17.09.2025

 img

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони соҳа мулоқот намуданд.

 

Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои онро ба муносибати ифтитоҳи иншооти муосир – бинои муосири кумита самимона табрик гуфтанд.

 

Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар аксари сохторҳои кумита дар ҷумҳурӣ бо биноҳои нави маъмурӣ таъмин гардиданд, ки арзиши умумии сохтмони онҳо беш аз 200 миллион сомонӣ мебошад.

 

Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иловатан 4 бинои маъмурӣ барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо харҷи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа дар шаҳри Душанбе бунёди ду бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.

 

Зарур шумурда шуд, ки роҳбарият ва ҳар як корманди соҳа бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида вазифаҳои хизматии худро бо дарки баланди масъулият иҷро намоянд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологиро вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маънидод карда, изҳор доштанд, ки ин вазифаҳои басо муҳим амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд.

 

Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯйӣ намояд.

 

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии пайомадҳои он андешаронӣ намуда, аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус, дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи фаъолияти шабакаи умумии обуҳавошиносии Тоҷикистонро таҳлил намуда, тавсеаи онҳову дидбонгоҳҳои обченкунии кишвар ва истифода аз таҷҳизоти навинро зарур шумурданд.

 

Нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва пешбурди назорати давлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ самти муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар вазорату идораҳои дахлдор арзёбӣ карда шуд.

 

Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро вазифадор намуданд, ки дар соли 2026 барои ворид намудани Резервати биосферии Ромит ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО чораҳои амалӣ андешанд.

 

Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх фаъолияти худро дар самти барқарор ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот самаранок ба роҳ монанд.

 

Сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои таҳия ва тасдиқи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳаммияти экологӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Барои рушди низоми рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони соҳибтахассус тавассути бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии ватаниву хориҷӣ тақвият дода шавад.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зистро дар кишвар таҳлил намуда, барои ҳалли мушкилоти экологии мавҷуда дар назди масъулин як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 

Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барои татбиқи босамари «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шавад.

 

Сохторҳои марбута супориш гирифтанд, ки иҷрои нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркуниро пурра таъмин намуда, шинонидану парвариши ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд.

 

Гуфта шуд, ки ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.

 

Дар ин зимн, ташкили корхонаҳои калони коркарди партовҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва коркарду истифодаи такрории партовҳо амри муҳим дониста шуд.

 

Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари маблағҳои грантӣ аз ҳисоби фондҳои махсуси иқлимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои амалӣ намудани стратегияву барномаҳо чораҳои иловагӣ андешад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии аҳолии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, бо дар назар гирифтани таҷрибаи пешқадам «Барномаи нави рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

 

Омода намудани мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалии донандаи забонҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маънидод гардида, мувофиқи мақсад дониста шуд, ки дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо» таъсис дода шавад.

 

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати хешро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона намуда, рисолати худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

  • Мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози Ҳафтаи “Бозёфт” дар шаҳри Бохтар! Имрӯз дар литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо"-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар бо иштироки мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста ҳафтаи “Бозёфт”-и хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимиро расман оғоз намуд.   Ин чорабинӣ бо мақсади дарёфт, рушд ва тақвияти истеъдодҳои хонандагон, баланд бардоштани савияи дониш, ташаккули малакаҳои эҷодию илмӣ ва рушди ҷаҳонбинии наврасон ташкил карда шудааст.    Дар доираи ҳафтаи “Бозёфт” хонандагони беҳтарин бо маҳорати хеш дар самтҳои гуногун аз фанҳои табиӣ ва дақиқ то фанҳои гуманитарӣ ва эҷодӣ иштирок намуда, дониш, қобилият ва истеъдоди худро ба намоиш мегузоранд.   Ин чорабинии муҳим на танҳо майдони дарёфти истеъдодҳои нав, балки платформаи мубодилаи таҷриба ва ташвиқу ҳавасмандсозии хонандагон барои дар оянда комёбиҳои бузург ба ҳисоб меравад.   Хадамоти матбуоти  шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар

    33

    16.09.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» ДАР ТОҶИКОБОД Рӯзи дуюми Ҳафтаи «Бозёфт» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳия идома ёфт.   Дар чорабинӣ намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Тоҷикобод ва директори муассисаи мазкур иштирок намуданд.   Дар рӯзи дуюм хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №4, №13 ва №17 худро ба маҳфилҳои фаннӣ сабти ном карданд.   Омӯзгорон ва волидайни хонандагон бо изҳори қаноатмандӣ зикр карданд, ки баргузории Ҳафтаи «Бозёфт» имконияти мусоидро барои таҳсили ройгон, рушди истеъдод ва омодагии фарзандонашон ба озмуну олимпиадаҳо фароҳам меорад.

    31

    16.09.2025
  •  img
    Ифтитоҳи меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро (Crowne Plaza Dushanbe) бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 18-ошёна мебошад.   Ёдовар мешавем, ки 4 сентябри соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахт - кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино дар соҳили рӯди Лучоб бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшида буданд.   Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар ин иншооти замонавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” аз 124 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷра дар ошёнаи 15-ум барои меҳмони воломақом бо масоҳати 260 метри мураббаъ, 34 ҳуҷраи люкс, 30 ҳуҷраи нимлюкс ва 59 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад.   Дар маҷмуъ меҳмонхона барои 150 мизоҷ дар як вақт имкони будубошро фароҳам меоварад.   Баъди бунёди иншооти мазкур аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 кас соҳиби кори доимӣ шуд. Имкон аст, ки дар меҳмонхона 200 нафар ба кор таъмин гардад.   Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонида шавад.   Мавриди зикр аст, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 400 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.   Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ 1,18 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элит-Строй-Сервис” мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба анҷом расонида шудааст.   Соҳибкорони ватанӣ аз 1 июли соли 2023 ба муҳлати 20 сол бо ширкати Интерконтинентал Ҳотелз Групи Лондон (Intercontinental Hotels Group) таҳти бренди “Кровн Плаза” (Crowne Plaza) шартнома ба имзо расонида буданд.   Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст.   Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 3 тарабхона, толор барои зиёфатҳои расмӣ бо 150 ҷой, 3 қаҳвахона, кошонаи ҳусн, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст.   Дар ошёнаи дуюм толорҳои конфронс бо номҳои зебои марказҳои маъмурии шаҳрҳои кишвар номгузорӣ шуда, инчунин макони баргузории вохӯриҳои сатҳи баланд, омода гардидааст.   Дар ду қабат таҳхонаи бинои меҳмонхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 100 нақлиёт ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ сохта шудааст.   Иншооти бошукӯҳ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибикорони ватанӣ бунёд гардид.   Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд, зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол то сол зиёд мегардад.   Дар маркази калони тиҷоратӣ, ки аз 18 ошёна иборат мебошад, барои доираҳои васеи соҳибкорӣ шароити муосири кор фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, аз ошёнаҳои аз 1 то 8 идораи маъмурии ширкатҳо ва дар ошёнаҳои аз 9 то 18 дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир карда шудааст. Баъди ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ дар ин ҷо барои 100 нафар ҷои кори доимӣ ташкил гардид.   Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рафти корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст.   Бо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти баландошёна дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ ҳамзамон ба пойтахти кишвар зебогии нав зам гардид.   Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намуда, хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Баъди шиносоии пурра бо шароити кору хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи “Кровн Плаза Душанбе” Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ, бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос карда, онҳоро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои баланди меҳмондории миллӣ ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.

    19

    16.09.2025