16.08.2026
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муслима Афзалшо, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вазорат, сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва омӯзгорону кормандони соҳа машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид.
Зимни баргузории машварат муовини вазири маориф ва илм натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии вилоятро таҳлил намуда, аз дастовардҳо ва пешравиҳои соҳаи маориф ёдовар шуд. Ҳамзамон, ба як қатор масъалаҳо ва камбудиҳои ҷойдошта таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба масъулини соҳа ва омӯзгорон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани насли донишманду соҳибмаърифат таваҷҷуҳи доимӣ ва махсус зоҳир менамоянд.
Аз ин рӯ, масъулини мақомоти идоракунии соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгоронро зарур аст, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати кишвар фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, баланд бардоштани сифати таҳсилот, татбиқи усулҳои муосири таълим ва тарбияи насли дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи маорифи вилоят, омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар кард.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омодагӣ ба соли нави таҳсил, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар раванди таълим, рушди қобилияти зеҳнии хонандагон ва таҳкими мақому манзалати омӯзгор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва рақобатпазир аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Машварати имсола дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аҳаммияти махсус дошт. Зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёду таҷдид гардида, имкониятҳои таҳсил ва дастрасӣ ба дониш барои насли наврасу ҷавон пайваста беҳтар шудаанд.
Дар идомаи машварат омӯзгорон ва кормандони фаъоли соҳа, ки дар рушди маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Ифтихорнома» қадрдонӣ гардиданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон