16.05.2025

16 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ифтитоҳии даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2024–2025 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Лутфия Абдулхолиқзода – муовини вазири маориф ва илм, кормандони вазорат, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарону устодони муассисаи мизбон, донишҷӯёни фаъол ва меҳмонони дигар иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи расмии олимпиада муовини вазири маориф ва илм иштирокчиёнро бо баргузории марҳилаи ниҳоӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки баргузории олимпиадаи мазкур ба хотири густариши донишҳои назариявӣ, муайянсозии истеъдодҳои ҷавон, тақвияти тафаккур ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён мусоидат менамояд: «Сол ба сол шумораи донишҷӯёни хоҳишманд ва сатҳи омодагии онҳо ба олимпиада меафзояд, ки ин гувоҳи пешрафти ҳаракати олимпӣ ва афзоиши завқи илмдӯстӣ дар байни ҷавонони кишвар мебошад», – зикр намуд муовини вазири маориф ва илм.
Дар идома гуфта шуд, имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии илму технология, баланд бардоштани сатҳи дониш ва қобилиятҳои забондонӣ дар миёни ҷавонон ба яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон имкони васеи рушд ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонии меҳнатро фароҳам меорад. Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Ин гуна олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ муҳити солими рақобатро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба вуҷуд оварда, онҳоро барои рушди шахсӣ, такмили маҳорати таҳлилӣ ва таҳким бахшидани малакаҳои касбӣ ҳавасманд мегардонанд. Чунин озмунҳо на танҳо сатҳи донишро меозмоянд, балки ҷиҳати дарёфти чеҳраҳои умедбахши илм ва афроди навовар барои ояндаи мамлакат замина фароҳам меоранд.
Дар идома Ҳикматулло Саидзода – сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм иштирокчиёнро бо тартиби баргузории олимпиада шинос намуда, ҷараёни иҷрои тестҳоро аз рӯйи муқаррароти махсус шарҳ дод.
Дар озмуни имсола 467 нафар донишҷӯ аз 44 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида, аз рӯйи ду бахш – илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисод ва технологияи иттилоотӣ сабқат менамоянд.
Санҷиши дониш тавассути имтиҳони тестӣ сурат гирифта, доварон сифати дониши хаттӣ ва тафаккури таҳлилӣ ва интиқодӣ-мантиқии донишҷӯёнро баҳогузорӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиада ду рӯз идома хоҳад ёфт ва натиҷаҳои он рӯзи 17 майи соли 2025 эълон карда мешавад.
Маркази матбуотии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон