12.05.2026

 img

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.

 

Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

 

Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.

 

Ба ифтихори меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

  • Маросими истиқболи расмӣ дар шаҳри Пекин img
  • Маросими истиқболи расмӣ дар шаҳри Пекин img
  • Маросими истиқболи расмӣ дар шаҳри Пекин img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан 12 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд.   Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.   Таъкид гардид, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.   Барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии Чин изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.   Фаъолияти самараноки марказҳои Конфутсий ва маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии “Коргоҳи Любан” дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф номида шуд.   Тавсеаи робитаҳо дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин, идомаи робитаҳо дар бахши тарҷума ва нашри осори илмӣ ва таърихиву фарҳангӣ, афзоиши шумораи бурсияҳои таълимӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

    60

    12.05.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГӢ – МАЪРИФАТИИ «РӮЗИ НАВ» Дар толори Театри ҷумҳуриявии «Лӯхтак» маросими ҷамъбасти Фестивали фарҳангӣ – маърифатии «Рӯзи нав» дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона баргузор гардид.   Фестивали мазкур аз 2 то 10 майи соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Ташкилоти «Равзанаи дониш» бо ҷалби устодону мутахассисон аз шаҳрҳои Москва ва Тошканд, инчунин коршиносони соҳаҳои синамо, театр ва технологияҳои иттилоотии шаҳри Душанбе доир карда шуд.   Чорабиниҳо дар се маркази омӯзишӣ - Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Театри ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва бинои IT-Park DUSHANBE баргузор гардида, дар онҳо хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.   Иштирокчиён дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла «Робототехника», «Зеҳни сунъӣ», «Урбанистика», «Театр ва синамо», «Медиа» (рӯзноманигорӣ), «Дизайн», «Чопи 3D», «Стрит-арт» ва «Шаҳри оянда» маҳорати худро такмил дода, бо технология ва усулҳои муосири эҷодкорӣ шинос шуданд.   Дар рӯзи ҷамъбаст ҳар як гурӯҳ лоиҳаҳо ва корҳои эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Хонандагон тавонистанд дар муддати кӯтоҳ якчанд навори видеоӣ, саҳнаҳои театрӣ ва лоиҳаҳои ҷолиб, аз қабили «Хонаи доно», «Боғи доно» ва «Шаҳри ояндаи ман»-ро бо маҳорати баланд муаррифӣ намоянд.   Дар ҷараёни фестивал аз ҷониби устодону мутахассисон ба иштирокчиён барои идомаи фаъолият дар самтҳои интихобнамудаашон тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.   Дар анҷоми чорабинӣ сарпарастон, ҳамкорон ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар баргузории фестивал саҳми назаррас гузоштанд, бо «Сипоснома» қадрдонӣ карда шуданд.

    23

    12.05.2026
  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ Имрӯз, 12 майи соли 2026 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маросими тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш. Саъдуллозода, сардори шуъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ ва сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.   Ҷамъомадро муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ ифтитоҳ бахшида, оид ба саҳми муассиса дар омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯзҳои аввали фаъолият то имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ дар кишвар нақши назаррас дорад.   Дар идомаи ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва саҳми омӯзгорон дар тарбияи насли наврас суханронӣ намуданд.   Зикр гардид, ки айни замон шумораи хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ 355 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 277 нафар тариқи буҷавӣ ва 78 нафар аз рӯйи квотаи Президентӣ ба фаъолияти педагогӣ сафарбар мегарданд.   Тақсимоти мутахассисони ҷавон ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус арзёбӣ гардида, барои таҳкими соҳаи маорифи кишвар мусоидат менамояд.

    7

    12.05.2026