01.10.2025

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои густариши равобити дуҷониба дар самти таҳсилот, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва тақвияти низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот муовини вазир оид ба равандҳои ҷорӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат таъкид намуд, ки дар марҳалаи кунунӣ зарурати ҷалби таҷрибаи муосир ва пешрафтаи байналмилалӣ дар бахши таҳлили сиёсати давлатӣ, татбиқи босамари барномаҳои миллӣ ва ҳамчунин такмили низоми мониторинг ва баҳодиҳии онҳо беш аз ҳарвақта эҳсос мегардад, зеро рушди устувор ва босифати низоми таҳсилот ба дараҷаи омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир вобаста мебошад.
Муовини вазир зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илм дар фаъолияти худ масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисосро яке аз ҳадафҳои асосӣ ва устувори стратегӣ меҳисобад ва бо дарки амиқи ин зарурат бар он аст, ки таҷрибаи муассиру пешрафтаи кишварҳои тараққикарда, аз ҷумла, таҷрибаи Ҷопон тавассути барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки JICA дар низоми таҳсилоти кишвар ҷорӣ карда шавад, зеро маҳз татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад ба беҳбуди сатҳи таҳлил, баланд бардоштани самаранокии идоракунии барномаҳои давлатӣ ва таъмини шаффофияти равандҳои мониторинг заминаи устувор фароҳам оварад.
Дар навбати худ, коршиноси JICA, мушовир оид ба идоракунии рушди «Котиботи Шурои миллии рушд»-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Танабе Хидеки бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои то имрӯз ҷараёнгиранда омодагии комили худро барои густариши минбаъдаи робитаҳо, татбиқи барномаҳои нави таълимӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар самти таҳкими иқтидорҳои кадрӣ, боло бурдани сатҳи касбияти омӯзгорон ва мутахассисон, инчунин мусоидат ба такмили равандҳои идоракунӣ ва истифодаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.
Дар охир ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки густариши ҳамкориҳои минбаъда миёни Вазорати маориф ва илм ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) на танҳо ба таҳкими равобити илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ мусоидат менамояд, балки барои рушди устувор, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳамоҳангсозии барномаҳои миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ низ нақши муассир хоҳад гузошт.
Маркази матбуотии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
25
01.10.2025 -
54
01.10.2025 -
59
30.09.2025