12.11.2026
Имрӯз 12 ноябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода , муовинони вазир, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, аъзои комиссияи ҷумҳуриявии озмун, иштирокчиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм аҳли адаб, масъулони озмун ва меҳмононро ба муносибати оғози даври ниҳоӣ табрик намуда, таъкид кард, ки баргузории он дар остонаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти хосси рамзӣ ва маънавӣ мебошад.
Зикр гардид, ки бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҳаракати фарогири маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфта, дар бедор намудани завқи китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав нақши муҳим дорад.
Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҷомеа бо ҷараёни густурдаи иттилоот ва таъсири гуногуни фарҳангӣ рӯ ба рӯ мебошад, китоб яке аз воситаҳои муҳимми ҳифзи ҳувият, арзишҳо ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Ҳадафи асосии баргузории озмун низ дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, тарбияи насли донишманду китобдӯст, тарғиби илму дониш, адабиёту фарҳанг ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик мебошад.
Сипас, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки озмуни мазкур аз соли 2019 инҷониб ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷомеа, ҷалби наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои аҳолӣ ба китобхонӣ, тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мегардад.
Мавсуф таъкид намуд, ки озмун дар ташаккули фарҳанги китобхонӣ ва табдил додани мутолиа ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа саҳми назаррас дорад. Иштироки намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, ходимони илму адаб, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони дигар касбу кор далели густариши таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин иқдоми маърифатӣ мебошад.
Ҳамзамон, бо назардошти ҷамъбастӣ будани даври мазкур, таъмини шаффофият, риояи талаботи низомномаи озмун ва баҳогузории холисонаву одилонаи дониш ва маҳорати довталабон аз вазифаҳои муҳимми комиссияи ҷумҳуриявӣ ва масъулони баргузории озмун арзёбӣ гардид.
Дар идома вазири маориф ва илм иброз дошт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тӯли баргузории худ тавонистааст чеҳраҳои нави соҳибистеъдодро муаррифӣ намуда, муҳаббати насли наврасу ҷавон ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба китоб, забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ тақвият бахшад. Ҳамзамон, он дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии шаҳрвандон нақши муассир гузоштааст.
Дар фарҷом ба довталабон, омӯзгорон, аъзои ҳакамон ва масъулони озмун барору комёбӣ таманно карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 нафар довталаб иштирок менамоянд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон