10.04.2026
Шоми 9 апрели соли 2026 дар толори «Кохи Суруш» бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» намоиш дода шуд.
Филми «Моҳӣ дар шаст» як асари муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бо коргардонии Муҳиддини Музаффар соли 2025 рӯйи навор омадааст. Мазмуни филм саргузашти таъсирбахши писарбачаи даҳсола, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро инъикос менамояд, ки ҳамроҳи қаҳрамони дигар - Самад, дар ҷустуҷӯйи модари худ аз шимол то ҷануби кишвар сафар намуда, бо рӯйдодҳои гуногун ва пурмоҷаро рӯ ба рӯ мегардад.
Зимни намоиш тамошобинон, кормандони васеи соҳаи маориф, аз манзараҳои нотакрори табиати кишвар баҳравар гардид, ба ҷаҳони ботинии қаҳрамони хурдсол ворид шуда, орзуву ормон, дарду умед ва эҳсосоти поки ӯро бо тамоми ҳастӣ дарк намуданд. Филм бо мазмуни амиқ ва ҳассоси худ дар қалби ҳозирин таассуроти фаромӯшнопазир гузошт.
Баъд аз анҷоми намоиши филм вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, зикр кард, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз заминаи мусоидро барои рушди синамои миллӣ ва эҷоди филмҳои пурмазмуну тарбиявӣ фароҳам овардааст. Маҳаки филми мазкур бо як таъсиргузории амиқи эҳсосӣ бори дигар собит сохт, ки таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иззату эҳтироми падару модар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси оилавӣ на танҳо шиори ахлоқӣ, балки як зарурати воқеии ҳаёти инсонӣ мебошанд. Ҳаёти пурдарди қаҳрамони хурдсоли филм қалбҳоро такон дода, бинандаро водор месозад, то бо эҳсоси баланд ба қадри меҳру муҳаббати волидайн бирасад ва масъулияти фарзандиро бо тамоми ҳастӣ дарк намояд. Ин паёми пурмаънои филм бо лаҳни самимиву таъсирбахш дар зеҳну қалби ҳар тамошобин нақш баста, арзиши муҳаббати хонаводагӣ ва пайванди ҷовидонаи фарзанду модарро ба таври равшан таҷассум мекунад.
Таъкид гардид, ки муҳтавои филм бори дигар аҳаммияти иззату эҳтироми падару модар, қадршиносии арзишҳои инсонӣ ва масъулияти маънавиро равшан инъикос менамояд.
Вазир ҳамзамон иброз дошт, ки филмҳои касбии миллӣ муаррифгари фарҳанг ва синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, рӯйи кор омадани чунин асарҳо барои таҳкими мавқеи синамои ватанӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ба таъкиди коргардон Муҳиддини Музаффар, намоиши мазкур ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби филмҳои касбии миллӣ роҳандозӣ гардида, тасмим аст, ки чунин иқдом дар оянда низ идома ёбад. Ба таъкиди коргардон ин иқдоми фарҳангӣ дар таҳкими завқи зебоипарастӣ ва боло бурдани маърифати фарҳангии кормандон мусоидат намуд, ҳамчун як амали ҳамгиро ва муттаҳидкунанда, фазои самимиро миёни иштирокчиён тақвият бахшида, аҳаммияти дастгирии синамои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиро боз ҳам равшантар намуд.
Дар анҷом иштирокчиён таассуроти гарму самимии худро аз филм баён дошта, онро як асари пурмазмун, тарбиявӣ ва таъсирбахш арзёбӣ карданд.