29.05.2025

 img

Санаи 29 майи соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳои кишвар дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия» дар шароити тантанавӣ гузаронида шуд.

 

Маврид ба ёдоварист, ки Озмуни мазкур бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Моҳвораи ҷавонон» аз 25 - апрели соли 2026 то 23 - майи соли 2026 гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории он ин баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа бахусус ҷавонон ба масъалаи муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.

 

Зимнан, дар чорабинӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Султонзода С.С., роҳбарият ва шахсони масъули Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, инчунин масъулин ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

 

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид оғоз шуда, мавсуф ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия»-ро барои иштироки фаъолона табрик гуфтанд.

 

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия» дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ)» аз рӯӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм, инчунин ҷойҳои ифтихорӣ бо «Диплом», «Сипоснома», ҷоиза, мукофотпулӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ, баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ - фароғатии пешкаши тамошобинон карда шуд.

 

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланд ва шароити тантанавӣ баргузор гардида, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба масъалаи муқовимат бар зидди ин падида таъсири мусбат хоҳад расонид.

  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРИ БО САФИРИ ҒАЙРИМУҚИМИИ ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо Сафири ғайримуқимии Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович баргузор гардид.   Дар оғоз муовини якуми вазир меҳмонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ташрифи ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” истиқбол намуд.   Зимни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватияро баланд арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки равобити ду кишвар дар солҳои охир тамоюли мусбат ва созандаро касб намудааст. Қайд гардид, ки миёни кишварҳо муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои байниидоравӣ тадриҷан густариш меёбанд.   Ҳамзамон зикр шуд, ки сафарҳои мутақобилаи роҳбарони олии ду давлат дар соли 2009 барои таҳкими пояи муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Инчунин, сафари вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордан Грлич-Радман ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024 ва мулоқотҳои сатҳи баланд дар доираи он ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав бахшиданд.   Дар ҷараёни суҳбат муовини вазир таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Хорватия дар соҳаҳои маориф, илм, инноватсия ва таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла, имкониятҳои тавсеаи мубодилаи академӣ байни донишгоҳҳо, табодули донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар самти рақамикунонии соҳаи маориф ва идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олӣ баррасӣ гардиданд.   Ҳамзамон, бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи Ҷумҳурии Хорватия дар бахшҳои сайёҳӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат, ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои мустақими муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.   Дар ин замина, масъалаи таҳияи санадҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои дахлдори ду кишвар, инчунин иштирок дар барномаҳои муштараки аврупоӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти таҳсилоти касбӣ ва таҳсилоти байналмилалӣ баррасӣ гардид.   Дар фарҷом ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки вохӯрии мазкур барои тавсеаи ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Хорватия дар соҳаи маорифу илм заминаи мусоид фароҳам меорад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    17

    29.05.2026
  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 29 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Гуфта шуд, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодаанд.   Дар идомаи ҷаласа масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо ба маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту ҳезум мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ М. Тоирзода гузориш пешниҳод намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи зарурии сӯхт, омодасозии иншооти соҳа ба мавсими сармо ва ҳамоҳангсозии корҳои вобаста маълумот дод.   Сипас, лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026 баррасӣ гардид. Мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов зимни баромади худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат, нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда ва вазифаҳои асосии сохторҳои соҳавӣ маълумот пешниҳод намуд.   Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода оид ба вазъи фаъолияти муассисаҳои мазкур, сатҳи таълиму тарбия, таъминоти кадрӣ ва зарурати тақвияти назорати сифати таҳсилот гузориш дод.   Инчунин, масъалаи тасдиқи Низомномаи истироҳати тобистонаи солимгардонии наздимуассисавӣ баррасӣ гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ М. Давлатзода доир ба муҳтавои низомнома, тартиби ташкили истироҳати тобистонаи хонандагон ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фароғату солимгардонии кӯдакону наврасон маълумот пешниҳод намуд.   Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиён аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.   Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшуда, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон, таҳкими назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, татбиқи нақшаи кории вазорат ва ташкили самараноки истироҳати тобистонаи хонандагон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    26

    29.05.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.   Озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳонбинии маънавию фарҳангии ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ карда шуд.   Дар даври ноҳиявии озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия фаъолона ширкат варзида, маҳорати суханварӣ, дониши адабӣ ва ҷаҳонбинии худро аз рӯи номинатсияҳои озмун ба намоиш гузоштанд. Ҳайати ҳакамон ба донишу маҳорат, сатҳи омодагӣ ва тарзи баромади иштирокчиён баҳои воқеъбинона дода, беҳтаринҳоро аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо муайян намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.   Зимни ҷамъбасти озмун масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин иқдомҳои фарҳангиву маърифатӣ дар рушду ташаккули тафаккури созандаи наврасону ҷавонон, баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муҳим дорад.   Ҳамзамон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайати ҳакамон, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва ҳамаи нафароне, ки дар ташкил ва баргузории даври ноҳиявии озмун саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуда, ба иштирокчиён дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун комёбиҳои нав таманно карданд.

    47

    28.05.2026