуда, барои нигоҳ доштани устувории пули миллӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки барои паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар кардани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ, дароз намудани муҳлати қарздиҳӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус, истеҳсолоти ватанӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ карда шавад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва ҷорӣ кардани низоми ягонаи пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешанд.

Бо назардошти аҳамияти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба талаботи замон мутобиқ сохтани он ба сохторҳои масъул супориш дода шуд, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода шуда, аз натиҷаи фаъолияти он ҳар семоҳа ба Ҳукумати кишвар ҳисобот пешниҳод карда шавад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор гардид, ки платформаи ягонаи рақамии мониторинг ва арзёбии иҷрои ҳуҷҷатҳои стратегиро бо истифода аз зеҳни сунъӣ ҷорӣ намояд.

Ҳамзамон, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки хизматрасониҳои давлатиро ба портали ягона ворид намуда, аз низомҳои ҷудогона худдорӣ намоянд, барномаҳои омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳоро тақвият дода, сатҳи омодагии мутахассисонро ба талаботи иқтисоди рақамӣ мутобиқ гардонанд.

 

Таъкид карда шуд, ки ҳамаи сохторҳои давлатӣ уҳдадоранд, ки эътирофи пурраи ҳуҷҷатҳои электрониро таъмин намуда, расмиёти зиёдатӣ ва такрориро бартараф созанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рақамикунониро талаботи замон ва шарти муҳимми таъмини рушди устувори кишвар номиданд.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат ба масъулон супориш доданд, ки сабабҳои коҳишёбии саноати истихроҷро ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои бартараф кардани онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд, коркарди пурраи маъданҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро дар дохили кишвар ба роҳ монда, иқтидорҳои бозистодаро ба кор дароранд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин намудани амнияти озуқавориро барои кишвар масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд.

Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала сохторҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки кишти баҳорӣ ва такрориро сари вақт анҷом дода, истифодаи самараноки замин ва гирифтани се - чор ҳосилро таъмин намоянд, кишти зери плёнка ва обёрии қатрагиро васеъ ба роҳ монанд, барои пешгирии талафоти занбӯри асал, рушди чорводорӣ, зиёд намудани истеҳсоли гӯшт ва дигар маҳсулоти асосии озуқаворӣ, инчунин коҳиш додани вобастагӣ аз воридот тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дастурҳо, ҳамчунин, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи самараноки захираҳои об дода шуд.

 

Дигар сохторҳо уҳдадор шуданд, ки барои таъмини соҳа бо нуриҳои минералии ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин талаботи замон, вазифаи давлатӣ ва масъулияти бевоситаи тамоми роҳбарону кишоварзон мебошад.

Таъкид гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 гардиши савдои хориҷии кишвар ба 2 миллиарду 676 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, тавозуни савдо манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми он ба 1 миллиарду 648 миллион доллар баробар гардидааст.

Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии содирот ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти коркардшуда ва дорои арзиши иловашударо таъмин намоянд, вобастагии бозори дохилиро аз воридот коҳиш дода, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватаниро тақвият бахшанд ва диверсификатсияи содирот ва густариши бозорҳои хориҷиро таъмин намоянд.

Дар идомаи сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маорифро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар ин бахш, аз ҷумла супориш доданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат тадбирҳои иловагӣ андешанд, якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ ва бахши хусусӣ зиёд намоянд, иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқро таъмин намуда, корҳоро оид ба таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои муосир вусъат бахшанд.

Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки барои бартараф намудани норасоии кадрҳои тиббӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст тақсимоти самараноки хатмкунандагонро таъмин намояд, баҳри рушди соҳаи дорусозӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот тадбирҳои амалӣ андешад ва назорати қатъии сифати доруворӣ ва молҳои тиббиро пурзӯр намояд.

Бахши дигари суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатӣ буд.

Таъкид гардид, ки то ба имрӯз 106,7 фоизи корҳои созандагӣ таъмин гардидааст ва ин нишондиҳанда аз саъю талоши созандаи мардуми кишвар ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди дастовардҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша ҳанӯз қонеъкунанда нест.

 

Бо дарназардошти ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони мақомоти марказӣ қатъиян супориш дода шуд, ки барои бартараф намудани қафомонӣ ва иҷрои пурраи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд, ба сифати корҳои сохтмон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, ҷалби сармояи хусусӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолиро дар корҳои созандагӣ боз ҳам тақвият бахшанд.

Дар баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026, ҳамчунин, оид ба иҷрои нақшаҳои даромади буҷет, пардохти маошу нафақа, ҳисоботи вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии андоз, Хадамоти гумрук, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

 

Дар идомаи маҷлис, Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва истифодабарандагони замин ба ҳолати 1 январи соли 2026 баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва самарабахши дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати кишвар ҷалб намуданд.

Ҳамчунин оид ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва таҳияи барномаҳои сазовори фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳо дода шуд.

  • МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарону кормандони сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони муассисаҳои илмӣ, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаҳо ва китобҳои дарсӣ, инчунин муаллифон ва мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодгардида иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа масъалаи пешниҳоди адабиёти таълимӣ барои баррасӣ ва тасдиқ мавриди муҳокима қарор гирифт. Зимни муаррифии адабиёти таълимӣ директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Ҳасанзода иброз дошт, ки дар маҷмуъ 18 номгӯй адабиёти таълимӣ барои зинаҳои гуногуни таҳсилот пешниҳод гардидааст. Қайд гардид, ки аз ин шумора 3 номгӯй барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла «Журнали синф барои синфҳои I-IV», «Журнали синф барои синфҳои V-XI» ва барномаи комплексии мутобиқгардонидашудаи таълими фанни тарбияи ҷисмонӣ барои хонандагони мактаб-интернатҳои ёрирасон пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, 15 номгӯй адабиёт барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз фанҳои гуногун, аз ҷумла информатика, зеҳни сунъӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, молия, генетика, омор, геометрия, зоология, астрономия ва дигар самтҳо пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин масъалаи вазъи китобҳои дарсӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баррасӣ гардида, дар ин замина раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни мазкур Д. Каримова маъруза пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи муосири таълим яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда ибрози андеша намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати адабиёти таълимӣ, такмили низоми таҳия ва тақвияти экспертизаи илмӣ-методӣ пешниҳодҳои мушаххас иброз доштанд. Дар анҷом, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба сохторҳои масъул ҷиҳати такмили минбаъдаи китобҳои дарсӣ ва мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои муосир дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    37

    01.05.2026
  •  img
    ШАҶАРАНОМАИ ОЛИМОНИ РИЁЗӢ АЗ ДАРАХТИ РИЁЗИДОНОН БО РЕШАҲОИ ТОҶИКӢ ТО ИНТИҚОЛИ ДОНИШ БА АВРУПО Илмро метавон як эҷоди умумии башарият номид, зеро он новобаста аз забон, нажод ва кишвар ба тамоми инсонҳо тааллуқ дорад. Дар ин раванд саҳми миллатҳои гуногун хеле муҳим буда, ҳар миллат дар рушди илм, хусусан, илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, нақши хосси худро гузоштааст. Дар таърихи башарият илму дониш дар минтақаҳои мухталиф, аз ҷумла, дар Эрон, Ҳиндустон, Чин, Бобул ва Юнони қадим пайдо шуда, дар даврони минбаъда, махсусан, дар ҳудуди Эрони бузургу кишварҳои дигар густариш ёфт ва пас аз давраи Эҳё дар Аврупо шакли муосири худро пайдо кард. Дар тамоми ин марҳилаҳо саҳми олимони тоҷик хеле барҷаста мебошад. Барои исботи ин воқеият метавон ба як лоиҳаи хеле ҷолиб — Mathematics Genealogy Project ё худ «Шаҷараномаи олимони риёзӣ» муроҷиат намуд. Ин лоиҳа, ки дар заминаи Донишгоҳи давлатии Дакотаи Шимолии Амрико бо дастгирии Ҷамъияти математикони Амрико роҳандозӣ шудааст, ба таври дақиқу ҷолиб иртиботи устодону шогирдонро дар илми риёзӣ нишон медиҳад. Дар сомонаи мазкур, ба ҳолати оғози феврали соли 2026 зиёда аз 337 ҳазор олим сабт шудаанд, ки дар бораи онҳо маълумоти ҷузъӣ, аз ҷумла, санаи дифои рисолаи илмӣ, номи роҳбари илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, номи шогирдонашон гирд оварда шудааст. Ҳамин тавр, ҳар як доктори илм “насл”-и илмии худро дорад ва ҳар як шогирд – пайвандӣ ба устодону “аҷдод”-и илмии худ. Лоиҳа бори аввал ба туфайли кунҷковии профессори амрикоӣ Ҳарри Кунс (Harry Coonce) оғоз ёфт, ки мехост донад, ки роҳбари илмии устоди ӯ кист. Дар аввал ҳамкоронаш ба ин лоиҳа бо шубҳа менигаристанду ин корро ғайриимкон медонистанд, вале Ҳарри Кунс ба идеяи худ содиқ буду боварӣ дошт, ки ӯ метавонад шаҷараномаи тамоми риёзидононро ба вуҷуд орад. Ӯ баҳори соли 1996 ба садҳо факултети риёзӣ мактуб фиристода, дархост кард, ки номи рисолаҳои ҳимояшаванда ва роҳбарони илмии онҳоро пешниҳод кунанд. Аммо ҳамагӣ 25-30 дарсади онҳо ҷавоб доданду тамом. Сентябри ҳамон сол Кунс номи 3500 нафарро нашр кард ва дар натиҷа, лоиҳа маҳбубият пайдо намуд. Дар он замон профессор Кунс дар Донишгоҳи иёлоти Миннесота фаъолият мекард. Соли 2002 яке аз роҳбарони донишгоҳ зидди ин лоиҳа баромада, таъкид кард, ки он оянда надорад. Баъд Кунс эълон кард, ки ҷойи кори дигар мекобад. Ӯро ба Донишгоҳи иёлоти Дакотаи Шимолӣ ба кор даъват карда, ба ӯ вазифа ва утоқи алоҳидаи корӣ ҷудо мекунанд. Дар рушди лоиҳа ба ӯ шогирдаш Митч Келлер ёрӣ медиҳад. Барои рушди лоиҳа Пажуҳишгоҳи илмҳои риёзӣ дар соли 1999 ба Кунс узвияти моҳона пешниҳод мекунад, ки ӯ байни риёзидонон ин лоиҳаро муаррифӣ кунад. Ҳарри Кунс соли 2002 ба Донишгоҳи Билефелд ташриф оварда, бо риёзидонони Олмон робита пайдо намуд, ки ба пурқувват шудани пойгоҳи лоиҳа мусоидат кард. Дар саргаҳи шаҷараномаи риёзидонон олимони Шарқ қарор доранд, ки аз Абуабдуллоҳи Нотилӣ, Абусаҳли Масеҳӣ ва Абумансури Қумрӣ шуруъ шуда, баъдан, бо Ибни Синову, Баҳманёру Умари Хайём ва дигарон идома меёбад. Агар ба рӯйхати 25 нафар аз машҳуртарин математикони ҷаҳон, ки бештарин шумораи шогирдон ё «ворисон»-ро доранд, назар андозем, мушоҳида мекунем, ки 12 нафари онҳо пайвандӣ бо тоҷику форс доранд. Абуабдуллоҳи Нотилӣ риёзидон, табиатшинос ва файласуфи тоҷику форс буда, дар Бағдод таҳсил карда, дар фалсафаю адаб машҳур мегардад ва пасон, ба шаҳри Бухоро меояд. Ӯ бо даъвати падари Ибни Сино дар хонаи онҳо зиста, ба Синои ҷавон асари Порфирий «Муқаддимаи мантиқ», «Усул»-и Уқлидус, муқаддимаи асари Батлимус «Ал-маҷистӣ»-ро меомӯзонад. Вақте мебинад, ки қобилияти Абуалӣ хеле баланд асту дигар дарс дода наметавонад, таълимро бас мекунад. Абусаҳли Масеҳӣ табиби муосири Абуалӣ ибни Сино буда, дар дарбори Маъмун дар Хоразм зиндагӣ ва фаъолият дошт. Абусаҳли Масеҳӣ устод ва дӯсти наздики Ибни Сино буда, дар Хоразм ҳамроҳ кор кардаанд. Ҳарду узви маҷлиси уламои шоҳи Хоразм Абулаббоси Маъмун буданд, ки бо номи Академияи Маъмун машҳур буд ва Абурайҳони Берунӣ роҳбарии онро бар дӯш дошт. Баъди истилои Хоразм аз ҷониби Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба аъзои Академияи Маъмун амр шуд, ки ба пойтахт – Ғазна гузаранд. Аммо Абусаҳли Масеҳӣ ва Ибни Сино ин пешниҳодро рад карда, соли 1012 пинҳонӣ Хоразмро тарк намуда, тариқи биёбони Қароқум роҳи Эронро пеш гирифтанд. Душвории роҳ ба саломатии Абусаҳли Масеҳӣ таъсири бад расонд ва ӯ дар он биёбон вафот кард. Китоби машҳури Абусаҳли Масеҳӣ «Ал-миа фӣ-с-синоати-т-тиббия» аст, ки бо услуби энсиклопедӣ навишта шуда, аз се қисм иборат мебошад. Қисми якум ба беҳдошти ғизо ва тасвири хосияти давоҳо, қисми дуюм ба масоили умумии тиб ва қисмати сеюм ба масъалаҳои табобат бахшида шудааст. Чанд рисолаи дигаре низ аз ӯ боқӣ мондааст. Абусаҳли Масеҳӣ дар ҳандаса, нуҷум ва ҳикмат ҳам таълифот доштааст. Абумансури Камараӣ (Абумансур Ҳасан ибни Нуҳ Камараии Бухороӣ) пизишк ва донишманди тоҷику форс буда, дар деҳаи Камараи шаҳри Бухоро ба дунё омада, дар дарбори Мансури Сомонӣ хидмат мекард ва устоди Ибни Сино ба ҳисоб меравад. Таъсири ӯ ба рушди илми тиб дар асрҳои миёна бағоят бузург буда, ӯ муаллифи китобҳое, ба мисли “Китоб илалул-алил”, “Китобу-л-ғино ва-л-муно” ва “Китобу-т-танвир фи истолоҳоти тиббия” аст. Дар таълифоти Абумансури Бухороӣ масъалаҳои муҳимми истилоҳоти тиббӣ, ҷанбаҳои тибби назариявӣ ва амалӣ, анатомия ва физиология, амрози гуногун, тарзу усулҳои пешгирии бемориҳо, беҳдошти об, манзил ва ғайра, инъикос ёфтаанд. Баъди ин се нафар, дар шаҷаранома Ибни Сино қарор дорад, ки зарурати шарҳу тавзеҳ нест, зеро ӯ ҳамадони замонаш дар ҳамаи илмҳо, аз ҷумла, риёзӣ буд. Ҳалқаи дигари ин занҷира шогирди Ибни Сино Баҳманёр ибни Марзбон аст. Баҳманёр муаллифи асарҳое, мисли «ат-Таҳсил», «Рисола фӣ маротиби-л-мавҷудот», «Китобуз-зинат фӣ-л-мантиқ», «Китобу-л-баҳҷат вассаодат», «Китобу фӣ-л-мусиқӣ» ва ғайра буда, яке аз шогирдони маҳбуби Ибни Сино ба ҳисоб меравад. Ибни Сино ҳатто, асари “Мубоҳисот”-ашро барои ҷавоб додан ба саволҳои Баҳманёр менависад. Баҳманёр дар навбати худ устоди Умари Хайём буд. Умари Хайём, ки дар ҷомеаи мо бешар бо рубоиёташ ҳамчун шоир шинохта шудааст, дар асл бузургтарин риёзидон ва ситорашиноси замонаш маҳсуб меёфт. Аз асарҳои муҳимми Хайём дар соҳаи риёзӣ «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» ва «Рисолатун фӣ шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро ном гирифтан мумкин аст, ки дар онҳо Хайём ҳалли муодилаҳои дараҷаи сеюмро оварда, мушкилоти аксиомаи панҷуми Уқлидус, ки ба хатҳои мувозӣ бахшида шудааст, баррасӣ кардааст. Яке аз хидматҳои дигари бузурги Умари Хайём, ки баёнгари нубуғи ӯ ва доштани дониши амиқи астрономиаш аст, ин ислоҳи тақвим ё гоҳшумории мавҷудаи хуршедӣ аст, ки баъдан бо номи “Тақвими Ҷалолӣ” машҳур гардид, ки ҳоло дақиқтарин тақвими истифодашавандаи ҷаҳон мебошад. Ҳамчунин, яке аз зиҷҳо (маҷмуи ҷадвали нуҷумӣ)-и машҳури асримиёнагӣ “Зиҷи Маликшоҳӣ” аст, ки бо роҳбарии Умари Хайём дар расадхонаи Исфаҳон таҳия гардида буд, ки аз он то замони мо танҳо ҷадвали 100 ситораи собити равшантарин боқӣ мондааст. Ин ҷадвал барои оғози соли аввали даврони Маликшоҳӣ (1079) омода шуда, дар он номи 100 ситораи дурахшонтарин, координатаҳои эклиптикӣ ва бузургиҳои онҳо оварда шуда, дар дастхатти муаллифаш номаълуми асри XII бо номи “Дастуру-л-мунаҷҷимин”, ки дар наздикиҳои қалъаи Аламут тартиб ёфта буданд ва ҳоло дар Китобхонаи миллии Париж таҳти №5968 нигоҳ дошта мешавад, боқӣ мондааст. Пас аз Хайём номи Шарафаддин Муҳаммад ибни Масъуд ибни Муҳаммад Масъудии Марвазӣ меояд, ки муаллифи асарҳои “Рисола ал-ҷабр ва-ал-муқобала ал-Масъудӣ”, “Ал-кифоя фӣ илм ал-ҳайат”, “Китоби ҷаҳони дониш” ва “Рисола дар маърифати аносир ва коиноти ҷавв” аст. Дар навбати худ шогирдони Марвазӣ Камолиддин Ибни Юнус ва Фахриддини Розӣ идомадиҳандаи ин силсила буда, тавассути Қутбиддин Иброҳими Мисрӣ, Асируддин Муфаззал ибни Умари Абҳарӣ ва Ибни Юнус Насируддини Тӯсӣ таълим мегирад. Ибни Юнус дар шаҳри Мавсили Ироқ ба дунё омада, дар Бағдод таҳсили илм кардааст ва дар илмҳои риёзӣ, астрономия, фиқҳ, фалсафа ва тиб асар эҷод намудааст. Аз ӯ чор асар боқӣ мондаанд, ки ба масъалаҳои гуногуни илми риёзӣ ва ҳандаса бахшида шудаанд. Яке аз шогирдони машҳури Ибни Юнус Феодори Антиохӣ (1226-1243) мебошад, ки аз осори Форобӣ, Ибни Сино, Уқлидус ва Батлимусро таълим гирифтааст. Яке аз роҳҳои интиқоли дониши олимони Шарқ ба Ғарб ҳамин Феодор аст, ки бо математики машҳур Леонардо Фибоначчи дар иртибот буду ба ӯ масъалагузорӣ мекард. Феодор китоби Ибри Рушдро дар бораи “Физика”-и Арасту барои донишмандони Донишгоҳи Падуаи Италия ба лотинӣ тарҷума кардааст. Бояд қайд кард, ки Ибни Юнус дар навбати худ шогирди донишманди дигари тоҷик Шарафуддини Тӯсӣ аст. Муҳимтарин асари риёзии шинохташудаи Тӯcӣ «Фӣ-л-муъодилот» ё ҳамон «Ҷабр ва муқобилаи Шарафуддин» аст. Ӯ дар ин китоб ба ҳалҳои ададии бисту панҷ муодила то дараҷаи сеюм пардохтааст. Рисолаи «Фӣ-л-устурлоби-л-хаттӣ» асари нуҷумии ӯ дар заминаи сохти абзорҳои ахтаршиносӣ аст. Устурлоби хаттӣ, қитъаи чӯби мударриҷ ва ба шакли асо будааст ва ба ҳамин муносибат онро «Асои Тӯcӣ» низ номидаанд. Дар ин силсила Фахриддини Розӣ – фақеҳ, мутакаллим, файласуф ва ахтаршиноси тоҷик мақоми хос дорад. Ӯ яке аз аввалин нафаронест, ки андешаи чандҷаҳонӣ (яъне, мавҷудияти коиноти зиёд)-ро баррасӣ карда, таълимоти Арасту ва Ибни Синоро дар бораи ягонагии олам инкор менамояд. Асируддин Муфаззал ибни Умари Абҳарӣ, ки бо номи Асируддини Мунаҷҷим машҳур аст, файласуф, ситорашинос ва риёзидони тоҷику форс буд. Дар ҷавонӣ шогирди Фахриддини Розӣ буда, баъдан, аз Камолиддин Ибни Юнус илм омӯхтааст. Ӯ шогирдони зиёде тарбия кардааст, ки дар байни онҳо Насируддини Тӯсӣ, Наҷмуддин Котибии Қазвинӣ, Закариёи Қазвинӣ, Ибни Халликон, Шамсиддини Исфаҳонӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибни Ашраф Ҳусайнии Самарқандӣ ва дигарон дар илм шинохта мебошанд. Баъди Камолиддин Ибни Юнус ва Асируддин Абҳарӣ силсилаи олимонро Насируддини Тӯсӣ идома медиҳад. Тӯсӣ яке аз шахсиятҳои барҷаста дар риёзӣ, астрономия, фалсафа ва калому адабиёт буда, муаллифи беш аз 150 асар мебошад, ки 25-тои онҳо ба забони тоҷикӣ аст. Яке аз хидматҳои мондагори Тӯсӣ дар илми риёзӣ ва ахтаршиносӣ ин таъсиси расадхонаи Мароға мебошад, ки маркази бонуфуз ва пуриқтидори илмӣ дар асрҳои миёна гардид. Ин расадхона бузургтарин расадхонаи олам дар он замон ба ҳисоб рафта, бо таҷҳизоти пурқувват ва навтарини он замон муҷаҳҳаз буд. Дар ин расадхона бештар аз сад донишманд аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Чин фаъолият кардаанд. Дар расадхонаи Мароға таҳти роҳбарии Насируддини Тӯсӣ донишмандони дигари тоҷик Шамсуддин Муҳаммади Вобкандии Бухорӣ ва Қутбуддин Маҳмуд ибни Масъуди Шерозӣ фаъолият мекарданд. Шамсуддини Бухорӣ яке аз намоёнтарин донишмандони расадхонаҳои Мароға ва Табрез буда, муаллифи “Зиҷи муҳаққақи Султонӣ” ва “Китоб дар маърифати устурлоби шимолӣ” ба забони тоҷикӣ аст, ки дар натиҷаи мушоҳидаҳои 40-солааш таълиф намудааст. Ӯ аввалин нафарест, ки гирифти ҳалқашакли Офтобро аз нигоҳи илмӣ шарҳ додааст. Ӯ таъкид кардааст, ки гирифти ҳалқашакли Офтобро 29 шавволи соли 681 ҳиҷрӣ (баробар ба 30 январи соли 1283) дар шаҳри Муғон (шимолу ғарби Эрон, φ = 38,5-39,5° а. ш. ва λ = 45-47° т. ш.) мушоҳида кардааст. Қутбуддин Маҳмуд ибни Масъуди Шерозӣ дар илмҳои тиб, риёзӣ, ахтаршиносӣ ва мусиқӣ олими шинохта буду шеър ҳам менавишт. Яке аз шогирдони Котибии Қазвинӣ буд. Дар расадхонаи Мароға бо Насируддини Тӯсӣ ҳамкорӣ карда, аз тавонотарин шогирдонаш ба ҳисоб мерафт. Дар Табрез роҳбарии расадхонаро бар дӯш дошт. Ин пайвастагиҳо бо силсилаи пайдарпай ба бузургтарин олимони муосир низ мерасанд. Дар ин шаҷаранома баъди олимони Шарқ номи Григорий Хиониад (Gregory Chioniades) дида мешавад, ки баъди ӯ гузариш ба риёзидонони аврупоӣ шуруъ мешавад. Ҳарчанд илми донишмандони Шарқ тавассути нафарони зиёд ва тарҷумаи осори онҳо ба забонҳои гуногуни аврупоӣ паҳн шудааст, яке аз нафароне, ки нақши пулро дар миёни илми Шарқ ва Ғарб бозӣ кардааст, Григорий Хиониад мебошад. Григорий Хиониад (тақр. 1240 – тақр. 1320) астроном ва риёзидони румӣ (бизонсӣ) буд, ки дар шаҳри Қустантиния ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба риёзӣ ва тиб шавқи беандоза дошта, онҳоро азхуд мекунад. Баъдан, ба омӯзиши астрономия рӯй меорад ва устодонаш ба ӯ тавсия медиҳанд, ки ба Эрон рафта, илм омӯзад. Бояд таъкид намоям, ки он солҳо шаҳрҳои Эрон ва Осиёи Миёна марказҳои бузурги илмӣ ба ҳисоб мерафтанд ва чӣ гунае, ки имрӯз беҳтарин соҳибистеъдодҳои дунё дар донишгоҳҳое, ба мисли Ҳарварду Кембриҷу Оксфорд ҷамъ мешаванд, он замон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Марву Табрез ва Шерозу Исфаҳон мерафтанд. Аз ин сабаб, Григорий Хиониад ба шаҳри Табрез сафар карда, дар назди Шамсуддини Бухорӣ, ки дар расадхонаҳои Мароға ва Табрез фаъолият мекард, таълим мегирад. Аз осори Григорий Хиониад бармеояд, ки маҳз Бухорӣ ба ӯ тарзи ҳисоби мушахассаҳои гирифт (вақт, давомнокӣ, бузургӣ ва ғ.)-ро омӯзонидааст. Дар ин сафар ба ӯ императори Трабзон Алексейи 2 ёрии молиявӣ мерасонад. Григорий дар Табрез бо навгониҳои илмии астрономӣ, абзори мушоҳида, ҷадвалҳои астрономӣ (зиҷҳо) ва моделҳои космологӣ шинос мешавад. Ӯ ҳангоми ба Рум баргаштан ҳамроҳи худ китобҳои зиёдеро бо забони арабӣ ва тоҷикӣ гирифта, баъдан, онҳоро ба забони юнонӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла, “Зиҷи Илхонӣ” ва дигар осори Насируддини Тӯсӣ, “Зиҷи Санҷарӣ”-и Абдурраҳмони Хозинӣ, “Китоб дар маърифати устурлоби шимолӣ”-и Шамсуддини Бухорӣ. Ӯ бори аввал ба Аврупо аз Эрон устурлоберо бурд, ки новобаста аз арзи маҳал кор мекард. Маҳз тарҷумаи андешаҳои Насируддини Тӯсӣ дар бораи ҳаракати доираҳо, ки бо номи “ҷуфти Тӯсӣ” машҳур аст, баъдан барои инқилоби Коперник замина гузошт. Азбаски Григорий Хиониад насронӣ буд, солҳои 1295-1296; 1302-1310 ба сифати усқуфи Табрез хидмат кардааст. Баъди бозгашт ба шаҳри Трабзон академияи астрономӣ таъсис додааст. Олими дигари машҳури румӣ Мануил Вриенний аз шогирдони Хиониад маҳсуб ёфта, дар навбати худ устоди Феодор Метохит аст. Нақши Григорий Хиониад дар интиқоли илму дониши Шарқ ба Ғарб хеле бузург буда, ба шарофати тарҷумаҳои ӯ дастхатҳои олимони Шарқ ба китобхонаҳои Ватикан ва Медичи роҳ ёфтанд ва то ба Коперник расиданд. Ин гуна шаҷараномаи илмӣ на танҳо барои донистани таърихи илм, балки барои эҳтиром гузоштан ба олимоне, ки заминаи донишҳои имрӯзаро гузоштаанд, аҳаммияти хос дорад. Олимони муосире, ки имрӯз дар донишгоҳҳои бузурги Амрико, Аврупо ва Осиё кор мекунанд, шояд на ҳамеша бидонанд, ки решаҳои илмии онҳо ба олимони бузурги форсу тоҷик мерасанд. Ҳар кас метавонад, дурустии ин далелҳоро дар сомонаи Mathematics Genealogy Project (https://www.mathgenealogy.org/extrema.php) санҷад ва ҳатто, шаҷараномаи илмии худро дар ин сомона https://observablehq.com/@davidalber/geneagrapher сохта, бубинад, ки иртиботи ӯ бо олимони бузурги гузашта чӣ гуна аст. Ин далелҳо як бори дигар таъкид мекунанд, ки илм ва дониш ҳудуд намешиносад ва олимонро бо ҳам мепайвандад, ки нақши олимони тоҷику форс дар ин робита хеле бориз ва шоистаи эҳтиром мебошад. Ризои БАҲРОМЗОД, номзади илмҳои физика ва математика  

    23

    01.05.2026
  •  img
    САРЧАШМАИ ЗИНДАГОНӢ ОБ АСТ Об бузургтарин захира дар рӯйи Замин аст. Агар масоҳати тамоми кураи Замин 510 миллион км2 бошад, аз он 361 миллион км2 ё худ 70%-и қисми онро об дар бар мегирад. Об қисми асосии ҷисми зинда буда, дар равандҳои ҳаётӣ нақши аввалиндараҷа мебозад. 70 дарсади бадани одамро об ташкил дода, ҳифзкунандаи узвҳои муҳим, нигоҳдорандаи ҳарорати бадан, ёрирасони табдилёбии ғизо ба энергия ба ҳисоб рафта, функсияҳои муҳимми ҳаётиро ба кор мемонад. Об сарвати бебаҳои олами ҳастист. Тавре маълум аст, ҳаёт аввалин маротиба дар об пайдо шуда, баъдан ба хушкӣ паҳн шудааст. Яъне, сарчашмаи асосии ҳаёту зиндагонӣ дар рӯйи Замин об аст. Об дорои сохтори мураккаб буда, молекулаҳои он хосияти ҷудонашавандагӣ доранд. Об дар табиат дар се ҳолати муқаррарӣ мавҷуд аст: моеъ, сахт ва буғ. Ба ғайр аз об, дар сайёра ҷавҳаре нест, ки дар ин се ҳолати муқаррарӣ вуҷуд дошта бошад. Лаҳзае тасаввур кунед: агар об намебуд, сайёраи Замин як макони холӣ аз организми зинда ва биёбони хушку холиро мемонд. Инсоният қисми асосии обро барои кишоварзӣ ва саноату хоҷагӣ истифода мебарад. Ҳоло ҳар шаҳрванди мамлакатҳои мутараққӣ ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 300 то 400 литр об сарф мекунад, ки дар баъзе давлатҳо ин нишондиҳанда то 1045 литр мерасад. Тибқи ақидаи олимон барои тандурустии инсон дар як шабонарӯз 2 литр об кифоя мебошад. Ғайр аз миқдор, сифати об низ набояд сарфи назар шавад, чунки аз 3/4 ҳиссаи бемориҳо ва 1/3 ҳиссаи ҳодисаҳои фавт вобаста ба манбаи об аст. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар бо сабаби истеъмоли оби ифлос ба касалиҳои гуногун дучор шуда, аз дунё мегузаранд. Имрӯз норасоии оби тоза ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохта, яке аз мушкилиҳои асосии инсоният ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар Осиё зиёда аз 1 миллиард, Африқо 350 миллион ва Амрикои Лотинӣ зиёда аз 100 миллион нафар аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Аз рӯйи ҳисобҳо дар ҷаҳони имрӯз зиёда аз 1,5 миллиард нафар аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд. Боиси хушбахтӣ ва шукргузорист, ки кишвари мо дорои захираи бузурги обӣ буда, дар ҳудуди мамлакат 947 дарё, 1300 кӯл ва 9139 пирях мавҷуд мебошад. Захираи оби Тоҷикистон ба 98,6 км3 баробар буда, аз ҷиҳати захираи об дар миқёси ИДМ дар ҷойи дуюм мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираи бузурги обӣ дар сиёсати байналмилалӣ дар саргаҳи ташаббус ва иқдомоти вобаста ба обу иқлим қарор дорад. Зеро бо вуҷуди доштани сарчашмаҳои бузурги оби тоза, бо ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастем. Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳимми захираҳои оби минтақа мебошанд, аз андозаи сеяк кам шудааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб як ҳазораш тамоман завол ёфтааст. Офатҳои табиии марбут ба об афзоиш ёфта, тайи 5–6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ 25% зиёд шудааст. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи Генералии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон намуд ва дар доираи он моҳи сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалии оби тоза баргузор гардид, ки дар он ходимони давлатӣ, олимон ва дигар намояндагони ташкилоти гуногун аз 54 мамлакати ҷаҳон иштирок намуданд. Ҳамзамон, бо пешниҳоди башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ду даҳсола 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ пайдо намуд, ки ин мақому манзалати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардошт. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳангоми сафар ба Тоҷикистон аз кӯли Сарез дидан намуда, обҳои Тоҷикистонро неъмати бебаҳо хонд: «Зимни сафарҳои худ ман қиёс меорам. Масалан, зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо доллар сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписанди шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст». Инчунин, А. Гутерриш дар бораи нақши Пешвои миллат дар масъалаи об чунин иброз намуд: «Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Худи далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза Роҳбарияти Олии кишвар, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба мавзуи ҷаҳонии об аҳаммияти хосса зоҳир менамоянд». Дар умум, масъалаи об барои инсоният бисёр пураҳаммият мебошад. Моро мебояд дар хотир дошта бошем, ки муносибати оқилона ба ин неъмати табиат барои ободии Тоҷикистони азизамон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри ободӣ ва шукуфоии ватанамон аз пешниҳод ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат ҳаматарафа пайравӣ ва пуштибонӣ намоем. Панҷшанбе НАЗАРШО, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  

    28

    01.05.2026