15.05.2026

 img

Дар зиндагии ҳар як инсон шахсиятҳое ҳастанд, ки номи онҳо то охири умр дар ёд мемонад. Яке аз чунин шахсиятҳои муқаддас омӯзгор аст. Омӯзгор на танҳо ба мо хондану навиштанро меомӯзонад, балки роҳи дурусти зиндагӣ, ахлоқи ҳамида, муҳаббат ба Ватан, эҳтироми инсон ва маънои ҳақиқии зиндагиро дар қалби мо ҷой мекунад. Агар падару модар ба инсон ҳаёт бахшанд, омӯзгор ба он ҳаёт маънӣ ва равшанӣ мебахшад.

 

Маҳз омӯзгор аст, ки аз кӯдаки хурдсол инсони соҳибмаърифат, соҳибкасб ва ватандӯстро ба воя мерасонад.

 

Ҳар яки мо рӯзе кӯдаки хурд будем. Бори аввал бо ҳаяҷон ва орзуҳои кӯдакона ба остонаи мактаб қадам гузоштем. Дар он лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда муаллимаи аввалини мо дасти моро гирифта, ба ҷаҳони илму дониш роҳнамоӣ мекард. Ӯ аввалин шахсе буд, ки ҳарфҳои алифборо ба мо омӯзонд, қалам ба дастамон дод ва роҳи маърифатро нишон дод. Муаллимаи аввалин танҳо омӯзгор набуд, балки мисли модари дуюм бо меҳрубонӣ моро тарбия мекард. Ӯ ба мо на танҳо хондану навиштан, балки ростқавлӣ, эҳтиром ба калонсолон, дӯст доштани падару модар, поквиҷдонӣ ва одоби инсонӣ меомӯзонд.

 

Дар ҳақиқат, омӯзгор танҳо дарс намегӯяд, балки инсон месозад. Ҳар як фанне, ки омӯзгор ба шогирдон таълим медиҳад, дар ояндаи онҳо нақши бузург мебозад. Масалан, омӯзгори химия ба шогирдон асрори табиат ва таркиби моддаҳоро меомӯзонад. Шояд имрӯз кӯдак танҳо формулаи химиявиро аз ёд кунад, аммо фардо ҳамин дониш ӯро ба табиби машҳур, дорусоз, муҳандиси химия ё олими бузург табдил медиҳад.

 

Омӯзгори физика бошад, ба шогирдон қонунҳои табиат, ҳаракат, нерӯ ва кашфиёти илмиро мефаҳмонад. Маҳз ҳамин донишҳо дар оянда муҳандисон, ихтироъкорон, кайҳоннавардон ва мутахассисони баландпояро ба камол мерасонанд. Агар имрӯз ҷаҳон ба техника ва технологияҳои пешрафта расида бошад, пас дар паси ҳар як ихтироъ заҳмати омӯзгор низ нуҳуфтааст.

 

Фанни алгебра ва геометрия танҳо рақаму ҳисоб нест, балки мактаби тафаккури мантиқӣ мебошад. Омӯзгори математика ба шогирдон сабр, диққат ва тарзи дуруст фикр карданро меомӯзонад. Маҳз ҳамин фанҳо заминаи рушди иқтисод, сохтмон, муҳандисӣ ва технология мебошанд. Ҳар як муҳандисе, ки имрӯз биноҳои баланд месозад ё иқтисоддоне, ки иқтисоди давлатро пеш мебарад, рӯзе назди омӯзгори математика нишаста буд.

 

Омӯзгорони забон ва адабиёт бошанд, ба шогирдон фарҳанг, суханварӣ ва маънавиятро меомӯзонанд. Забон ойинаи миллат аст. Омӯзгорони ин фан муҳаббат ба Ватан, забони модарӣ ва арзишҳои миллиро дар қалби хонандагон ҷой мекунанд. Онҳо ба шогирдон мефаҳмонанд, ки сухани нек инсонро соҳибэҳтиром мегардонад. Бо шарофати чунин омӯзгорон имрӯз шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва суханварони маъруф ба ҷомеа хизмат мекунанд.

 

Нақши омӯзгорони забонҳои хориҷӣ низ бисёр бузург аст. Дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ калиди муваффақият мебошад. Омӯзгорони ин фан ба шогирдон имконият медиҳанд, ки бо ҷаҳон ҳамқадам бошанд, илм омӯзанд ва бо дигар миллатҳо робита барқарор намоянд. Шояд кӯдаке, ки имрӯз алифбои англисиро меомӯзад, фардо дипломати сатҳи байналмилалӣ, тарҷумони машҳур ё донишманди ҷаҳонгарди тоҷик гардад.

 

Омӯзгорони ҳуқуқ ба шогирдон адолат, қонун ва масъулияти шаҳрвандиро меомӯзонанд. Бо шарофати онҳо ҷавонон дарк мекунанд, ки ҳуқуқу уҳдадории инсон чист ва чӣ гуна бояд ҷомеаи солимро бунёд намуд. Маҳз аз ҳамин фан ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни адолат ба камол мерасанд.

 

Фанни таърих низ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон нақши бузург дорад. Омӯзгори таърих ба шогирдон гузаштаи миллат, қаҳрамониҳои аҷдодон ва арзиши истиқлолиятро меомӯзонад. Кӯдак тавассути таърих мефаҳмад, ки миллати тоҷик чӣ гуна роҳи пурифтихорро тай намудааст. Омӯзгори таърих ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар қалби шогирдон бедор месозад.

 

Омӯзгорони биология ба хонандагон асрори зиндагии инсон, наботот ва ҳайвонотро мефаҳмонанд. Бо шарофати ин фан дар оянда табибон, олимон ва ҳомиёни табиат ба камол мерасанд. Ҳар касе, ки имрӯз барои ҳифзи муҳити зист ва саломатии инсон талош мекунад, замоне аз омӯзгори биология сабақ гирифтааст.

 

Дар асри XXI нақши омӯзгорони технология ва информатика боз ҳам муҳимтар гардидааст. Онҳо ба шогирдон истифодаи дурусти компютер, технологияҳои муосир ва имкониятҳои ҷаҳони рақамиро меомӯзонанд. Бо заҳмати чунин омӯзгорон барномасозон, муҳандисони компютерӣ ва мутахассисони соҳаи технология ба камол мерасанд.

 

Омӯзгорон танҳо дар синфхона фаъолият намекунанд. Онҳо шабу рӯз барои омода кардани дарсҳо, санҷидани дафтарҳо ва тарбияи шогирдон заҳмат мекашанд. Бисёр вақт омӯзгор ғами ҳар як хонандаро мисли фарзанди худ мехӯрад. Агар шогирде аз роҳи дуруст дур шавад, аввалин нафаре, ки барои ислоҳи ӯ кӯшиш мекунад, омӯзгор аст.

 

Омӯзгор соҳиби қалби бузург аст. Ӯ бо сабру таҳаммул ба ҳар як шогирд муносибат мекунад, истеъдоди онҳоро кашф менамояд ва барои дурахшон шудани ояндаи онҳо талош мекунад. Шояд баъзе шогирдон баъди солҳои зиёд ба қуллаҳои баланд расанд, аммо дар пушти ҳар як муваффақияти онҳо заҳмати омӯзгор меистад.

 

Албатта, дар таълиму тарбияи фарзанд нақши падару модар низ бисёр муҳим мебошад. Вақте ки омӯзгор ва волидайн бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд, фарзанд боодоб, соҳибилм ва хушахлоқ ба воя мерасад. Волидайне, ки ба омӯзгор эҳтиром мегузоранд ва дар таълиму тарбияи фарзанд саҳм мегиранд, барои ояндаи фарзанди худ заминаи мустаҳкам мегузоранд. Зеро тарбияи фарзанд танҳо вазифаи мактаб нест, балки ҳамкории оила ва омӯзгор мебошад.

 

Дар оила кӯдак аввалин дарсҳои ахлоқро меомӯзад. Агар падару модар худ намунаи хуби рафтор бошанд, фарзанд низ боодоб ва нексиришт ба воя мерасад. Кӯдак ҳар сухан ва ҳар амали калонсолонро мушоҳида мекунад. Аз ҳамин сабаб, волидайн бояд дар назди фарзанд муҳити орому солим фароҳам оваранд ва ӯро ба роҳи рост ҳидоят кунанд.

 

Хушбахтона, имрӯз бисёр падару модарон ҳастанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд тамоми шароити мусоидро муҳайё намудаанд. Онҳо бо омӯзгорон ҳамкории доимӣ дошта, ба ҳар як пешравӣ ва камбудии фарзанд беэътино нестанд. Чунин волидайн хуб дарк мекунанд, ки муваффақияти фарзанд аз ҳамкории оила ва мактаб вобаста аст.

 

Имрӯз ҳар касе, ки ба мардум хизмат мекунад, маҳсули меҳнати омӯзгор аст. Ҳар як духтуре, ки ҷони инсонро наҷот медиҳад, ҳар як муҳандисе, ки роҳу пул месозад, ҳар як ҳуқуқшиносе, ки адолатро ҳимоя мекунад, ҳар як иқтисоддоне, ки барои пешрафти давлат хизмат менамояд ҳамаашон рӯзе назди омӯзгор нишаста, аз ӯ дарс гирифтаанд.

 

Омӯзгор шамъест, ки худ месӯзаду ба дигарон нур мебахшад. Ӯ барои дурахшон шудани ояндаи миллат заҳмат мекашад. Агар омӯзгор набошад, ҷомеа бесавод ва миллат бенур мегардад. Аз ҳамин хотир, эҳтироми омӯзгор эҳтироми илм, маърифат ва ояндаи миллат мебошад.

 

Пас, биёед ҳамеша омӯзгоронро қадр намоем, заҳматҳои онҳоро эҳтиром кунем ва ба онҳо арҷ гузорем. Бигзор ҳар як падару модар дарк намояд, ки омӯзгор танҳо омӯзандаи фан нест, балки тарбиятгари насли ояндасоз аст. Ҳамкории самимии оила ва мактаб метавонад ҷомеаи солим, миллате босавод ва давлате пешрафтаро ба вуҷуд оварад.

 

Пешрафти ҳар давлат аз мактаб оғоз меёбад ва рӯшноии ҳар мактаб аз нури қалби омӯзгор аст. То даме ки омӯзгор бо муҳаббат ба фарзандони миллат дониш меомӯзонад, ояндаи давлат равшан, ҷомеа обод ва миллат сарбаланд хоҳад монд.

 

Заҳмати омӯзгорро бо ҳеҷ ганҷе чен кардан мумкин нест, зеро самараи меҳнати ӯ инсон аст ва омӯзгор офарандаи на танҳо як шахс, балки офарандаи ояндаи тамоми миллат мебошад.

 

Беҳруз АМИРУЛОЗОДА,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

  • ОМӮЗГОР ЧАРОҒИ РОҲИ ЗИНДАГӢ ВА ОФАРАНДАИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МИРЗО ТУРСУНЗОДА - ШОИРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ: ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода имрӯз (15.05.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултети филология конфересияи байналмилалии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – Қаҳрамони Тоҷикистон ва арҷгузории Пешвои миллат ба хидматҳои шоир» доир гардид.   Дар кори конференсия нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ҳозиринро бо ин рӯзи фараҳбахш – 115 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода самимона табрик намуда, иброз дошт, ки «меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин - дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд».   Сипас доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ, академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода марӯза намуда, зикр намуд, ки «тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст».   Дар конфронс намояндаи раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муъминзода Некрӯз, маърӯза намуда, иброз дошт, ки Мирзо Турсунзода вассофи сулҳу дӯстӣ буда, бо эҷодиёти гаронарзишаш дар рушду нумуи адабиёти муосири тоҷик ва муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён, саҳми бузург гузоштааст.   Ҳамзамон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷик Ҳафиз Раҳмон, маърӯза намуда, иброз дошт, ки «устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст».   Зимнан, Фирӯза Турсунзода - духтари шоири маҳбуби миллат Мирзо Турсунзода, аз саҳми арзандаи падари хеш дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуда, иброз дошт: «Дар забони падарам ҳамеша се мафҳуми муқаддас - Ватан, адабиёт ва сулҳу дӯстии байни халқҳо ҷой дошт».   Таъкид гардид, ки осори пурғановати адиб, бахусус шеърҳои саршор аз ҳисси ватандӯстӣ ва ғояҳои инсондӯстона, то имрӯз дар қалби хонандагон мақоми вижа дошта, дар тарбияи маънавию ахлоқии насли ҷавон нақши муассир мегузорад.   Дар конфересияи байналмилалии илмию амалӣ намояндагони сафоратҳои Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.   Дар охири конференсия чанде аз донишҷӯёни факултетҳои филология аз ашори гаронбаҳои устод Турсунзода шеърҳои маҳбубу машҳури ӯро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, ироа намуданд.

    11

    15.05.2026
  •  img
    ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ (дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 11–14 майи соли 2026)   Дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ равобити дуҷонибаи давлатҳо танҳо бо мубодилаи сиёсӣ маҳдуд намешавад. Он ба маҷмӯи васеи робитаҳои иқтисодӣ, технологӣ, илмӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва гуманитарӣ такя мекунад. Аз ин нуктаи назар, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин намунаи равшани шарикии стратегӣ дар фазои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии мутавозин, бисёрсамта ва прагматикиро пеш мебарад. Яке аз самтҳои асосии ин сиёсат густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони калидии иқтисодию сиёсӣ мебошад. Чин дар ин низом мавқеи махсус дорад, зеро ин давлат ҳамсояи мустақими Тоҷикистон, яке аз марказҳои муҳимми иқтисоди ҷаҳонӣ ва шарики фаъол дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва технологӣ мебошад.   Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 11 то 14 майи соли 2026 аз лиҳози мазмун, натиҷа ва дурнамои ҳамкорӣ аҳаммияти хос касб намуд. Дар ҷараёни он мулоқотҳои сатҳи олӣ, музокироти сиёсӣ, вохӯриҳо бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи чинӣ, чорабиниҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баргузор гардиданд. Имзои бастаҳои нави санадҳои ҳамкорӣ нишон дод, ки муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи нави татбиқи амалии шарикии стратегӣ ворид шудаанд.   Ҷанбаҳои ҳамгироии иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва Чинро масъалаҳои зерин баррасӣ фаро мегирад: заминаҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳамкорӣ; самтҳои асосии иқтисодию сармоягузорӣ; нақши илму маориф ва технология; аҳаммияти санадҳои имзошуда; дурнамои таъсири онҳо ба рушди Тоҷикистон ва минтақа.   Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар давраи соҳибистиқлолӣ тадриҷан аз сатҳи ҳамкории ҳамсоягӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд. Ин раванд дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, манфиати мутақобила ва дастгирии рушди устувор ташаккул ёфт. Барои Тоҷикистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ҳамкорӣ бо Чин омили муҳимми таҳкими суботи иқтисодӣ, амнияти инфрасохторӣ ва тавсеаи имкониятҳои транзитӣ мебошад.   Сафари давлатии мазкур дар ҳамин замина сурат гирифт. Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба тадбиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории нек, дӯстии абадӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат аҳаммияти махсус доранд. Ин санадҳо ба ҳамкориҳои ду кишвар на танҳо ҳамкории сиёсӣ, балки заминаи устувори ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ медиҳанд.   Ба андешаи коршиносон, чунин санадҳо вазифаи танзимкунандаи муносибатҳои дуҷонибаро иҷро мекунанд. Онҳо афзалиятҳои ҳамкориро муайян месозанд, масъулияти ниҳодҳои давлатӣ ва иқтисодиро мушаххас менамоянд ва барои табдили иродаи сиёсӣ ба барномаҳои амалии рушд замина мегузоранд. Аз ин рӯ, сафари давлатӣ бояд ҳамчун рӯйдоди бисёрсатҳа таҳлил гардад: сиёсӣ, иқтисодӣ, технологӣ, гуманитарӣ ва геоиқтисодӣ.   Меҳвари асосии сафари давлатӣ масъалаи ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоя буд. Дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои чинӣ таъкид гардид, ки сармояи Чин дар иқтисоди Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад. Тибқи маълумоти ироашуда дар ҷараёни мулоқот, соли гузашта ба иқтисоди миллии Тоҷикистон қариб 7 миллиард доллари америкоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, ҳудуди 900 миллион доллар ё 12,5 фоизи он ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рост меояд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият мекунанд.   Ин нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки Чин яке аз сарчашмаҳои муҳимми сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад, аммо аҳаммияти ҳамкорӣ танҳо дар ҳаҷми сармоя ифода намеёбад. Муҳим он аст, ки самтҳои сармоягузорӣ ба ниёзҳои стратегии иқтисоди миллӣ мутобиқат мекунанд: энергетика, саноат, роҳсозӣ, нақлиёт, истихроҷ ва коркарди маъдан, технологияҳои рақамӣ, кишоварзӣ, содирот ва инфрасохтори сарҳадӣ.   Имзои беш аз 50 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чин, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, метавонад ба фаъолшавии бахши истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши содирот ва беҳтар шудани иқтидори инфрасохтории кишвар мусоидат намояд. Аз нигоҳи сиёсати иқтисодӣ, чунин ҳамкорӣ бояд бо се меъёр арзёбӣ шавад: самаранокии иқтисодӣ, таъсири иҷтимоӣ ва мутобиқат ба манфиатҳои дарозмуддати миллӣ.   Дар ин раванд зарур аст, ки лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо афзалияти таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, интиқоли технология, омода намудани кадрҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани арзиши иловашуда амалӣ шаванд. Танҳо дар ин сурат ҳамгироии иқтисодӣ аз шакли соддаи ҷалби сармоя ба марҳалаи рушди истеҳсолоти миллӣ ва рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон мегузарад.   Яке аз хусусиятҳои муҳимми сафари давлатӣ таваҷҷуҳи махсус ба иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои нав буд. Баргузории Форуми технологияҳои иттилоотӣ таҳти унвони «Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистону Чин» нишон дод, ки ҳамкорӣ дар асри XXI ба инфрасохтори рақамӣ, платформаҳои электронӣ, савдои онлайн, эътимоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ пайванди мустақим дорад.   Ёддоштҳои тафоҳум оид ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин – Тоҷикистон, таҳкими эътимоди рақамӣ дар соҳаи тиҷорат ва густариши ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи санадҳое мебошанд, ки мазмуни навини шарикии ду кишварро ифода мекунанд. Ин санадҳо метавонанд барои ворид намудани технологияҳои пешрафта ба идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ замина фароҳам оваранд.   Аз нигоҳи сиёсати давлатӣ, иқтисоди рақамӣ танҳо маҷмӯи воситаҳои техникӣ нест. Он тағйири модели идоракунӣ, муносибати нав ба маълумот, баланд бардоштани шаффофияти равандҳои иқтисодӣ ва рушди салоҳиятҳои нави касбиро талаб мекунад. Бинобар ин, ҳамкории Тоҷикистону Чин дар ин самт бояд бо омодасозии мутахассисон, ҳифзи амнияти иттилоотӣ, ташаккули қонунгузории мутобиқ ва дастгирии соҳибкории инноватсионӣ ҳамоҳанг карда шавад.   Дар шароити рақобати ҷаҳонӣ давлатҳое муваффақ мешаванд, ки технологияи навро ба манфиати рушди инсонӣ ва иқтисоди миллӣ истифода мебаранд. Барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва тиҷорати рақамӣ имкони муҳим барои гузаштан аз модели ашёи хом ба модели иқтисоди донишбунёд мебошад.   Дар сафари давлатӣ самти илму маориф ва робитаҳои фарҳангӣ ҷойгоҳи муҳим дошт. Дидор аз Донишгоҳи Пекин ва мулоқот бо донишҷӯён нишон дод, ки рушди сармояи инсонӣ дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои асосӣ мебошад. Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аҳаммияти илмомӯзӣ барои ҷавонон паёми равшани тарбиявӣ ва маърифатӣ доштанд.   Ҳамкории маориф миёни Тоҷикистону Чин солҳои охир густариш ёфтааст. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар ҷараёни сафар, ҳоло қариб шаш ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Чин таҳсил мекунанд ва дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм намудаанд. Ин нишондиҳандаҳо аз ташаккули шабакаи нави кадрҳои дорои таҷрибаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.   Робитаҳои илмӣ низ мазмуни васеъ пайдо мекунанд. Пешниҳодҳои марбут ба таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об, таърих, бостоншиносӣ ва мероси фарҳангӣ барои Тоҷикистон аҳаммияти калон доранд, зеро 93 фоизи ҳудуди кишвар кӯҳсор буда, масъалаҳои об, пиряхҳо, маъданҳо ва муҳити зист ба амнияти миллӣ ва рушди устувор пайваст мебошанд.   Дипломатияи гуманитарӣ дар чунин шароит вазифаи иловагӣ иҷро мекунад: он эътимод, фаҳмиши мутақобил ва робитаҳои байниҷамъиятиро тақвият медиҳад. Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026–2029, ҳамкорӣ бо муассисаҳои иттилоотӣ, рушди Институти Конфутсий ва таъсиси марказҳои омӯзиши таҷрибаи модернизатсияи Чин ба тавсеаи робитаҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунанд.   Дар доираи сафари давлатӣ маҷмӯи васеи санадҳо ба имзо расиданд. Онҳоро аз рӯйи мазмун ба чанд гурӯҳи асосӣ ҷудо намудан мумкин аст: – санадҳои сиёсӣ ва дипломатӣ: изҳороти муштарак, аҳднома оид ба ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ; – санадҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ: ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, содирот, молияи давлатӣ, маъданҳои “сабз”, рушди захираҳои инсонӣ ва таъсиси Шурои корӣ; – санадҳои технологӣ ва инноватсионӣ: зеҳни сунъӣ, эътимоди рақамӣ, ҳамкории илмӣ-техникӣ ва метрология; – санадҳои инфрасохторӣ: таҷдиди гузаргоҳи сарҳадии Кулма, таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, меъморӣ ва сохтмон; – санадҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ: таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзӣ, содироти меваҳои донакдор ва маҳсулоти паранда; – санадҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ ва сайёҳӣ: ҳамкорӣ миёни вазоратҳои фарҳанг, расонаҳо, агентии “Ховар”, Синхуа ва сохторҳои соҳаи сайёҳӣ. Ин гурӯҳбандӣ нишон медиҳад, ки сафари давлатӣ дорои хусусияти маҷмӯӣ буд. Яъне ҳамкорӣ танҳо ба як бахши иқтисод маҳдуд нашуда, тамоми самтҳои асосии рушди миллӣ ва робитаҳои байналмилалиро фаро гирифт. Аз нигоҳи идоракунии сиёсӣ, чунин маҷмӯи санадҳо имконият медиҳад, ки ҳамкорӣ аз сатҳи изҳороти умумӣ ба сатҳи барномаҳои мушаххаси соҳавӣ гузарад.   Тоҷикистон дар сохтори геоиқтисодии Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим дорад. Кишвар бо Чин сарҳади мустақим дорад ва метавонад дар густариши пайвандҳои нақлиётӣ, тиҷоратӣ ва энергетикии минтақа нақши фаъол бозад. Аз ин рӯ, ҳамкории Тоҷикистону Чин на танҳо барои ду давлат, балки барои равандҳои васеи минтақавӣ низ аҳаммият дорад.   Рушди гузаргоҳҳои сарҳадӣ, роҳҳо, инфрасохтори логистикӣ ва савдои рақамӣ имкони зиёд намудани гардиши мол, беҳтар кардани дастрасӣ ба бозорҳо ва тақвияти иқтидори содиротии Тоҷикистонро фароҳам меорад. Дар ин самт гузаргоҳи Кулма метавонад ҳамчун яке аз унсурҳои муҳимми пайвастагии иқтисодии Тоҷикистон бо Чин ва бозорҳои васеътар арзёбӣ гардад.   Ҳамзамон, ҳамкории иқтисодӣ бояд бо принсипҳои манфиати мутақобила, шаффофият, ҳифзи муҳити зист ва рушди иҷтимоӣ ҳамоҳанг бошад. Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки ҳар як лоиҳаи калон ба рушди истеҳсолоти маҳаллӣ, зиёд шудани ҷойҳои корӣ, баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими мустақилияти иқтисодӣ мусоидат кунад.   Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 11 то 14 майи соли 2026 марҳалаи муҳимми рушди муносибатҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад. Мазмуни ин сафар нишон дод, ки шарикии Тоҷикистону Чин ба сатҳи нави ҳамкории ҳамаҷониба, амалгароёна ва дорои дурнамои дарозмуддат ворид шудааст.   Натиҷаҳои асосии таҳлил чунинанд: якум, санадҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии имзошуда заминаи институтсионалии шарикии стратегиро дар даврони нав таҳким медиҳанд; дуюм, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ метавонанд ба рушди инфрасохтор, саноат, содирот ва ҷойҳои корӣ мусоидат намоянд; сеюм, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ имкони гузариши тадриҷии Тоҷикистон ба иқтисоди донишбунёдро фароҳам меорад; чорум, робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ ҳамчун қисми муҳимми дипломатияи гуманитарӣ ба таҳкими эътимод ва омодасозии кадрҳои нав мусоидат мекунанд; панҷум, ҳамкории ду кишвар барои рушди пайвандҳои минтақавӣ ва суботи иқтисодии Осиёи Марказӣ аҳаммияти назаррас дорад.   Бо дарназардошти ин омилҳо, сафари мазкурро метавон ҳамчун рӯйдоди таърихӣ ва стратегӣ арзёбӣ намуд. Вазифаи минбаъда аз он иборат аст, ки санадҳои имзошуда ба барномаҳои мушаххас, лоиҳаҳои натиҷабахш ва дастовардҳои воқеии иҷтимоию иқтисодӣ табдил дода шаванд. Маҳз дар ҳамин сурат ҳамгироии Тоҷикистону Чин ба манфиати рушди миллӣ, таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ ва болоравии ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ хизмат хоҳад кард.   Сафарзода Даврон Ҷурахон, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    13

    15.05.2026
  •  img
    ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТИ ҒИЗОИ СОҲАВӢ Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» - Ташкилоти заминавии давлатҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои ғизои хонандагон баргузор гардид.   Дар маросими имзои созишнома муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир Бадриддин Музаффарзода, намояндагони вазорат, президенти Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» Владимир Чернигов ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.   Зимни суханронии худ муовини якуми вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи ҷониби Россия ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳими иҷтимоӣ, ташкили ғизои хонандагон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки имзои созишномаи ҳамкорӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими шарикӣ, густариши ҳамкориҳои касбӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб меравад.   Қайд гардид, ки масъалаи ғизои солим ва мутавозини кӯдакон бевосита ба саломатии насли наврас, самаранокии раванди таълим, рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии хонандагон алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи саломатии кӯдакон, беҳтар намудани шароити таҳсил ва такмили низоми ғизои мактабӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.   Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳамкории муштарак ба такмили низоми ғизои хонандагон, ҷорӣ намудани стандарту технологияҳои муосир, табодули таҷриба ва донишҳои коршиносӣ, такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва амалӣ мусоидат хоҳад кард.   Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди низоми ғизои мактабӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар назорати сифати ғизо, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадамро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Бояд гуфт, ки созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти такмили низоми ғизои мактабӣ, таҳияи ташаббусҳои муштарак, баргузории семинару конфронсҳо, омодасозии мутахассисон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст.   Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди низоми ғизои мактабӣ иброз намуданд.

    57

    14.05.2026