31.07.2026
Ё чаро мо бояд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод кунем?
МУҚАДДИМА
Дар ҷаҳони муосир, ки низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим, рақобатҳои геополитикӣ ва буҳронҳои башардӯстона ҳарчи бештар ба амният ва рушди инсоният таъсир мерасонанд, мафҳуми сулҳ ҳамчун низоми муносибатҳои устувор, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ, адолат ва масъулияти муштарак дар назди ояндаи инсоният маънидод мегардад. Аз ҳамин нигоҳ, давлатҳое, ки тавонистаанд таҷрибаи сулҳи дохилиро ба ташаббусҳои байналмилалӣ пайванд диҳанд, ба мавзуи муҳимми пажуҳишҳои сиёсӣ ва дипломатӣ табдил ёфтаанд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳост. Давлате, ки дар оғози истиқлоли худ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, имрӯз дар минбарҳои байналмилалӣ бештар бо масъалаҳои сулҳ, об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор шинохта мешавад. Ин тағйири мақом натиҷаи маҷмуи равандҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад, ки дар давоми чанд даҳсолаи охир ташаккул ёфтаанд.
Аз нигоҳи назарияи сулҳ, ҳар таҷрибаи муваффақи сулҳофаринӣ аз се марҳалаи асосӣ иборат аст: қатъи низоъ, таҳкими эътимод ва ташаккули ҳамкории устувор. Маҳз ҳамин се унсурро метавон ҳамчун меъёри таҳлили таҷрибаи Тоҷикистон истифода бурд.
Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи муосири Тоҷикистон анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 мебошад. Ин раванд нишон дод, ки сулҳи пойдор танҳо бо роҳи муколама, гузашт ва қабули масъулияти муштарак барои ояндаи давлат ба даст меояд.
Дар даҳсолаҳои баъдӣ сиёсати хориҷии Тоҷикистон бештар ба масъалаҳое равона гардид, ки хусусияти фаромиллӣ доранд. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва рушди устувор, солҳои байналмилалии вобаста ба захираҳои об, аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», инчунин, ташаббусҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки бо қабули қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтанд. Ин ташаббусҳо масъалаҳои марбут ба манфиати як давлатро не, балки масъалаҳои дорои аҳаммияти ҷаҳониро матраҳ мекарданд.
Дар муносибатҳои байналмилалӣ чунин равишро метавон намунаи «дипломатияи арзишҳо» номид. Давлат кӯшиш мекунад масъалаеро пешниҳод намояд, ки ба амнияти умумии инсоният дахл дорад ва метавонад кишварҳои гуногунро атрофи як ҳадафи муштарак муттаҳид созад. Маҳз масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд.
Дар солҳои охир масъалаи сулҳ боз ҳам бештар дар маркази ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон қарор гирифт. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» нишон медиҳад, ки мавзуи сулҳ имрӯз ба масъалаи тарбияи фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва масъулияти давлатҳо дар назди наслҳои оянда табдил ёфтааст.
Дар баробари фаъолияти байналмилалӣ, равандҳои минтақавӣ низ аҳаммияти махсус доранд. Суботи Осиёи Марказӣ ҳамчун яке аз шартҳои муҳимми рушди иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ ва ҳамкориҳои фаромарзӣ арзёбӣ мешавад. Ба ин метавонад барқарор гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир мисол шавад. Яъне, барқарор шудани парвозҳо, густариши тиҷорат, рушди робитаҳои фарҳангӣ ва коҳиши монеаҳои сиёсӣ намунаи он аст, ки ҳатто баъд аз солҳои тӯлонии сардии муносибатҳо метавон эътимоди нав сохт.
Ҳамзамон, раванди музокирот ва созишҳо оид ба масъалаҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон низ аз нигоҳи сулҳшиносӣ аҳаммияти хосса дорад. Низоъҳои сарҳадӣ одатан аз ҷумлаи масъалаҳои душвортарини муносибатҳои байналмилалӣ маҳсуб мешаванд, зеро онҳо бо масъалаҳои ҳувият, таърих, амният ва манфиатҳои миллӣ алоқаманданд. Аз ин рӯ, ҳар гуна пешрафт дар роҳи ҳалли онҳо, агар тавассути музокирот ва созишҳои байнидавлатӣ ба даст омада бошад, метавонад ҳамчун намунаи дипломатияи пешгирикунанда мавриди омӯзиш қарор гирад.
Албатта, арзёбии чунин равандҳо ҳамеша бояд бо эҳтиёткорӣ анҷом дода шавад. Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҳалли ҳар масъалаи мураккаб натиҷаи фаъолияти маҷмуи омилҳо мебошад: иродаи сиёсӣ, фаъолияти дипломатҳо, нақши ҷомеа, шароити минтақавӣ ва муҳити байналмилалӣ. Аз ин рӯ, ҳама гуна натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ бояд аз содасозии воқеият худдорӣ кунад ва саҳми ҳамаи омилҳои таъсиргузорро ба назар гирад.
Аз нуқтаи назари фалсафаи сиёсат, арзиши таҷрибаи Тоҷикистон бештар дар тағйири модели худшиносии давлат зоҳир мегардад. Агар дар солҳои аввали истиқлол масъалаи асосӣ ҳифзи давлатдорӣ бошад, имрӯз бештар масъалаҳои саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти умумии башарӣ матраҳ мешаванд. Ин тағйири равиш барои муҳаққиқони дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ мавзуи ҷолиби омӯзиш мебошад.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои хурд низ метавонанд тавассути ташаббусҳои байналмилалӣ таъсири назаррас дошта бошанд. Таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки нуфузи байналмилалӣ ҳамеша аз андозаи қаламрав ё иқтидори иқтисодӣ вобаста нест. Бисёр вақт қобилияти пешниҳод кардани ғояҳое, ки ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ хидмат мекунанд, метавонад ҷойгоҳи давлатро дар низоми байналмилалӣ таҳким бахшад.
Аз ҳамин нигоҳ, таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об, иқлим, пиряхҳо, сулҳ ва ҳамкории минтақавӣ метавонад ҳамчун маводи арзишманд барои таҳқиқоти муқоисавӣ истифода шавад. Омӯзиши ин таҷриба имкон медиҳад, ки механизмҳои таъсири дипломатияи бисёрҷониба, нақши созмонҳои байналмилалӣ ва аҳаммияти ташаббусҳои арзишмеҳвар беҳтар дарк карда шаванд.
Аз сулҳи дохилӣ то ташаббусҳои ҷаҳонӣ
Тавре гуфтем, Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳое мебошад, ки дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ бо яке аз буҳронҳои вазнини сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ барои ҷомеа талафоти бузурги инсонӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ба бор овард. Аммо таҷрибаи минбаъдаи кишвар нишон медиҳад, ки раванди гузариш аз низоъ ба сулҳ метавонад на танҳо барои рушди дохилӣ, балки барои ташаккули дипломатияи фаъол дар сатҳи байналмилалӣ низ замина фароҳам оварад.
Дар адабиёти илмӣ давлатҳои пасоҷангӣ ҳамчун ҷомеаҳое тавсиф мешаванд, ки баъд аз як марҳалаи тӯлонии муқовимати сиёсӣ ё мусаллаҳона ба масъалаи барқарор намудани фаъолияти институтҳои давлатӣ, эҳёи иқтисод, барқарорсозии эътимоди иҷтимоӣ ва ташаккули фарҳанги нави ҳамзистӣ рӯ ба рӯ мегарданд.
Таҷрибаи Тоҷикистон низ дар ҳамин замина қобили омӯзиш мебошад. Ҷанги шаҳрвандии солҳои аввали истиқлол ба сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсири амиқ расонд. Қисми муҳимми инфрасохтор осеб дид, равандҳои идоракунӣ халалдор шуданд ва сатҳи эътимоди ҷомеа коҳиш ёфт. Дар чунин шароит вазифаи асосӣ барқарор намудани қобилияти давлат барои иҷрои вазифаҳои худ низ аҳаммияти ҳалкунанда дошт.
Дар назарияи сулҳи мусбат, ки Йоҳан Галтунг онро ташаккул додааст, пойдории сулҳ ба се унсури асосӣ такя мекунад: мавҷудияти институтҳои самараноки давлатӣ, коҳиши омилҳои низоъзо ва ташаккули фарҳанги ҳамкорӣ. Агар яке аз ин унсурҳо нодида гирифта шавад, эҳтимоли бозгашти низоъ афзоиш меёбад.
Яке аз масъалаҳое, ки солҳои охир дар таҳқиқоти муносибатҳои байналмилалӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, робитаи байни суботи дохилии давлат ва фаъолияти минтақавии он мебошад. Давлате, ки дар дохил ба сатҳи муайяни устувории сиёсӣ мерасад, одатан имконияти бештар барои рушди дипломатия, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иштирок дар ташаббусҳои минтақавӣ пайдо мекунад.
Осиёи Марказӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир минтақае бо аҳаммияти баланди геополитикӣ ба ҳисоб меравад. Захираҳои табиӣ, мавқеи транзитӣ, мушкилоти обӣ, масъалаҳои амниятӣ ва ҳамсоягӣ бо чанд маркази муҳимми сиёсӣ боис гардидаанд, ки муносибатҳои байни кишварҳои минтақа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. Дар чунин шароит, сатҳи эътимоди байнидавлатӣ аҳаммияти калидӣ пайдо мекунад.
Дар асри XXI масъалаи об аз доираи як мушкили экологӣ гузашта, ба яке аз масъалаҳои муҳимми амнияти байналмилалӣ табдил ёфтааст. Афзоиши аҳолии ҷаҳон, рушди саноат, тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои оби ошомиданӣ боис гардидаанд, ки Созмони Милали Муттаҳид масъалаи идоракунии устувори захираҳои обро ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди устувор муайян намояд.
Дар чунин шароит Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое гардид, ки масъалаи обро ба сифати мавзуи мустақили рӯзномаи байналмилалӣ матраҳ намуд. Як қатор ташаббусҳои пешниҳодшуда, хусусан, дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд.
Аҳаммияти ин ташаббусҳо дар он аст, ки онҳо тавонистанд масъалаи обро ҳамчун яке аз омилҳои амнияти ҷаҳонӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор диҳанд. Дар натиҷа, об тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои бисёрҷониба табдил ёфт.
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои сиёсати ҷаҳонии асри XXI афзоиши аҳаммияти масъалаҳои экологӣ мебошад. Агар дар асри гузашта муносибатҳои байналмилалӣ бештар бо масъалаҳои низомӣ ва иқтисодӣ тавсиф мешуданд, имрӯз тағйирёбии иқлим, коҳиши гуногунии биологӣ, биёбоншавӣ ва обшавии пиряхҳо низ ба масъалаҳои меҳварии сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.
Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги пиряхӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим бевосита таъсир мепазирад. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи пиряхҳо тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти дипломатии кишвар табдил ёфт. Дар солҳои охир қабули қатъномаҳои дахлдор ва баргузор гардидани ҳамоишҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки масъалаи пиряхҳо ба масъалаи амнияти экологӣ ва рушди устувори ҷаҳон мубаддал гардидааст.
Дар доираи назарияи «амнияти экологӣ» чунин ташаббусҳо аҳаммияти махсус доранд. Зеро камшавии захираҳои табиӣ метавонад дар оянда ба муҳоҷират, буҳронҳои иқтисодӣ ва ҳатто ихтилофҳои сиёсӣ мусоидат намояд. Аз ҳамин рӯ, ҳар гуна иқдомоте, ки ба коҳиши чунин хатарҳо равона шудааст, метавонад ҳамчун қисми дипломатияи пешгирикунанда арзёбӣ гардад.
Болотар ишора кардем, ки дар солҳои охир масъалаи сулҳ дар муносибатҳои байналмилалӣ мазмуни нав пайдо кардааст. Агар дар нимаи дуюми асри XX диққати асосӣ ба хотима бахшидани ҷангҳо равона шуда бошад, имрӯз масъалаи ташаккули фарҳанги сулҳ, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва пешгирии пайдоиши низоъҳо бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Дар ҳамин замина, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ҳамчун идомаи мантиқии рушди дипломатияи бисёрҷониба арзёбӣ мешавад. Аз нуқтаи назари илмии сулҳшиносӣ аҳаммияти чунин санадҳо бештар дар ташаккули муҳити нави ҳамкорӣ ва баланд бардоштани масъулияти давлатҳо нисбат ба пешгирии низоъҳо зоҳир мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки ҳеҷ як қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ худ аз худ мушкилоти сиёсиро ҳал намекунанд. Аммо онҳо метавонанд заминаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ахлоқиро барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди барномаҳои муштарак ва ташаккули меъёрҳои нави ҳамкорӣ фароҳам оваранд. Аз ҳамин рӯ, чунин санадҳо ҳамчун воситаи таъсиргузорӣ баррасӣ мешаванд.
Меъёрҳои арзёбии саҳм дар сулҳи байналмилалӣ аз нигоҳи Ҷоизаи сулҳи Нобел
Ҷоизаи сулҳи Нобел аз маъруфтарин ва бонуфузтарин мукофотҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Аз замони таъсиси он дар оғози асри XX ин ҷоиза на танҳо рамзи эътирофи хидматҳои шахсону созмонҳо дар роҳи сулҳ гардидааст, балки ба яке аз василаҳои муҳимми ташаккули афкори ҷаҳонӣ дар бораи арзишҳои ҳамзистӣ, ҳамкорӣ ва масъулияти байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди эътибори баланди ин ҷоиза, меъёрҳои арзёбии фаъолияти номзадҳо ҳамеша мавриди баҳсу баррасии олимон, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва муаррихон қарор доранд.
Сарчашмаи асосии Ҷоизаи сулҳи Нобел васияти Алфред Нобел аз 27 ноябри соли 1895 мебошад. Дар ин санад Нобел таъкид мекунад, ки қисми муайяни дороии ӯ бояд барои қадрдонии шахсоне истифода шавад, ки дар давоми соли гузашта барои инсоният бештар хидмат кардаанд. Дар мавриди ҷоизаи сулҳ ӯ, махсусан, аз се самти фаъолият ёд мекунад: саҳм дар таҳкими дӯстии байни миллатҳо, мусоидат ба коҳиш ё маҳдуд намудани мусаллаҳшавӣ, пешбурди конгрессҳо ва ташаббусҳое, ки ба сулҳ хидмат мекунанд.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ҳамин се меъёр то имрӯз асоси фаъолияти Кумитаи Нобел боқӣ мондааст, гарчанде ки шарҳи онҳо бо мурури замон мутобиқ ба воқеиятҳои нав густариш ёфтааст.
Гарчанде Кумитаи Нобел формулаи қатъии баҳогузорӣ надорад, омӯзиши фаъолияти барандагони ҷоиза нишон медиҳад, ки як қатор меъёрҳо такроран ба назар гирифта мешаванд.
Яке аз муҳимтарин омилҳо натиҷаи амалии фаъолияти номзад мебошад. Кумита бештар ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки фаъолияти шахс ё созмон то кадом андоза ба коҳиши низоъ, ҳифзи ҷони инсонҳо ё рушди ҳамкории байналмилалӣ мусоидат кардааст. Ба ибораи дигар, ҷоиза одатан барои фаъолияте дода мешавад, ки аз доираи манфиатҳои як ҷомеа берун рафта, аҳаммияти фаромиллӣ дошта бошад. Ташаббусҳое, ки ба масъалаҳои ҷаҳонӣ дахл доранд, бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, таҳлили фаъолияти барандагони гуногун нишон медиҳад, ки роҳҳои хидмат ба сулҳ бисёр гуногунанд.
Мартин Лютер Кинг барои муборизаи ғайризӯроварона алайҳи табъизи нажодӣ қадрдонӣ гардид. Нелсон Мандела ва Фредерик де Клерк барои гузариши осоиштаи Африқои Ҷанубӣ аз низоми апартеид ба демократия ҷоиза гирифтанд. Кофи Аннан ва Созмони Милали Муттаҳид барои саҳм дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳифзи сулҳ қадрдонӣ шуданд. Малола Юсуфзай барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил ва мубориза бо хушунат ҷоиза гирифт.
Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти сулҳофаринӣ метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад.
Аммо қарорҳои Кумитаи Нобел борҳо мавриди баҳс қарор гирифтаанд. Бархе аз муҳаққиқон бар онанд, ки ҷоиза бояд танҳо барои натиҷаҳои исботшуда дода шавад. Гурӯҳи дигар бар он ақидаанд, ки ҷоиза метавонад ҳамчун воситаи ҳавасмандсозии равандҳои сулҳ низ хидмат кунад. Ин ихтилофи назар нишон медиҳад, ки сулҳ худ мафҳуми бисёрсамта мебошад ва баҳогузории саҳм дар он ҳамеша ба таҳлили таърихӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ ниёз дорад.
Омӯзиши васияти Алфред Нобел, таҷрибаи фаъолияти Кумитаи Нобели Норвегия ва таърихи барандагони ҷоиза нишон медиҳад, ки арзёбии саҳм дар сулҳи байналмилалӣ ба як меъёр маҳдуд намешавад. Дар амал маҷмуи омилҳо – аз натиҷаи воқеӣ ва таъсири байналмилалӣ то пойдории фаъолият ва қобилияти ташаккули ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, Ҷоизаи сулҳи Нобелро метавон оинаи таҳаввули фаҳмиши ҷаҳонӣ дар бораи сулҳ низ донист. Тағйири мазмуни ин ҷоиза аз оғози асри XX то имрӯз нишон медиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ сулҳро бо рушди устувор, ҳуқуқи инсон, дипломатияи бисёрҷониба, адолати иҷтимоӣ ва ҳамкории байни миллатҳо пайванд медиҳад.
Дар ин замина, таҷрибаи кишварҳои гуногун собит менамояд, ки роҳҳои саҳмгузорӣ дар сулҳ гуногунанд. Баъзе давлатҳо тавассути миёнаравии сиёсӣ, гурӯҳи дигар тавассути рушди инсонӣ, ҳифзи муҳити зист, халъи силоҳ ё ташаббусҳои байналмилалӣ ба ин раванд мусоидат мекунанд.
Аз ин рӯ, омӯзиши муқоисавии чунин таҷрибаҳо барои рушди назарияи сулҳшиносӣ, дипломатияи байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ аҳаммияти назаррас дошта, метавонад барои таҳияи роҳҳои нави ҳамкорӣ дар ҷаҳони муосир заминаи илмӣ фароҳам оварад.
ХУЛОСА
Барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамчунин, ҳифзи давлатдории тоҷикон ва пешгирӣ аз парокандашавии кишвар дар солҳои аввали истиқлол, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва бунёди пояҳои давлати соҳибихтиёр, ташаккули низоми нави ҳуқуқии давлат, бунёди Артиши миллӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини амнияти миллӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ тавассути сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои байналмилалӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги неругоҳӣ, аз ҷумла, НБО «Роғун», таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши кишоварзӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, ислоҳоти фарогири соҳаи маориф ва бунёди ҳазорҳо муассисаи нави таълимӣ, рушди илм, технология ва навоварӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ, эҳёи худшиносии миллӣ тавассути гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, чоп ва тақсими ройгони китобҳои «Тоҷикон», «Шоҳнома» ва «Қуръон» ба аҳолӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии тоҷикон, таҷлили байналмилалии бузургону мутафаккирони тоҷик, аз ҷумла, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, барқарорсозии муносибатҳои дӯстона ва ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсоя, тақвияти сиёсати хориҷии мутавозин ва ҳамкории созанда бо созмонҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон дар идоракунии давлатӣ, тавсеаи инфрасохтори тандурустӣ ва сохтмони садҳо беморхона ва марказҳои саломатӣ, рушди сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои табиати нодир ва тамаддуни куҳан, таъмини суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити рушди иқтисодӣ ва садҳо иқдомоти дигареро метавон ном гирифт, ки маҳз бо ташаббус ва зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик даст додааст. Яъне, ин ҷо мо аз ташаббусҳои дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалию ҷаҳонии Тоҷикистон, ки бевосита бо иқдомоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст омадаанд, ба таври мухтасар ёдовар шудем. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро мо бояд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод кунем?
Якум, таҷрибаи Тоҷикистон собит намуд, ки сулҳ танҳо бо хотимаи ҷанг маҳдуд намешавад, балки раванди тӯлонии барқарорсозии давлат, эҳёи эътимоди ҷомеа ва ташаккули фарҳанги ҳамзистӣ мебошад. Агар меъёрҳои муосири сулҳшиносӣ ба натиҷаи воқеӣ такя кунанд, пас таҷрибаи Тоҷикистон аз ҷумлаи намунаҳои муваффақи гузариш аз низои дохилӣ ба рушди устувори давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ин таҷриба худ ба худ арзиши байналмилалӣ дошта, метавонад ҳамчун модели омӯзиш барои кишварҳои дигари пасоҷангӣ хидмат намояд.
Дуюм, яке аз меъёрҳои асосии васияти Алфред Нобел таҳкими дӯстии байни миллатҳо мебошад. Дар тӯли солҳои охир сиёсати хориҷии Тоҷикистон бештар ба муттаҳид намудани давлатҳо дар атрофи масъалаҳое равона гардид, ки хусусияти умумибашарӣ доранд. Ташаббусҳои марбут ба об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки тавонистанд садҳо кишвари ҷаҳонро дар доираи қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муттаҳид созанд. Аз ин нигоҳ, фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат ба яке аз талаботи асосии Ҷоизаи сулҳи Нобел мутобиқат мекунад.
Сеюм, аҳаммияти фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки он ба ҳалли масъалаҳои дохилии як давлат маҳдуд намешавад. Қатъномаҳои пешниҳодшуда ба манфиати тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд. Масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва имрӯз ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ба ҳамаи кишварҳо дахл доранд. Маҳз ҳамин хусусияти фаромиллӣ яке аз нишонаҳои асосии хидмат ба сулҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Чорум, дар фаъолияти Пешвои миллат пайванди мантиқии сулҳи миллӣ ва дипломатияи ҷаҳонӣ ба мушоҳида мерасад. Кам шахсиятҳои сиёсӣ вуҷуд доранд, ки аввал дар дохили кишвари худ ба барқарории сулҳ мусоидат намуда, баъдан ҳамон таҷрибаро ба сатҳи сиёсати байналмилалӣ табдил дода бошанд. Ин пайдарҳамӣ арзиши таҷрибаи Тоҷикистонро боз ҳам бештар менамояд.
Панҷум, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки сиёсати Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ бештар ба таҳкими эътимод, ҳамсоягии нек ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаб тавассути музокирот равона гардидааст. Беҳтар гардидани муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва пешрафти музокироти марбут ба масъалаҳои сарҳадӣ нишон медиҳад, ки дипломатияи муколама метавонад ҷойгузини муқовимат гардад. Ин низ яке аз арзишҳое мебошад, ки фалсафаи Ҷоизаи сулҳи Нобел онро ташвиқ мекунад.
Шашум, омӯзиши фаъолияти Кумитаи Нобел нишон медиҳад, ки барандагони ҷоиза ҳатман миёнаравони музокироти сулҳ набудаанд. Бисёре аз онҳо барои ташаккули муҳити нави ҳамкорӣ, рушди ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии низоъҳо қадрдонӣ шудаанд. Аз ҳамин нигоҳ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон низ ба ҳамин доираи арзишҳо дохил гардида, метавонанд ҳамчун саҳми воқеӣ дар пешгирии таҳдидҳои ояндаи башар арзёбӣ шаванд.
Ҳафтум, пешниҳоди Пешвои миллат ба Ҷоизаи сулҳи Нобел, пеш аз ҳама, эътирофи як мактаби нави дипломатия мебошад, ки дар он кишвари аз лиҳози ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ бузург набуда низ метавонад тавассути ғояҳои созанда ба рӯзномаи ҷаҳонӣ таъсир расонад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки нуфузи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, аз қудрати андеша, ташаббус ва масъулияти сиёсӣ сарчашма мегирад.
Ҳаштум, чунин пешниҳод ба маънои муаррифии таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон мебошад. Ҳар қадар ин таҷриба дар сатҳи байналмилалӣ бештар мавриди омӯзиш ва эътироф қарор гирад, ҳамон андоза имконияти истифодаи он дар дигар минтақаҳои буҳронзадаи ҷаҳон низ бештар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, номзад намудани Пешвои миллат ҳамзамон муаррифии модели тоҷиконаи сулҳофаринӣ мебошад.
Нуҳум, аз нигоҳи илмӣ маҷмуи дастовардҳое, ки дар ин мақола баррасӣ гардиданд, ба меъёрҳои асосии дар васияти Алфред Нобел пешбинишуда – таҳкими дӯстии байни миллатҳо, рушди ташаббусҳои байналмилалии сулҳ ва мусоидат ба ҳамкории ҷаҳонӣ мутобиқати назаррас доранд. Албатта, қабули қарор танҳо салоҳияти Кумитаи Нобел мебошад, аммо пешниҳоди номзадӣ худ як амали комилан қонунӣ, асоснок ва мутобиқ ба таҷрибаи байналмилалӣ аст, ки бояд аз ҷониби ниҳодҳои салоҳиятноки кишвар роҳандозӣ карда шавад.
Даҳум, бо такя ба ҳамаи далелҳои таърихӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва илмӣ метавон чунин натиҷагирӣ кард: имрӯз асосҳои кофӣ мавҷуданд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияте, ки дар барқарорсозии сулҳи миллӣ, таҳкими суботи минтақавӣ ва ташаккули ташаббусҳои дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд, ба Ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод карда шаванд. Чунин иқдом, пеш аз ҳама, қадршиносии саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи байналмилалӣ ва эътирофи нақши дипломатияи созанда дар ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният хоҳад буд.
Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология