10.07.2025

Имрӯз, 10 июли соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душабе, Озмуни “Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра” оғоз гардида, тули ду рӯз довталабон барои ба даст овардани аттестати аъло донишозмоӣ менамоянд.
Озмунро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ифитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳамияти озмуни мазкурро барои ҳавасмандгардонии хонандагон ба таҳсили амиқ ва дарёфти донишҳои замонавӣ таъкид намуд.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо ҷавонони мо дар беҳтарин шароит таҳсил намуда, барои таҳкими донишу маърифат, ташаккули ҷаҳонбинии худ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат омода мешаванд. Сарвари давлат ҳамеша таъкид медоранд, ки “Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидашудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург медонем. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имкониятҳои заруриро барои таълиму тарбияи ҷавонон ва ташаккули зеҳниву ҷисмонии онҳо фароҳам овардем ва ин равандро бомаром идома дода истодаем”.
Вазири маориф ва илм қайд кард, ки озмуни мазкур на танҳо сатҳи дониши хонандагонро муайян мекунад, балки онҳоро барои омӯзиши минбаъда ва расидан ба қуллаҳои баланди илм ташвиқ менамоянд. Мо итминон дорем, ки аз миёни ин довталабон олимону мутахассисони ояндаи кишвар ба камол мерасанд, ки дар рушди Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик (вобаста ба забони таълим), алгерба, геометрия, забони хориҷӣ (вобаста ба забони таълим), забони русӣ (ё забони давлатӣ), таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, география, технологияи иттилоотӣ, химия, биология ва физика санҷиши тестӣ месупоранд.
Довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқраи равияи ҷамъиятӣ-гумнитарӣ аз фанҳои забони модарӣ, адабиёт, забони хориҷӣ (вобаста ба забони таълим), забони русӣ (забони давлатӣ), таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ мавриди озмоиш қарор мегиранд. Довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ бошад аз рӯйи фанҳои алгебра, геометрия, химия, биология, география ва физика санҷиши тестӣ месупоранд.
Ғолибоне, ки сазовори аттестати аълои универсалӣ мегардаданд, метавонанд, тавассути “Тавсиянома”-и Вазорати маориф ва илм ба дилхоҳ ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шаванд. Ғолибоне, ки аттестати аълои равиявӣ ба даст меоранд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисос бо “Тавсиянома”-и Вазорати маориф ва илм тариқи суҳбат ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки хонандагоне соҳиби аттетсати аъло мегарданд, ки синфи 9-ро бо баҳои “5” (аъло) хатм намуда, соҳиби аттестати аъло гардидаанд ва дар синфҳои 10 ва 11 бо баҳои “5” таҳсил намуда, аттестатсияро низ бо баҳои аъло ҷамъбаст намуда бошанд. Бо ҳамин тартиб агар хонанда аз 2 фанни таълимӣ баҳои солонааш “4” бошад, метавонад, номзадии худро барои ба даст овардани аттестати аъло бо медали нуқра пешниҳод намояд.
Озмун санаи 13-уми июл ҷамъбаст гардида, ғолибон бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ карда мешаванд.