04.12.2025
4 декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 баргузор гардид.
Соли 2025 дар даври ниҳоии озмун 434 нафар ширкат варзиданд, ки миёни онҳо 2 нафар тоҷикони бурунмарзӣ низ ҳузур дошта, ба таври маҷозӣ ба саволҳои ҳакамон посух доданд.
Аз миёни иштирокчиён 94 нафар унвони ғолибро соҳиб шуданд ва 4 нафар ба Шоҳҷоиза ноил гаштанд. Мукофотпулиҳои озмун низ имсол афзоиш ёфтанд: барои ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барои Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ.
Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар ҳақиқат довталабон китобҳои зиёди бадеиро мутолиа намуда, ҳазорон байтҳоро аз худ кардаанд, ки аз шунидани баромади онҳо дилҳо лабрези шодӣ ва фараҳ гардиданд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, роҳи наҷот аз ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва дода нашудан ба ҳама гуна идеологияҳои дурӯғину фитнаангез – китобхонӣ, бофарҳангӣ, зиракии сиёсӣ ва донистани таъриху маданияти халқи худ мебошад. «Бо таъкид изҳор медорем, ки омӯзгорон, зиёиён ва падару модарон бояд бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд, тарғибгарони китобу дониш бошанд, ҷомеаро аз ҷаҳолату нодонӣ огоҳ созанд ва барои фардои дурахшони насли наврас роҳнамо гарданд», -изҳор намуд муовини Сарвазири кишвар.
Имсол зиёд гардидани маблағҳои ҷоизаҳои ғолибони озмун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди китобдӯстиву китобхонӣ ва фароҳам омадани шароити мусоиди эҷодкорӣ байни насли наврас ва дигар қишрҳои ҷомеа замина гузошт.
Ба таъкиди Дилрабо Мансурӣ, иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа муҳаббат ва самимияти мардуми мамлакатро ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ифода намуда, эҳёи рисолати аҷдодии китобдӯстиву китобхониро таъмин кард. Хусусан, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо шавқу завқ ва муҳаббат ба китоб рӯй меоранд, ки ин падидаи нек сазовори дастгирӣ аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар ин муддат ба як ҳаракати бузурги маърифатӣ табдил ёфтааст.
Дар солҳои 2019–2024 дар озмун 1 153 616 нафар иштирок намудааст, ки аз онҳо 67 дарсад занону духтарон мебошанд.
Имсол низ таваҷҷуҳи хоса ба китобхонӣ махсусан дар байни кӯдакон ва наврасон эҳсос мегардад: 57 нафар ғолиби наврас ва 3 гирандаи Шоҳҷоиза аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шаҳодати равшани ин гуфтаҳост.
Маросими ҷамъбасти озмун нишон дод, ки китоб ва дониш дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа мавқеи хоса пайдо мекунад. Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва талошҳои мақомоти давлатӣ, ин озмун минбаъд низ ҳамчун як иқдоми бузурги маърифатӣ барои рушди зеҳнӣ, худогоҳӣ ва истеъдодҳои насли ҷавон идома хоҳад ёфт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон