ОҒОЗИ СОЛИ ҶАДИД БО НЕРУИ ТОЗА

06.01.2025

Зери чунин унвон дар раёсати маориф оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи маориф ҷаласаи васеъ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Сафарзода Дилшод Ғанӣ ва муовини раиси вилоят, ҳамзамон сарпарасти соҳаи маориф, Асламшоева Нилуфар Давлатназаровна бо иштироки васеи ҳайати кормандон дар самти соҳаи  мазкур фаъолиятдошта доир гардид.

 

Нахуст, Мирзоқанд Аминҷон Бекназар - сардори раёсати маорифи ВМКБ аз ҳамкории судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи соҳа изҳори миннатдорӣ намуда, ҳисоботи соҳаи зикргардидаро зимни фаъолият дар соли 2024 ироа намуда, дастоварду мушкилотро давоми як сол ба таври мушаххас шарҳ дода, таъкид дошт, ки дар соли навбатӣ баҳри тақвият бахшидани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, омодагии комил ҷиҳати роҳандозии олимпиадаҳо ва озмунҳо, омода намудани мутахассисони педагогӣ, ба таври ҷиддӣ корбарӣ намудан дар омӯзиши фанҳои дақиқ, муҳайё намудани шароити мусоид барои омӯзгороне, ки дар деҳаҳои дурдаст фаъолият доранд, ҷиҳати ҳалли камбудиҳо  супоришҳои муҳлатнок дода шуд. 

 

Дар идомаи ҷаласа муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод Ғанӣ барои ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштани соҳаи маорифи ВМКБ изҳори сипос намуда, ҷиҳати корбарии ҳадафманд баҳри беҳбудии фаъолияти соҳа маслиҳатҳои судманд дод.

 

Ҳамзамон, муовини раиси вилоят , сарпарасти соҳа бо таассурот аз Паёми имсола, ки самти маориф сароғози тамоми пешрафтҳо арзёбӣ гардид, таъкид намуд, ки пешаи омӯзгорӣ масъулияти заҳматпазир буда, дар ҷодаи бунёди ҷомеаи рушдёфта, нақши бориз дорад ва дар соли навбатӣ барои баланд бардоштани нишондод ва омода намудани довталабон ҷиҳати ширкат варзидан дар олимпиадаҳо ва озмунҳо аз ҳозир чораҷӯӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад ва нақшаву барномаҳои нав рӯи кор оранд.

 

Хулласи калом, ҷаласа дар доираи такмили равнақи беҳбудӣ дар соҳаи маориф бо баррасии пешниҳодоти ҳадафманд анҷом пазируфт.

 

Котиби матбуот

  • ОҒОЗИ СОЛИ ҶАДИД БО НЕРУИ ТОЗА img
  • ОҒОЗИ СОЛИ ҶАДИД БО НЕРУИ ТОЗА img
  • ОҒОЗИ СОЛИ ҶАДИД БО НЕРУИ ТОЗА img
  • ОҒОЗИ СОЛИ ҶАДИД БО НЕРУИ ТОЗА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Рӯйхати адабиёти тавсияшаванда барои довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1. Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ: - хондани афсонаҳои халқи тоҷик, латифа ва аз ёд кардани порчаҳо аз осори манзуму мансури шифоҳӣ, латифаю зарбулмасал, мақолҳои халқӣ, чистонҳо;   - хондани ҳикояҳо аз «Гулистон», «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Таҳ­зиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ, порчаҳо аз осори манзуми шоирони барҷастаи классикӣ (Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Сайидои Насафӣ ва дигарон), аз ашъори манзуму мансури бачагонаи устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Пӯлод Толис, Ғаффор Мирзо, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Баҳром Фирӯз, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғойиб, Раҳмат Назрӣ, Насим Раҷаб, Ғанӣ Ҷӯразода, Юсуфҷон Аҳмадзода, Наримон Бақозода, Алӣ Бобоҷон, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Маҳмуд Диёрӣ, Мирсаид Миршакар, Шарифи Муҳаммадёр, Маҳбуба Неъматова, Убайд Раҷаб, Нуъмон Розиқ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Муродалӣ Собир, Абдусаттори Раҳмон, Салоҳиддини Садриддин, Азизи Азиз, Сайқал Самеъзода, Шодӣ Саттор, Болта Ортиқов, Ғаффоралӣ Сафар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршоҳ, Бобо Ҳоҷӣ, Акобир Шарифӣ, Ато Мирхоҷа, Гулчеҳра Муҳамма­диева, Латофат Кенҷаева ва дигарон;   2. Номинатсияи адабиёти классикӣ: - намунаҳои насри ривоятӣ аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абӯмуслимнома», «Доробнома» ва ғайра;   - осори насри классикӣ - «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ғайра;   - аз ёд кардани ашъори шоирон аз рӯйи жанр;   - на кам аз 100 ғазал аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абду­раҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер На­воӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Муш­фиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон;   - рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абуалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигарон;   - қасида - на кам аз 100 байт аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Анварии Абевардӣ, Абулҳа­сан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хусрав, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон;   - порча аз достон - на кам аз 150 байт аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон;   - дигар навъҳои шеърӣ - қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра - 100 байт.   3. Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик: - аз ёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ ва сурудҳои халқӣ аз эҷодиёти даҳонии халқ;   - осори насрии адибони муосир - ҳикояҳо, новеллаҳо, повестҳо, романҳо, намоишномаҳо, ёддоштҳо ва очеркҳои Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Пӯлод Толис, Баҳром Фирӯз, Ҷумъа Одина, Урун Кӯҳзод, Юсуф Акобиров, Сорбон, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Меҳмон Бахтӣ, Кароматуллои Мирзо, Гулрухсор, Иноят Насриддинов, Ато Ҳамдам, Бароти Абдураҳмон, Ҷонибеки Акобир, Шералӣ Мӯсо, Равшани Ёрмуҳаммад, Маъруф Бобоҷон, Бахтиёр Муртазо, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзодаи Афардӣ, Баҳманёр, Юнус Юсуфӣ, Муҳибуллои Қурбон, Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода), Марямбонуи Фарғонӣ, Мансур Сурӯш, Мирзо Насриддин, Диловари Мирзо, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Маҷид Салим, Равшани Махсумзод, Ато Мирхоҷа, Анвар Олим, Аброри Зоҳир, Сироҷиддин Икромӣ, Сайид Раҳмон, Мирзо Шукурзода, Муаззама, Мутеулло Наҷмиддинов, Додохони Эгамзод, Наҷмиддини Шоҳинбод, Баҳром Фирӯз, Искандари Ҳамроҳқул, Шодон Ҳаниф, Расул Ҳодизода, Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Ҳакималӣ Назаралӣ, Абдуғаффори Партав, Маҳкам Пӯлод, Айюб Кенҷа, Истад Қосимзода, Сироҷиддин Қосимзода, Раҷаб Мардон, Ғаффор Мирзо, Султон Мирзошоев, Мирсаид Миршакар, Абдурауф Муродӣ, Тоҳири Муҳаммадризо, Шералӣ Мӯсо, Бурҳон Ғанӣ, Муҳаммад Ғоиб, Карим Давлат, Абдусалом Деҳотӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Матлубаи Ёрмирзо, Исроил Иброҳим, Ҳабиб Имодӣ, Қулмуҳаммади Абдулҳусейн, Ҳилолиён Аскар, Самад Ғанӣ, Саидаҳмади Зардон, Шоҳназир Назиров, Назрулло Тиллозода, Султонмуроди Одина, Муҳаммадраҳими Сайдар, Аъзам Сидқӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Тоҷӣ Усмон, Баҳодур Файзулло, Ибод Файзулло, Неъматуллои Худойбахш, Шарифи Халил ва дигарон;   - асарҳои драмавӣ аз Абулқосим Лоҳутӣ, Ғанӣ Абдулло, Нурулло Абдуллоҳ, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Файзулло Ансорӣ, Абдусалом Атобоев, Тӯрахон Аҳмадхонов, Меҳмон Бахтӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ҷалол Икромӣ, Шамсӣ Қиём, Ҷумъа Қуддус, Фазлиддин Муҳаммадиев, Султон Сафар, Аъзам Сидқӣ, Мансур Сурӯш, Ҳоҷӣ Содиқ, Шодӣ Солеҳ, Нур Табаров, Ато Ҳамдам, Аминҷон Шукӯҳӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон;   - ашъори шоирони муосир - на кам аз 100 ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ ва порча аз достон аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҳайрат Шанбезода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Аминзода, Боқӣ Раҳимзода, Нодир Шанбезода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Файзулло Ансорӣ, Ғаффор Мирзо, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Мастон Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Жола Бадеъ, Абдулло Қодирии Мумтоз, Султон Шоҳзода, Ашӯр Сафар, Сайидалӣ Маъмур, Ширин Бунёд, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Салимшо Ҳалимшо, Саидҷон Ҳакимзода, Пиримқул Сатторӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Искандари Хатлонӣ, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғойиб, Мирзо Файзалӣ, Фарзона, Доро Наҷот, Назрӣ Яздонӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Ҷамолиддин Каримзода, Зиё Абдулло, Рустам Ваҳ­ҳобзода, Аҳмадҷони Раҳматзод, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Озарахш, Ато Мирхоҷа, Сиёвуш, Озар, Салими Зарафшонфар, Абдуҷаббори Суруш, Парда Ҳабиб, Давлат Сафар, Раънои Мубориз, Давлати Раҳмониён, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Муҳтарам Ҳотам, Сафар Амирхон, Назруллоҳи Азизиён, Одина Азимӣ, Нуқраи Суннатниё, Хайрандеш, Қувват Давлат, Олимхон Исматӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Гурез Сафар, Шаҳрия, Усмон Шарифзода, Адибаи Хуҷандӣ ва дигарон;   - дигар навъҳои шеърӣ - 100 байт аз шоирони муосири тоҷик;   4. Номинатсияи адабиёти ҷаҳон: - барои хонандагони синфҳои 1-4 аз осори манзум ва мансури адабиёти бачагонаи ҷаҳонӣ. Аз ҷумла:   - адибони рус: Александр Пушкин, Михаил Лермонтов, Иван Крилов, Иван Бунин, Александр Островский, Николай Гогол, Лев Толстой, Антон Чехов, Константин Ушинский, Алексей Толстой, Николай Носов, Иван Тургенев, Максим Горкий, Сергей Есенин, Виталий Бианки, Михаил Пришвин, Михаил Шолохов, Самуил Маршак, Валентин Катаев, Эдуард Успенский, Василий Шукшин, Сергей Михалков, Агния Барто, Аркадий Гайдар, Валентин Распутин, Расул Ғамзатов, Корней Чуковский, Виктор Драгунский, Валентина Осеева, Владимир Сутеев, Самуил Маршак, Константин Паустовский, Борис Житков, Андрей Усачёв ва дигарон;   - адибони шарқ: Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон) ва дигарон;   - адибони дигар: Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (Ӯзбекистон), Ғафур Ғулом (Ӯзбекистон), Абдулло Қодирӣ (Ӯзбекистон), Чингиз Айтматов (Қирғизистон), Рюноскэ Акутагава (Япония), Азиз Несин (Туркия), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нодар Думбадзе (Гурҷистон), Василий Гулеури (Гурҷистон), Ирма Маласидзе (Гурҷистон) Спиридон Вангели (Молдова), Эно Рауд (Эстония), Нино Накашидзе (Гурҷистон), Вайнилайтис Мартинас (Литва), Машётас Пранас (Литва), Тсао Вэнсюан (Чин), Худойбердӣ Тӯхтабоев (Ӯзбекистон), Азиза Ҷаъфарзода (Озарбойҷон), Хажак Гулназарян (Арманистон), Владимир Короленко (Украина), Сулаймон Сонӣ Охундзода (Озарбойҷон), Карл Фриш (Олмон), Марсел Эме (Франсия), Отфрид Пройслер (Олмон), Доналд Биссет (Англия), Даниел Дефо (Англия), Эдвард Лир (Англия), Виктор Гюго (Франсия), Ҳанс Кристиан Андерсен (Дания), Редярд Киплинг (Англия), Алан Милн (Англия), Ҷеймс Хэрриот (Англия), Ҷералд Даррелл (Англия), Клайв Люис (Ирландия), Фрэнсис Элиза Ходгстон Бернетт (Англия), Астрид Линдгрен (Шветсия), Александр Дюма (Франсия), Ги де Мопассан (Франсия), Артур Конан Дойл (Англия), Бародарон Грим (Олмон), Шарл Перро (Фаронса), Ҷанни Родари (Италия), Вилгелм Гауф (Олмон), Ҷонатан Свифт (Англия), Мария Тереса Андруэтто (Аргентина), Пйердоменико Баккаларио (Италия), Антуан де Сент-Экзюпери (Фаронса), Люис Кэрролл (Англия), Рудолф Эрих Распе (Олмон), Стивенсон Роберт (Шотландия), Селма Лагерлёф (Шветсия), Ҷон Бойн (Ирландия), Холли Вебб (Англия), Жаклин Вудсон (ИМА), Русе Лагеркранс (Шветсия), Чарлз де Линт (Канада), Свен Нурдквист (Шветсия), Ури Орлев (Исроил), Мария Парр (Норвегия), Филип Пулман (Англия), Улф Старк (Шветсия), Нахоко Уэхаси (Ҷопон), Тод Штрассер (ИМА), Ҷоан Кэтлин Роулинг (Англия), Ҷек Лондон (ИМА), Эрнест Сетон-Томпсон (Канада), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Марк Твен (ИМА), Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия), Ҷоэл Ҳаррис (ИМА), Кадоно Эйко (Ҷопон), Ло Ин (Чин), Чжан Юантсзе (Чин), Маҳдӣ Озари Яздӣ (Эрон), Муҳаммад Аслонӣ (Эрон), Хусрави Бобохонӣ (Эрон), Шукӯҳи Қосимниё (Эрон), Калаҳари Фиребо (Эрон), Кришан Чандар (Ҳиндустон), Бкишам Сахни (Ҳиндустон), Рамврикша Бенипури (Ҳиндустон), Файз Аҳмади Файз (Покистон), Алӣ Сардор Ҷафри (Ҳиндустон), Нақиб Маҳфуз (Миср), Иброҳим ал-Куни (Либия) ва дигарон.   - барои гурӯҳҳои дигар: - осори насрӣ ва аз бар кардани на кам аз 500 байт аз эҷодиёти адибони ҷаҳон. Аз ҷумла: - адабиёти рус дар бахши назм, наср ва драма - Александр Пушкин, Михаил Лермонтов; дар бахши масал - Иван Крилов, дар бахши назм, наср ва драма - Александр Грибоедов, Иван Бунин, Борис Пастернак, Александр Островский, Николай Гогол, Иван Тургенев, Фёдор Достоевский, Лев Толстой, Антон Чехов, Максим Горкий, Михаил Булгаков, Александр Блок, Владимир Маяковский, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Андрей Платонов, Владимир Набоков, Иосиф Бродский, Михаил Шолохов, Александр Солженитсин, Василий Шукшин, Валентин Распутин, Андрей Волос ва дигарон;   - адабиёти Украина, Беларус ва назди Балтика дар бахши назм, наср ва драма - Максим Танк, Эдуардас Межелайтис, Янка Купала, Тарас Шевченко, Леся Украинка, Якуб Колас, Юстинас Мартсинкявичюс, Олес Гончар, Йонас Авижюс, Юрий Ритхэу ва дигарон;   - адабиёти Осиёи Марказӣ (ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз) дар бахши назму наср ва драма - Абай, Алишер Навоӣ, Машраб, Увайсӣ, Нодира, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ғафур Ғулом, Эркин Воҳидов, Олжас Сулаймонов, Абдулло Орипов, Абдулло Қодирӣ, Мухтор Авезов, Чингиз Айтматов ва дигарон;   - адабиёти Қафқоз дар бахши назму наср ва драма - Шота Руставели, «Довуди Сосунӣ», Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Хачатур Абовян, Аветик Исаакян, Расул Ғамзатов, Отар Чиладзе, Самад Вурғун, Нодар Думбадзе, Грант Матевосян ва дигарон;   - адабиёти кишварҳои Амрико ва Канада дар бахши назм, наср ва драма - Филип Френо (ИМА), Генри Уодсворт Лонгфелло (ИМА), Уолт Уитмен (ИМА), Вашингтон Ирвинг (ИМА), Ҷеймс Фенимор Купер (ИМА), Эдгар Аллан По (ИМА), Марк Твен (ИМА), Теодор Драйзер (ИМА), Ҷек Лондон (ИМА), Фрэнсис Скотт Фитсҷералд (ИМА), Вилям Фолкнер (ИМА), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Ҷон Стейнбек (ИМА), Маргарет Митчелл (ИМА), Грэм Грин (ИМА), Джером Сэлинджер (ИМА), Рэй Брэдбери (ИМА), Курт Воннегут (ИМА), Харпер Ли (ИМА), Эдгар Лоуренс Доктороу (ИМА) Кормак Маккарти (ИМА), Кен Кизи (ИМА), Стивен Кинг (ИМА), Ҷонатан Франзен (ИМА), Маргарет Этвуд (Канада), Элис Манро (Канада) ва дигарон.   - адабиёти Амрикои Лотинӣ дар бахши назм, наср ва драма - Габриэла Мистрал (Чили), Пабло Неруда (Чили), Жоржи Амаду (Бразилия), Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия), Хорхе Луис Борхес (Аргентина), Мигел Астуриас (Гватемала), Марио Варгас Лйоса (Перу), Хулио Кортасар (Аргентина), Карлос Фуэнтес, Хуан Рулфо (Мексика) ва дигарон;   - адабиёти кишварҳои Аврупо дар бахши назм, наср ва драма - Ҳомер, Софокл, Эсхил, Аристофан (Юнони қадим), Апулей (Рими бостон), Данте (Италия), Федерико Гарсиа Лорка (Испания), Ҷованни Боккаччо (Италия), Ҷеймс Ҷойс (Ирландия), Вилям Шекспир (Англия), Лессинг, Гердер, Шиллер,Иоганн Волфганг фон Гёте (Олмон), Виктор Гюго (Франсия), Ромен Роллан (Франсия), Франсуа Рабле (Франсия), Жан Расин, Молйер, Лафонтен, Волтер, Монтескё, Жан-Жак Руссо, Бомарше (Франсия), Калдерон (Испания), Голдони, Готси (Италия), Мигел Сервантес (Испания), Даниел Дефо (Англия), Валтер Скотт (Шотландия), Фредерик Стендал (Франсия), Ҷорҷ Байрон (Англия), Оноре де Балзак (Франсия), Александр Дюма (Франсия), Жорж Санд (Франсия), Ҳанс Кристиан Андерсен (Дания), Вилям Теккерей (Англия), Чарлз Диккенс (Англия), Гюстав Флобер (Франсия), Жюл Верн (Франсия), Эмил Золя (Франсия), Анатол Франс (Франсия), Ги де Мопассан (Франсия), Ҷорҷ Бернард Шоу (Англия), Артур Конан Дойл (Англия), Этел Лилиан Войнич (Англия), Редярд Киплинг (Англия), Марсел Пруст (Франсия), Вирҷиния Вулф (Англия), Франс Кафка (Австрия), Грэм Грин (Англия), Албер Камю (Франсия), Дэвид Митчелл (Англия), Ҷоан Роулинг (Англия), Генрик Ибсен (Норвегия), Шарлотта Бронте (Англия), Эмили Бронте (Англия), Генрик Сенкевич (Литва-Лаҳистон), Морис Метерлинк (Нидерланд), Бернард Шоу (Англия), Томас Манн (Олмон), Герман Гессе (Олмон), Жан Пол Сартр (Франсия), Сэмюэл Беккет (Ирландия), Шарл де Костер (Белгия), Ярослав Гашек (Чехия), Уилям Голдинг (Англия), Кнут Гамсун (Норвегия), Лион Фейхтвангер (Олмон), Алберто Моравиа (Италия), Люис Кэрролл (Англия), Рафаэлло Ҷованолли (Италия), Болеслав Прус (Лаҳистон), Генрих Гейне (Олмон), Бертолт Брехт (Олмон), Томас Манн (Олмон), Герман Гессе (Олмон), Сомерсет Моэм (Англия), Ярослав Гашек (Чехия), Кадзуо Исигуро (Япония-Англия), Меша Селимович (Сербия-Босния-Герсеговина), Жозе Сарамаго (Португалия), Олдос Хаксли (Англия), Эрих Мария Ремарк (Олмон), Эрнст Теодор Амадей Гофман (Олмон), Антуан де Сент-Экзюпери (Франсия), Ҷорҷ Оруэлл (Англия) ва дигарон;   - адибони Эрону Афғонистон, Ҳиндус­тон ва Покистон дар бахши назм, наср ва драма - Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нимо Юшиҷ (Эрон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Парвини Эътисомӣ (Эрон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Зиё Қоризода (Афғонистон), Аҳмади Шомлу (Эрон), Суҳроби Сипеҳрӣ (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Нусрати Раҳмонӣ (Эрон), Восифи Бохтарӣ (Афғонистон), дар бахши наср - Муртазо Мушфиқ Козимӣ (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Бузург Алавӣ (Эрон), Симин Донишвар (Эрон), Ҳушанг Гулширӣ (Эрон), Маҳмуди Давлатободӣ (Эрон), Аббос Маъруфӣ (Эрон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон), Урҳон Помук (Туркия), Азиз Несин (Туркия) ва дигарон;   - адабиёти Осиё ва кишварҳои арабӣ дар бахши назм, наср ва драма - Рюноскэ Акутагава (Япония), Кобо Абэ (Япония), Лу Син (Чин), Мо Ян (Чин), Ҷуброн Халил Ҷуброн (Лубнон), Нақиб Маҳфуз (Ҷумҳурии Мисри Араб), Азиз Несин (Туркия), Иброҳим Ал-Куни (Лубнон), Маҳмуд Саид (Ироқ), Муҳаммад Зифзоф (Марокаш) ва дигарон.

    42

    08.01.2025
  •  img
    ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:   1. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.   2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 8 январи соли 2025 №911

    27

    08.01.2025
  •  img
    БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ДАР СОЛИ 2024 Имрӯз (08.01.2025) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба натиҷаи фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.   Дар ҷаласа меҳмонон – сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л., инчунин, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода, муовинони ректор ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ иштирок доштанд.   Ҷаласаи васеи Шурои олимон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.   Дар зимн ректори Донишгоҳ оид ба фаъолияти сохторҳои марбутаи Донишгоҳ ба таври муфассал ҳисобот доданд. Мавсуф натиҷаҳои бадастомадаро дар соли 2024 дар маҷмуъ барои ДМТ хуб арзёбӣ намуд. Изҳор дошт, ки соли 2024 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли хотирмон ба ҳисоб меравад. Зеро муҳимтарин дастоварди давраи ҳисоботӣ барои Донишгоҳ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20-уми июни соли 2024 мебошад, ки лоиҳаи он ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Қонуни мазкур минбаъд дар рушду пешрафти Донишгоҳ, тақвияту ташаккули самтҳои таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, молиявию хоҷагидории Донишгоҳ, ба талаботи ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани стандарт ва нақшаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва саҳми бориз гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад.   Зимнан ректори Донишгоҳ таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешоҳанги таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ пеш мебарад ва давра ба давра бо дастовардҳои назаррас шарафёб мегардад.   Дар робита ба ҳисоботи ректори Донишгоҳ декани факултети иқтисод ва идора, д.и.и., профессор Раҳимзода Ҳ.Р. ва мудири кафедраи матбуоти факултети журналистика, н.и.ф., дотсент Усмонова Н.К. мулоҳизаронӣ намуда, ҳисоботи роҳбарияти Донишгоҳро мусбат арзёбӣ карданд.   Ҳамзамон, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти пешбурди сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар суханронӣ намуда, доир ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, нашри мақолаҳои илмии бунёдӣ, андешидани тадбирҳо дар самти амалӣ гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Тоҷикистон пешниҳодҳо намуд.   Дар интиҳо ректори Донишгоҳ бо арзи сипос ва миннатдорӣ ба меҳмонон ва кулли устодону кормандони ДМТ дар соли 2025 муваффақият ва комёбиҳо таманно намуд. Зимнан таъкид гардид, ки раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат бештару беҳтар саҳмгузор бошанд.   Ёдрас мешавем, ки дар анҷоми ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 қарори дахлдор қабул гардид.

    24

    08.01.2025