Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон
26.10.2024
Бо мақсади рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 "Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардид. Дар ин замина имрӯз дар Донишкада конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзуи «Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон» баргузор гардид. Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар конференсия ректори Донишкада, директорони филиалҳо, методистону мактабшиносон, тренерон, сардорони раёсату шуъба, мудирони бахшу кафедраҳо ва кормандону омӯзгорон иштирок намуданд.
Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода зимни сухани ифтитоҳи роҷеъ ба муҳиммияти мавзуи конференсия суханронӣ намуд.
Афзуд, ки баррасии мавзуи мазкур баҳри баланд бардоштани маҳорати рушди касбии омӯзгорон мусоидат намуда, дар амалинамоии ҳадафҳои солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф муҳим мебошад.
Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «...ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд».
Дар идомаи конференсия аз ҷониби методистону тренерон, ки тарҷрибаи кории зиёд дошта, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умуми фаъолият доранд ва соҳаи мазкурро дар амалия ва назария хуб медонанд, мавзуҳои зерин: «Мушкилоти донишандӯзии хонандагон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ ва роҳҳои бартарафсозии онҳо», «Нақши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон», «Мастер класс» шакли муосири раванди таълим, «Видеодарс-методи нав дар раванди таълим», «Усулҳои ташкили корҳои амалии хонагӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимӣ», «Нақши татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорони фанни география», «Ташаккули фарҳанги экологӣ – омили муҳими пешрафт ва рушди ҷомеа», «Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар рушди касбияти омӯзгорони фанни физика», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар амал», «Таҳқиқи таълими тафриқавӣ дар таҳқиқотҳои методӣ ва педагогӣ-психологӣ», «Роҳҳои гузаронидани корҳои лабораторӣ аз фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», «Роҳҳои ҳавасмандгардонии хонандагон ба омӯзиши амиқи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», «Стратегияҳои банақшагирии дарс ва нақши он дар рушди фанҳои табиӣ-риёзӣ», «Табиатшиносӣ кӯдаконро ба меҳнатдӯстӣ талқин мекунад», «Муаммои ташаккули асосҳои тарзи ҳаёти солим», «Масъалаи ташаккули омодагӣ ва ташаккули сифатҳои касбии омӯзгорӣ» ва «Тайёр намудани омӯзгори ояндаи математика дар асоси фардикунонии раванди таълим» ҳам дар қисмати асосӣ ва ҳам дар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хабарҳои дигар
-
59
26.10.2024 -
18
26.10.2024 -
10
25.10.2024