17.07.2026

 img

Дар доираи омодагӣ ба соли нави таҳсили 2026-2027 дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таъмиру навсозӣ бо маром идома доранд.

 

Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№5, 6, 7, 8, 9, 10, 75, 76, 77, 79, 114, 115, 130 ва 131-и ҷамоати деҳоти Чоргултеппа то имрӯз беш аз 70 фоизи корҳои таъмири дохилии биноҳо ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон, корҳои таъмири берунии муассисаҳо ва ободонӣ ҳоло идома доранд.

 

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, то 1 августи соли ҷорӣ ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бояд ба соли нави таҳсил пурра омода гардида, барои қабули хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

 

Қобили зикр аст, ки омодасозии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои таъмини муҳити муносиби таълим ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи маориф мусоидат менамояд.

  • ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ИДОМА ДОРАД img
  • ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ИДОМА ДОРАД img
  • ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ИДОМА ДОРАД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАВРАИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ ВИЛОЯТИ СУҒД Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давраи солимгардонии кӯдакон мутобиқ ба реҷаи тобистона ба таври муташаккилона идома дорад.   Дар доираи ин давра барои таҳкими саломатӣ ва ташкили истироҳати кӯдакон машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, оббозӣ дар ҳавзҳо, бозиҳои шавқовар, расмкашӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар фаъолиятҳои инкишофдиҳанда баргузор мегарданд.   Ҳамзамон, ба таъмини муҳити бехатар, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва ташкили ғизои босифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, раванди давраи солимгардонӣ таҳти назорати доимии Раёсати маорифи вилояти Суғд қарор дорад.

    20

    17.07.2026
  •  img
    ДАВРАИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Дар муассисаҳои таълимии томактабии №4, №5, №8, №12, №15, №17, №40, №41, №45, №59, №78, №110, №121 ва №149-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ давраи солимгардонии кӯдакон мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии соҳаи маориф ва реҷаи тобистона ба таври муташаккилона ҷараён дорад.   Бо мақсади таҳкими саломатии кӯдакон, ташкили истироҳат ва фароғати шавқовар дар муассисаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, оббозӣ дар ҳавзҳо, бозиҳо, расмкашӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар фаъолиятҳои инкишофдиҳанда мунтазам баргузор мегарданд.   Ҳамзамон, таъмини муҳити бехатар, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва ташкили ғизои босифату серғизо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои томактабӣ дар давраи солимгардонӣ ба ҳисоб мераванд.   Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати ташкили босифати давраи солимгардонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, раванди мазкурро зери назорати доимӣ қарор додааст.

    43

    16.07.2026
  •  img
    ДАСТОВАРДИ НАВИ МАОРИФИ ТОҶИК: МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР IPhO 2026 Аз 4 то 12-уми июл дар шаҳри Букарамангаи Колимбиа сабқати бузурги илмӣ – Олимпиадаи байналмилалии физика-2026 (IPhO-2026) баргузор гардид. IPhO-2026 бештар аз 1000 нафар иштирокдор ва 400 нафар довталабро аз +90 кишвари ҷаҳон бо ҳам оварда, майдони фарохеро барои дӯстдорони илми физика боз намудааст.    Дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ҳайати зерин:   •  Мамуров Муҳаммадёсин;   •  Қодиров Аъзам;   •  Амиров Муҳаммадамин;   •  Маюсупов Хусрав;   •  Одинаев Рамзиддин бо роҳбарии Ҷамшеди Рустам ва Далер Пиров дар Олимпиада ширкат варзиданд.   Боиси хушнудист, ки хонандаи синфи 11-и Литсей интернати тоҷикӣ-русӣ ба номи «Ҳотам ва П.В.»-и шаҳри Душанбе Мамуров Муҳаммадёсин, дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика (IPhO 2026) сазовори медали биринҷӣ гардид.   Олимпиадаи мазкур соли 1967 ташкил ёфта, пас аз он ҳамасола бо ҳадафи дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои физикдон аз саросари ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф баргузор карда мешавад. Довталабон дар ду бахш – амалӣ ва назариявӣ донишҳои худро санҷида, аз ҷониби беҳтарин мутахассисон баҳогузорӣ карда мешаванд. Қобили қайд аст, ки ҳайати Кумитаи тадорукотро ҷоизадорони ҷоизаи Нобел дар бахши физика - Серж Арош, Алберт Ферт, Анна Л'Юйе, Пйер Агостини, Ален Аспект ва Жерар Муру ҳамроҳӣ менамоянд, ки нуфузи Олимпиадаро боз ҳам баландтар мебардорад.

    41

    15.07.2026